Румиён* 9 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ НӮҲУМ Роҳҳои мӯъҷизаосои Худо бо Исроил. 1. Фарзанди Худо будан ба ваъдаҳои Худо асос меёбад, лекин на ба пайдоиши табиӣ. 1 Дар Масеҳ рост мегӯям, дурӯғ намегӯям, виҷдонам дар Рӯҳулқудс бо ман шаҳодат медиҳад, 2 Ки ғуссаи бузургест барои ман, ва сӯзи дили ман поён надорад: 3 Зеро ман мехостам, ки ба хотири бародаронам, ки ба ҳасби ҷисм хешони мананд, худам аз Масеҳ маҳрум шавам. 4 Онҳо исроилиёнанд; фарзандхондагӣ ва ҷалол, аҳдҳо ва шариат, ибодат ва ваъдаҳо ба онҳо тааллуқ доранд; 5 Ва падарон аз онҳоянд, ва аз онҳо Масеҳ ба ҳасби ҷисм ба ҷаҳон омадааст, ки Худо бар ҳама ва то абад муборак аст, омин. Ваъдаҳои Худо фақат ба Исроили ҳақиқӣ дахл доранд. 6 Аммо чунин нест, ки каломи Худо аз эътибор соқит шуда бошад. Зеро на ҳама исроилиянд, ки аз Исроил бошанд, 7 Ва на ҳама фарзандони Иброҳиманд, ки наслаш ҳастанд; балки «насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳад шуд». 8 Яъне на ҳамаи фарзандони ҷисм фарзандони Худо ҳастанд; балки фарзандони ваъда насл ҳисоб меёбанд. 9 Зеро ки каломи ваъда чунин аст: «Дар ҳамин вақт хоҳам баргашт, ва Сороро писаре хоҳад шуд». 10 Ва на фақат ин, балки ба Ривқо низ ҳамин тавр шуд, вақте ки вай аз яке, яъне аз падарамон Исҳоқ ба як шикам ду писарро ҳомила буд. 11 Зеро ки пеш аз таваллуди онҳо, ки ҳанӯз ҳеҷ амали неке ё баде накарда буданд, — барои он ки пешбинии Худо дар интихобашон на аз аъмол, балки аз Даъваткунанда содир шавад, — 12 Ба вай гуфта шуд: «Калонӣ ба хурдӣ хизмат кунад», 13 Чунон ки навишта шудааст: «Яъқубро Ман дӯст доштам, аммо Эсовро бад дидам». 3. Марҳамати Худо ба иродаи муқаддаси Ӯ вобаста аст. 14 Пас чӣ гӯем? Магар назди Худо беинсофӣ ҳаст? Ба ҳеҷ ваҷҳ. 15 Зеро ки Ӯ ба Мусо мегӯяд: «Ҳар киро марҳамат кардан хоҳам, марҳамат мекунам; ба ҳар кӣ раҳм кардан хоҳам, раҳм мекунам». 16 Пас, гап на дар он кас аст, ки майл дорад ва саъю кӯшиш мекунад, балки дар марҳамати Худост. 17 Зеро ки Навиштаҳо ба фиръавн мегӯяд: «Барои он Ман туро ба по гузоштаам, ки қуввати Худро бар ту нишон диҳам, то ки исми Ман дар тамоми ҷаҳон интишор ёбад». 18 Пас, Ӯ ҳар киро хоҳад, марҳамат мекунад, ва ҳар киро хоҳад, сангдил мегардонад. 19 Ту ба ман ҳоҳӣ гуфт: «Пас чаро Ӯ боз мазаммат мекунад? Зеро кист, ки ба иродаи Ӯ муқобилат карда тавонад?» 20 Аммо ту кистӣ, эй одамизод, ки бо Худо баҳсу мунозира мекунӣ? Оё маснӯъ ба сонеъ мегӯяд: «Чаро маро чунин соҳтӣ?» 21 Оё кӯзагар ихтиёр надорад, ки аз айни як гил зарфе барои истеъмолоти олӣ ва зарфи дигаре барои истеъмолоти паст бисозад? 22 Пас, чӣ ҷои баҳс аст, ки агар Худо, бо мақсади нишон додани ғазаби Худ ва зоҳир сохтани иқтидори Худ, зарфҳои ғазабро, ки барои ҳалокат сохта шудаанд, бо пурсабрии азиме таҳаммул карда бошад, 23 То ки фаровонии ҷалоли Худро бар зарфҳои марҳамат, ки Ӯ пешакӣ онҳоро барои ҷалол омода кардааст, зоҳир созад. 24 Ва он зарфҳои марҳамат моем, ки Ӯ моро на фақат аз байни яҳудиён, балки аз байни халқҳо ҳам даъват намудааст, 4. Мувофиқи пешгӯиқои анбиё фақат «бақияи» исроилиёни имондор наҷот хоҳанд ёфт. 25 Чунон ки дар Ҳушаъ низ мегӯяд: «Онҳоеро, ки қавми Ман нестанд, қавми Худ хоҳам хонд, ва онро, ки маҳбуба нест, маҳбуба хоҳам ҳонд; 26 Ва дар он ҷое ки ба онҳо гуфта шудааст: „Шумо қавми Ман нестед, онҳо фарзандони Худои Ҳай номида хоҳанд шуд“». 27 Ва Ишаъё дар бораи Исроил нидо мекунад, ки: «Агар шумораи банӣ‐Исроил мисли реги баҳр бошад ҳам, бақияе наҷот хоҳад ёфт; 28 Зеро ки Худованд коре ба итмом мерасонад ва ба зудӣ аз рӯи адолат ҳал мекунад, кори қатъие бар замин анҷом медиҳад». 29 Ва чунон ки Ишаъё пешгӯӣ кардааст: «Агар Худованди лашкарҳо барои мо насле боқӣ намегузошт, мо мисли Садӯм мешудем ва ба Амӯро монандӣ медоштем». 5. Гуноҳи Исроил: вай мавъизаро дар бораи сафед шудан бо имон мункир шуд. 30 Пас чӣ гӯем? Халқҳое ки дар паи адолат набуданд, адолат ба даст оварданд: адолате ки аз имон аст; 31 Аммо Исроил, ки дар паи шариати адолат буд, ба шариати адолат нарасид. 32 Чаро? Чунки онро на дар имон, балки дар аъмол толиб шуданд. Онҳо ба санги пешпое пешпо хӯрданд, 33 Чунон ки навишта шудааст: «Инак, дар Сион санги пешпо ва сахраи васваса мегузорам, ва ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, хиҷил нахоҳад шуд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden