Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Сафаниё 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЯКУМ Доварӣ бар Яҳудо — тимсоли рӯзи ояндаи Худованд.

1 Каломи Худованд, ки бар Сафаниё ибни Кушӣ, ибни Ҷадальё, ибни Амарьё, ибни Ҳизқиё, дар айёми Йӯшиё ибни Омӯн, подшоҳи Яҳудо, нозил шуд.

2 «Ҳамаро аз рӯи замин тамоман маҳв мекунам», мегӯяд Худованд.

3 «Одамизод ва чорпоёнро маҳв мекунам, мурғони ҳаво ва моҳиёни баҳр, ва асбоби васвасаро бо якҷоягии шарирон маҳв мекунам; ва одамизодро аз рӯи замин нест мекунам», мегӯяд Худованд.

4 «Ва дасти Худро бар Яҳудо ва бар ҳамаи сокинони Ерусалим дароз мекунам, ва бақияи Баал, ва номҳои пешвоёни бутпарастонашро бо якҷоягии коҳинонаш нест мекунам;

5 Ва онҳоеро низ, ки бар бомҳо ба лашкари осмон сачда мекунанд, ва онҳоеро, ки сачда карда, ба Худованд қасам мехӯранд ва ба Милкум қасам мехӯранд,

6 Ва онҳоеро низ, ки аз Худованд гаштаанд, яъне Худовандро намеҷӯянд ва Ӯро наметалабанд».

7 Ба ҳузури Худованд Худо хомӯш бош! Зеро ки рӯзи Худованд наздик аст; зеро ки Худованд қурбоние тайёр кардааст, даъватшудагони Худро тақдис намудааст.

8 «Ва дар рӯзи қурбонии Худованд чунин воқеъ хоҳад шуд, ки Ман сарварон, ва писарони подшоҳ, ва ҳамаи онҳоеро, ки либоси бегона мепӯшанд, муҷозот хоҳам намуд.

9 Ва дар он рӯз ҳамаи онҳоеро, ки аз остона ҷаста мегузаранд, ва хонаи оғои худро аз ситам ва макр пур мекунанд, муҷозот хоҳам намуд».

10 «Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд», мегӯяд Худованд, «ки садои фиғон аз дарвозаи моҳиён, ва вовайло аз маҳаллаи дуюм, ва шикастагии бузурге аз болои пуштаҳо ба гӯш хоҳад расид.

11 Вовайло кунед, эй сокинони Мактеш, зеро ки тамоми қавми тоҷир маҳв гардидаанд, ҳамаи нуқраандӯзон нест шудаанд.

12 Ва дар он вақт чунин воқеъ хоҳад шуд, ки Ман Ерусалимро бо чароғҳо тафтиш хоҳам кард, ва шахсонеро, ки бар дурди худ нишаста, дар дили худ мегӯянд: „Худованд на некӣ мекунад ва на бадӣ“, муҷозот хоҳам намуд.

13 Ва дороии онҳо ба ғанимат гирифта ва хонаҳои онҳо валангор хоҳад шуд; ва хонаҳо бино хоҳанд кард, вале дар онҳо сокин нахоҳанд шуд, ва токҳо хоҳанд шинонид, вале шароби онҳоро нахоҳачд нӯшид».

14 Рӯзи бузурги Худованд наздик аст, он наздик аст ва хело мешитобад: садои рӯзи Худованд ба гӯш мерасад! Он гоҳ баҳодур ҳам фиғони талх хоҳад бардошт.

15 Он рӯз рӯзи ғазаб аст, рӯзи тангӣ ва мусибат, рӯзи вайронӣ ва харобӣ, рӯзи торикӣ ва зулмот, рӯзи абр ва меғ,

16 Рӯзи шох ва нидоҳо бар шаҳрҳои ҳисордор ва бар бурҷҳои баланд.

17 Ва Ман одамонро ба танг меоварам, ва онҳо мисли кӯрон роҳ хоҳанд рафт, зеро ки пеши Худованд гуноҳ кардаанд; ва хунашон мисли ғубор, ва гӯшташон мисли саргин рехта хоҳад шуд.

18 На нуқраи онҳо, на тиллои онҳо дар рӯзи ғазаби Худованд онҳоро наметавонад наҷот диҳад, ва бо оташи рашки Ӯ тамоми замин фурӯ бурда хоҳад шуд, зеро ки ҳалокате, он ҳам ҳалокати ногаҳоние, Ӯ бар ҳамаи сокинони замин хоҳад овард.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan