Суруди Сурудҳо 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ Садоқатмандии ёр. 1 Шабонгоҳ бар бистари худ ӯро, ки ҷонам дӯст медорад, ҷустуҷӯ кардам; ӯро ҷустуҷӯ кардам, вале ӯро наёфтам. 2 Пас, бархоста, дар шаҳр, дар кӯчаҳо ва майдонҳо гардиш мекунам; ӯро, ки ҷонам дӯст медорад, ҷустуҷӯ мекунам; ӯро ҷустуҷӯ кардам, вале ӯро наёфтам. 3 Посбонҳое ки дар шаҳр гаштугузор мекунанд, маро ёфтанд. «Оё ӯро, ки ҷонам дӯст медорад, дидаед?» 4 Навакак аз пеши онҳо гузашта будам, ки ӯро, ки ҷонам дӯст медорад, ёфтам; ӯро дошта гирифтам, ва ӯро сар надодам, то вақте ки ӯро ба ҳавлии модари худ ва ба ҳуҷраи волидаи худ овардам. 5 Эй духтарони Ерусалим! Шуморо ба оҳувон ё ғизолони саҳро қасам медиҳам, ки маҳбубамро, то вақте ки худаш хоҳад, бедор накунед ва аз хоб нахезонед. 6 Ин кист, ки аз биёбон мисли сутунҳои дуд сууд менамояд, ва аз бухури мур ва лодан ва ҳар навъ хокаи атрафшони резаворфурӯш муаттар шудааст? 7 Инак тахти равони Сулаймон! Шаст нафар паҳлавонон дар гирди он, аз паҳлавонони Исроил. 8 Ҳамаи онҳо шамшердор ва ҷангозмуда мебошанд; шамшери ҳар яке, аз бими шаб, бар рони ӯст. 9 Сулаймони подшоҳ тахти равоне барои худ аз дарахтони Лубнон сохтааст; 10 Сутунҳои онро аз нуқра, соябони онро аз тилло, нишемангоҳи онро аз арғувон сохтааст; даруни он бо муҳаббати духтарони Ерусалим ороиш ёфтааст. 11 Эй духтарони Сион! Берун оед ва Сулаймони подшоҳро бубинед, бо тоҷе ки модараш дар рӯзи тӯи арӯсии ӯ, ва дар рӯзи шодмонии дили ӯ бар сари ӯ ниҳодааст. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden