Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Суруди Сурудҳо 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДУЮМ Арӯс ба вохӯрӣ бо домод муштоқ аст.

1 Ман наргиси Шорӯн, савсани водиҳо ҳастам.

2 Чунон ки савсан дар миёни хорҳост, ончунон ёри ман дар миёни духтарон аст.

3 Чунон ки дарахти себ дар миёни дарахтони ҷангал аст, ончунон маҳбуби ман дар миёни амрадон аст; дар сояи ӯ бо иштиёқ нишастам, ва меваи ӯ барои коми ман ширин аст.

4 Ӯ маро ба шаробхона овард, ва байрақи ӯ бар сари ман муҳаббат аст.

5 Маро бо кулчаҳои мавизӣ қувват бахшед, маро бо себҳо тақвият диҳед! Зеро ки ман барои муҳаббат бемор ҳастам.

6 Дасти чапаш дар таги сари ман аст, ва дасти росташ маро ба оғӯш мекашад.

7 Эй духтарони Ерусалим! Шуморо ба оҳувон ё ғизолони саҳро қасам медиҳам, ки маҳбубамро, то вақте ки худаш хоҳад, бедор накунед ва аз хоб нахезонед.

8 Овози маҳбуби ман аст! Инак, ӯ меояд! Бар кӯҳҳо ҷастухез мекунад, бар талҳо мепарад.

9 Маҳбуби ман мисли оҳу ё барраи ғизолон аст; инак, ӯ дар пушти тавораи мо истодааст, аз тирезаҳо назар меандозад, аз равзанҳо менигарад.

10 Маҳбуби ман ба сухан оғоз намуда, ба ман гуфт: «Эй ёри ман, эй нозанини ман, бархез ва биё!

11 Инак, зимистон гузашт, борон аз бориш монда, абрҳо рафт.

12 Муғчаҳо бар замин намудор шуд, вақти хониши паррандагон расид, ва овози қумрӣ дар кишвари мо шунида мешавад;

13 Дарахти анҷир бор гирифтааст, ва токҳо ғӯра баста, роиҳаи хуш медиҳад. Эй ёри ман, эй нозанини ман, бархез ва биё!

14 Эй кабӯтари ман, ки дар сӯрохҳои сахра, дар ниҳонгоҳи суфакӯҳ қарор гирифтаӣ! Чеҳраи худро ба ман нишон деҳ, овози худро ба ман бишнавон, зеро ки овози ту хуш аст, ва чеҳраи ту зебост».

15 Шағолҳоро — шағолҳои хурдеро, ки ба токзорҳо зарар меоваранд, — барои мо дастгир кунед, чунки токзорҳои мо ғӯра бастааст.

16 Маҳбуби ман аз они ман аст, ва ман аз они ӯ; ӯ дар миёни савсанҳо мечаронад.

17 То вақте ки субҳ бидамад, ва сояҳо бигрезад, эй маҳбуби ман, баргард, бар кӯҳпораҳо мисли оҳу ё барраи ғизолон бош.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan