Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Сафаниё 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДУЮМ Муроҷиат ба бақия бо даъват, ки тавба кунанд.

1 Барои тавба ҷамъ шавед ва фароҳам оед, эй халқи беҳаё,

2 Пеш аз он ки ҳукми ҷазо ба амал ояд, — чунки рӯз мисли пари коҳ зуд гузашта меравад, — пеш аз он ки шиддати хашми Худованд бар шумо фурӯд ояд, пеш аз он ки рӯзи ғазаби Худованд бар шумо фурӯд ояд.

3 Худовандро биталабед, эй ҳамаи ҳалимони замин, ки аҳкоми Ӯро ба ҷо меоваред; адолатро биталабед, фурӯтаниро биталабед, — шояд, ки дар рӯзи хашми Худованд тавонед пинҳон шавед.


Доварӣ бар халқҳо.

4 Зеро ки Ғазза тарк карда хоҳад шуд, ва Ашқалӯн ба харобазор табдил хоҳад ёфт; аҳли Ашдӯд нимирӯзӣ бадар ронда хоҳанд шуд, ва Эқрӯн решакан хоҳад гардид.

5 Вой ба ҳоли халқи критиён, ки сокинони минтақаи баҳр мебошанд! Каломи Худованд дар ҳаққи шумост, эй Канъон, замини фалиштиён! Ва Ман туро нест хоҳам кард, ба дараҷае ки сокине дар ту боқӣ нахоҳад монд.

6 Ва минтақаи баҳр мавзеи чоҳҳои чӯпонон ва кӯраҳои гӯсфандон хоҳад шуд.

7 Ва ин минтақа барои бақияи хонадони Яҳудо хоҳад буд, то ки дар он ҷо чаро кунанд; шабонгоҳ дар хонаҳои Ашқалӯн хоҳанд хобид, зеро ки Худованд Худояшон онҳоро тафаққуд намуда, асиронашонро хоҳад баргардонид.

8 «Дашноми Мӯоб ва ҳақоратҳои банӣ‐Аммӯнро шунидаам, ки қавми Маро таҳқир намуда, дар ҳудуди онҳо калонигарӣ мекарданд.

9 Бинобар ин ба ҳаёти Худам қасам», мегӯяд Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, «ки замини Мӯоб мисли Садӯм ва замини банӣ‐Аммӯн мисли Амӯро хоҳад шуд, мавзеи хорҳо, ва кони намак, ва харобазори абадӣ хоҳад гардид; бақияи қавми Ман онҳоро тороҷ хоҳанд кард, ва боқимондагони халқи Ман онҳоро ба тасарруфи худ хоҳанд даровард».

10 Ин ба сари онҳо аз боиси кибрашон хоҳад омад, зеро ки дар ҳаққи қавми Худованди лашкарҳо таҳқир ва калонигарӣ карданд.

11 Худованд бар онҳо саҳмгин хоҳад буд, зеро ки Ӯ ҳамаи худоёни заминро маҳв хоҳад кард, ва ҳамаи халқҳои сокини ҷазираҳо, ҳар яке аз макони худ, ба Ӯ саҷда хоҳанд кард.

12 «Шумо низ, эй ҳабашиён, бо шамшери Ман кушта хоҳед шуд».

13 Ва Ӯ дасти Худро бар шимол дароз карда, Ашшурро маҳв хоҳад намуд, ва Нинверо ба харобазоре, ба саҳрои хушке ки мисли биёбон бошад, табдил хоҳад дод.

14 Ва андаруни он галаҳои сершумори ҳар навъ ҳайвонот хоҳанд хобид, ва мурғи саққо, ва хорпушт бар болодариҳои он ҷойгир хоҳанд шуд; садои хониши паррандагон аз тирезаҳояш ба гӯш хоҳад расид, ва харобӣ бар остонаҳояш намоён хоҳад буд, зеро ки чӯбҳои арзи рӯйбасти онҳо вайрон шудааст.

15 Ин шаҳри пурсурур, ки бепарвоёна умр ба сар бурда, дар дили худ мегуфт: «Ман ҳастам, ва ғайр аз ман дигаре нест», чӣ гуна хароб гардида, ба маскани ҳайвонот табдил ёфтааст! Ҳар касе ки аз пеши он бигзарад, ба ҳоли он ҳуштак зада, даст хоҳад афшонид.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan