Суруди Сурудҳо 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРУМ Домод дар бораи фазилатҳои арӯс сухан меронад. 1 Инак, ту нозанин ҳастӣ, эй ёри ман! Инак, ту нозанин ҳастӣ! Чашмонат аз пушти бурқаи ту мисли чашмони кабӯтар аст; мӯйҳоят мисли рамаи бузҳоест, ки аз кӯҳи Ҷилъод мавҷзанон фурӯд меоянд. 2 Дандонҳоят мисли рамаи мешҳои пашмбуридаест, ки аз шустан баромадаанд, ва ҳамаашон экизаквор ҷуфт‐ҷуфт мебошанд, ва нуқсоне дар онҳо нест. 3 Лабҳоят мисли риштаи қирмизӣ аст, ва даҳонат зебост; рухсорҳоят аз пушти бурқаи ту мисли нимаҳои анор аст. 4 Гарданат мисли бурҷи Довуд аст, ки барои кӯрхона бино ёфтааст; ҳазор сипар, — ҳамаи сипарҳои паҳлавонон, — бар он овезон аст. 5 Ду пистонат мисли ду оҳубараи экизаки модаоҳу мебошад, ки дар миёни савсанҳо мечаранд. 6 То вақте ки субҳ бидамад, ва сояҳо бигрезад, ба кӯҳи мур ва ба тали лодан хоҳам рафт. 7 Ту сар то по нозанин ҳастӣ, эй ёри ман! Ва нуқсоне дар ту нест. 8 Аз Лубнон бо ман, эй арӯс, аз Лубнон бо ман биё! Аз қуллаи Амона, аз қуллаи Сенир ва Ҳермӯн, аз лонаҳои шерон, аз кӯҳҳои баброн назар андоз. 9 Дили маро рабудаӣ, эй хоҳар ва арӯси ман! Бо як нигоҳи чашмони худ, бо як тавқе ки бар гардани туст, дили маро рабудаӣ. 10 Чӣ хуш аст ишқбозиҳои ту, эй хоҳар ва арӯси ман! Чӣ хубтар аст ишқбозиҳои ту аз шароб, ва роиҳаи равғанҳои атрафшони ту аз тамоми атриёт! 11 Аз лабҳоят шаҳд мечакад, эй арӯс! Асал ва шир дар таҳти забони туст, ва роиҳаи пероҳанат мисли роиҳаи Лубнон аст. 12 Хоҳар ва арӯси ман боғи дарбаста, чашмаи қуфлкарда, манбаи мӯҳрзада мебошад. 13 Ниҳолҳоят фирдавси анорҳост бо дарахтони меваи хуштаъм; гулҳои ҳиност бо сунбулҳо; 14 Сунбул ва заъфар, наи атрогин ва дорчин аст бо ҳар навъ дарахтони лодан; мур ва уд аст бо ҳар гуна атриёти сара. 15 Чашмаи боғот ва чоҳи оби зинда аст, ки аз Лубнон ҷорист. Ҷавоби арӯс. 16 Эй боди шимолӣ, бархез! В‐эй боди ҷанубӣ, биё! Бар боғи ман биваз, то ки атрҳояш паҳн шавад, маҳбуби ман ба боғи худ биёяд ва меваҳои хуштаъми худро бихӯрад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden