Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Суруди Сурудҳо 5 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ПАНҶУМ Овози домод.

1 Ба боги худ омадам, эй хоҳар ва арӯси ман! Мури худро бо атри худ чидам, шони худро бо асали худ хӯрдам, шароби худро бо шири худ нӯшидам. Эй ёрон, бихӯред! Эй маҳбубон, бинӯшед ва маст шавед!


Арӯс аз фироқ андӯҳгин аст ва ҷамоли домодро ситоиш мекунад.

2 Ман дар хоб ҳастам, вале дилам бедор аст; садое шунидам: маҳбуби ман дарро мекӯбад. «Барои ман бикшо, эй хоҳари ман, эй ёри ман, эй кабӯтари ман, эй покизаи ман! Чунки сарам аз шабнам, ва зулфҳоям аз рутубати шаб пур аст».

3 Пероҳанамро кашидаам; чӣ гуна онро бипӯшам? Пойҳоямро шустаам; чӣ гуна онҳоро чиркин кунам?

4 Маҳбуби ман дасташро аз сӯрохи дар дароз кард, ва дилам барои ӯ биошуфт.

5 Ман бархостам, то ки барои маҳбуби худ бикшоям, ва аз дастам мур чакид, ва аз ангуштҳоям мури покиза бар дастаи қуфл чакид.

6 Ман барои маҳбуби худ кушодам, вале маҳбуби ман сар тофта рафта буд. Вақте ки сухан гуфт, ҷонам дар изтироб афтод; ӯро ҷустуҷӯ кардам, вале ӯро наёфтам; ӯро ҷеғ задам, вале ба ман ҷавоб нагардонд.

7 Посбонҳое ки дар шаҳр гаштугузор мекунанд, маро ёфтанд; маро заданд, маро захмдор карданд; посбонҳои ҳисорҳо сарандози маро аз сарам кашида гирифтанд.

8 Эй духтарони Ерусалим! Шуморо қасам медиҳам, ки агар маҳбуби маро биёбед, ба ӯ бигӯед, ки ман барои муҳаббат бемор ҳастам.

9 «Маҳбуби ту аз маҳбубони дигар чӣ хубӣ дорад, эй нозанинтарини занон? Маҳбуби ту аз маҳбубони дигар чӣ бартарӣ дорад, ки моро чунин қасам медиҳӣ?»

10 Маҳбуби ман сафедпӯст ва сурхрухсор аст, бар беваре баланд бардошта шудааст.

11 Сари ӯ зари сурхи холис аст; зулфҳояш марғӯладор ва мисли зоғ сиёҳ аст.

12 Чашмонаш мисли кабӯтарони назди маҷроҳои об аст, ки дар шир ғусл мекунанд ва бар ҷӯйбори пуроб менишинанд.

13 Рухсорҳояш пуштаҳои райҳон, парваришгоҳи гиёҳҳои атрафшон аст; лабҳояш савсанҳост, ки аз онҳо мури покиза мечакад.

14 Дастҳояш лӯлаҳои тиллост, ки бо забарҷад мурассаъ шудааст; баданаш ҳайкале аз оҷ аст, ки аз ёқути кабуд хотамкорӣ дорад.

15 Соқҳояш сутунҳои мармар аст, ки бар пояҳои зари холис таъсис ёфтааст; шамоилаш мисли Лубнон аст, мисли арз боҳашамат аст.

16 Даҳонаш ширинсухан аст, ва ӯ сар то по фаттон аст; чунин аст маҳбуби ман, ва чунин аст ёри ман, эй духтарони Ерусалим!

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan