Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Суруди Сурудҳо 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЯКУМ Муоширати шодиёнаи домод ва арӯс.

1 Суруди сурудҳо, ки аз они Сулаймон аст.

2 Кошки маро бо бӯсаҳои даҳони худ бибӯсад! Зеро ки ишқбозиҳои ту аз шароб хубтар аст.

3 Равғанҳои атрафшони ту барои бӯидан хуб аст; исми ту мисли равғани атрафшони рехта мебошад; бинобар ин дӯшизагон туро дӯст медоранд.

4 Маро аз қафои худ бикаш, то ки бидавем, — подшоҳ маро ба ҳуҷраҳои худ овард, — аз ту ба ваҷд оем ва шодӣ кунем, ишқбозиҳои туро бештар аз шароб ситоиш намоем. Туро сазоворона дӯст медоранд.

5 Эй духтарони Ерусалим! Ман сиёҳ ҳастам, вале зебо, мисли хаймаҳои Қедор, мисли пардаҳои Сулаймон.

6 Ба он нигоҳ накунед, ки ман сиёҳтоб ҳастам, зеро ки офтоб маро сӯзонд: писарони модарам ба ман хашм гирифтанд, маро дидбони токзорҳо карданд; лекин токзори худро натавонистам дидбонӣ намоям.

7 Эй он ки ҷонам туро дӯст медорад! Ба ман бигӯй, ки дар куҷо мечаронӣ? Пешингоҳон рамаро куҷо мехобонӣ? Чаро назди рамаҳои рафиқони ту мисли зани гумроҳе бошам?

8 Эй нозанинтарини занон! Агар надонӣ, аз паи рама берун ой, ва бузғолаҳоятро назди масканҳои чӯпонон бичарон.

9 Эй ёри ман! Туро ба аспе ки дар аробаи фиръавн аст, монанд кардам.

10 Чӣ зебост рухсорҳои ту дар миёни зеварҳо, гардани ту бо гарданбанд!

11 Шилшилаҳои тилло бо пулакчаҳои нуқра барои ту хоҳем сохт.

12 То вақте ки подшоҳ бар нишемангоҳи худ буд, сунбули ман роиҳаи худро медод.

13 Маҳбуби ман барои ман таблаи мур аст, ки дар миёни пистонҳоям мехобад.

14 Маҳбуби ман барои ман шингили гули ҳиност, ки дар токзорҳои Айн‐Ҷадӣ месабзад.

15 Инак, ту нозанин ҳастӣ, эй ёри ман! Инак, ту нозанин ҳастӣ! Чашмонат мисли чашмони кабӯтар аст.

16 Инак, ту нозанин ҳастӣ, эй маҳбуби ман! Низ дилпазир ҳастӣ; низ ҳаҷлаи мо сабзу хуррам аст.

17 Болорҳои хонаи мо арзҳост; вассаҳои мо сарвҳост.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan