Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Суруди Сурудҳо 6 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ШАШУМ Шодии дидор.

1 Маҳбуби ту куҷо рафтааст, эй нозанинтарини занон? Маҳбуби ту ба куҷо рӯ овардааст? Ӯро бо ту ҷустуҷӯ хоҳем кард.

2 Маҳбуби ман ба боғи худ, ба пуштаҳои райҳон фурӯд омадааст, то ки дар боғот бичаронад ва савсанҳо бичинад.

3 Ман аз они маҳбуби худ ҳастам, ва маҳбуби ман аз они ман аст; ӯ дар миёни савсанҳо мечаронад.

4 Эй ёри ман! Ту мисли Тирсо нозанин, мисли Ерусалим зебо ва мисли фавҷҳои байрақдор саҳмгин ҳастӣ.

5 Чашмонатро аз ман дур соз, чунки онҳо маро ба ҳаяҷон меоваранд; мӯйҳоят мисли рамаи бузҳоест, ки аз Ҷилъод мавҷмонанд фурӯд меоянд.

6 Дандонҳоят мисли рамаи мешҳоест, ки аз шустан баромадаанд, ва ҳамаашон экизаквор ҷуфт‐ҷуфт мебошанд, ва нуқсоне дар онҳо нест.

7 Рухсорҳоят аз пушти бурқаи ту мисли нимаҳои анор аст.

8 Агарчи шаст нафар маликаҳо ва ҳаштод нафар сурриягон ҳастанд, ва дӯшизагон сону шумор надоранд,

9 Лекин кабӯтари ман, покизаи ман ягона аст: ӯ ягонаи модари худ, мумтози волидаи худ мебошад. Духтарон ӯро диданд ва ҳамду сано ба ӯ хонданд, маликаҳо ва сурриягон ӯро ситоиш карданд.

10 «Ин кист, ки мисли шафақи субҳ дурахшон аст, мисли моҳ нозанин аст, мисли офтоб тобон аст, мисли фавҷҳои байрақдор саҳмгин аст?»

11 Ба боғи чормағз фурӯд омадам, то ки сабзазори водиро тамошо кунам, то бубинам, ки оё ток гул кардааст, ва оё анор муғҷа кушодааст?

12 Надонистам, ки ҷони ман чӣ гуна маро ба аробаҳои наҷибони қавми ман ҷазб намуд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan