Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Сафаниё 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СЕЮМ Таназзули ахлоқ дар Ерусалим дар айёми набӣ.

1 Вой ба ҳоли шаҳри палид ва наҷиси ситампеша!

2 Вай овозро намешунавад, пандро намепазирад, ба Худованд таваккал намекунад, ба Худои худ наздик намешавад.

3 Сарваронаш андаруни вай шерони ғурранда, доваронаш гургони шабгард мебошанд, ки то субҳ устухонеро боқӣ намегузоранд.

4 Анбиёяш шахсони сабукмағз ва ғаддор ҳастанд; коҳинонаш қудсро палид, ва шариатро хор мекунанд.

5 Худованд андаруни вай одил аст, ноинсофӣ намекунад; ҳар субҳ доварии Худро ошкоро зоҳир месозад, пай дарҳам амал мекунад, вале шахси ноинсоф шармро намедонад.

6 Ман халқҳоро маҳв намудаам, ба дараҷае ки бурҷҳошон вайрон гардидааст; кӯчаҳошонро чунон хароб кардаам, ки касе аз онҳо намегузарад; шаҳрҳошон тавре валангор шудааст, ки касе дар онҳо нест, сокине боқӣ намондааст.

7 Гуфтам: «Кошки аз Ман метарсидӣ, ва пандро қабул мекардӣ»; ва дар он сурат маскани вай маҳв намешуд, ва ҳар он чи дар ҳаққи вай амр фармуда будам, ба амал намеомад; лекин онҳо барои бад кардани тамоми амалиёти худ шитофтанд.

8 «Бинобар ин Маро», мегӯяд Худованд, «интизор бошед, то рӯзе ки барои шоҳидӣ бархезам, зеро ҳукми Ман ин аст, ки халқҳоро ҷамъ кунам, ва мамлакатҳоро фароҳам оварам, то ки ғазаби Худро, тамоми шиддати хашми Худро бар онҳо бирезам, зеро ки тамоми замин бо оташи рашки Ман фурӯ бурда хоҳад шуд.

9 Зеро ки он вақт ба қавмон забони поке хоҳам бахшид, то ки ҳамаашон исми Худовандро бихонанд, ва Ӯро якдилона ибодат намоянд.

10 Аз он тарафи наҳрҳои Ҳабаш парастишкунандагони Ман, фарзандоне ки Ман пароканда кардаам, ҳадияе барои Ман хоҳанд овард.

11 Дар он рӯз ту аз тамоми амалиёти худ, ки бо он пеши Ман гуноҳ кардаӣ, хиҷил нахоҳӣ шуд, зеро ки он вақт Ман мутакаббирони пурсурури туро аз даруни ту дур хоҳам кард, ва ту дигар дар кӯҳи муқаддаси Ман такаббур нахоҳӣ намуд.

12 Ва ман андаруни ту қавми фурӯтан ва бенаворо боқӣ хоҳам гузошт, ва онҳо ба исми Худованд паноҳ хоҳанд бурд.

13 Бақияи Исроил ноинсофӣ нахоҳанд кард, ва дурӯғ нахоҳанд гуфт, ва дар даҳонашон забони фиребгарона ёфт нахоҳад шуд, зеро ки худашон чаро карда, хоҳанд хобид, ва касе онҳоро безобита нахоҳад кард».


Худованд бар Ерусалим марҳамат намуд.

14 Тараннум намо, эй духтари Сион! Нидоҳои шодмонӣ бидеҳ, эй Исроил! Аз тамоми дил шодӣ ва хурсандӣ бикун, эй духтари Ерусалим!

15 Худованд азиятҳои туро дур карда, душманонатро аз миён бардоштааст; Худованд, ки подшоҳи Исроил аст, андаруни туст, ва ту дигар бадӣ нахоҳӣ дид.

16 Дар он рӯз ба Ерусалим гуфта хоҳад шуд: «Натарс!» ва ба Сион: «Бигзор дастҳоят суст нашавад!»

17 Худованд Худои ту андаруни туст, Ӯ ҷаббор аст, ва наҷот хоҳад дод; дар ҳаққи ту бо шодмонӣ дилхуш хоҳад шуд, дар муҳаббати Худ хомӯш хоҳад монд, дар ҳаққи ту бо тараннум шодӣ хоҳад кард.

18 «Онҳоеро, ки аз ҷиҳати идҳо ғамгинанд, Ман ҷамъ хоҳам кард, — онҳо аз ту дур буданд, ва бори нанги ту насибашон гардида буд.

19 Инак, Ман дар он замон ҳамаи онҳоеро, ки бар ту ситам мекарданд, ба танг хоҳам овард, ва лангонро наҷот хоҳам дод, ва рондашудагонро фароҳам хоҳам овард, ва онҳоро дар ҳар кишваре ки гирифтори нанг буданд, соҳиби иззат ва шӯҳрат хоҳам гардонид.

20 Дар он замон шуморо хоҳам овард, ва дар он замон шуморо ҷамъ хоҳам кард, зеро ки шуморо дар миёни ҳамаи қавмони замин соҳиби шӯҳрат ва иззат хоҳам гардонид, вақте ки асирони шуморо пеши назари шумо баргардонам», мегӯяд Худованд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan