Румиён* 12 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУВОЗДАҲУМ Ҳаёти имондорон хизматгузорӣ ба Худост. 1 Пас, шуморо, эй бародарон, ба марҳамати Худо даъват менамоям, ки ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин хоҳад буд; 2 Худро ба ин дуньё ҳамшакл насозед, балки ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред, то дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист. Бахшоишҳои файзи Худо дар хизматгузорӣ ба калисост. 3 Зеро ба ҳасби файзе ки ба ман ато шудааст, ба ҳар яке аз шумо мегӯям: дар ҳаққи худатон бештар аз он чи шоён аст, фикр накунед, балки хоксорона, ба андозаи имоне ки Худо ба ҳар кас насиб кардааст, фикр ронед. 4 Зеро, чунон ки дар як бадан андоми бисьёре дорем, лекин на ҳамаи андомҳо айни як корро ба ҷо меоваранд, 5 Ҳамчунин мо, ки бисьёрем, як баданро дар Масеҳ ташкил мекунем, аммо ҳар яке ба танҳоӣ андоми якдигарем; 6 Ва ба ҳасби файзе ки ба мо дода шудааст, атоҳои гуногун дорем: агар атои нубувват дошта бошӣ, ба андозаи имон нубувват кун; 7 Агар атои хизмат дошта бошӣ, бо хизматгузорӣ машғул шав; агар касе муаллим бошад, бо таълим машғул шавад; 8 Агар касе воиз бошад, бо мавъиза машғул шавад; ҳар кӣ бахшанда аст, бо саховат бахшиш диҳад; ҳар кӣ сардор аст, бо ҷидду ҷаҳд сардорӣ кунад; ҳар кӣ эҳсонкор аст, бо меҳрубонӣ некӣ кунад. Мушоракати бародарӣ. 9 Муҳаббати шумо бигзор бе риёкорӣ бошад; аз бадӣ нафрат кунед, ба некӣ бичаспед; 10 Якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред; ва ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед; 11 Ҷидду ҷаҳдро суст накунед; рӯҳи пурҳарорат дошта бошед; Худовандро бандагӣ намоед. 12 Аз умедворӣ тасаллӣ ёбед; дар мусибат пуртоқат бошед; ҳамеша дуо гӯед. 13 Дар рафъи эҳтиёҷоти муқаддасон иштирок кунед; дар меҳмоннавозӣ бикӯшед. 14 Баракат бихоҳед барои онҳое ки шуморо таъқиб мекунанд: баракат бихоҳед, вале лаънат нахонед. 15 Бо шодикунандагон шодӣ кунед, бо гирьякунандагон гирья кунед. 16 Бо якдигар ҳамфикр бошед; ҳавобаландӣ накунед, балки бо ҳакирон муошират намоед; худро доно мапиндоред. Муҳаббати масеҳӣ бадиро бо некӣ мағлуб мекунад. 17 Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ, бадӣ накунед; пеши тамоми мардум дар паи некӣ бошед. 18 Ба қадри имкон, то ҳадде ки ба шумо вобаста аст, бо ҳамаи одамон мувосо кунед. 19 Эй маҳбубон, интиқоми худро нагиред, балки ба ғазаби илоҳӣ вогузор кунед; зеро ки навишта шудааст: «Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод, мегӯяд Худованд». 20 Пас, агар душманат гурусна бошад, шикамашро сер кун; агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ; зеро ки бо чунин рафторат бар сари ӯ оташпораҳо фурӯ хоҳӣ рехт. 21 Ба бадӣ мағлуб нашав, балки бадиро бо некӣ мағлуб кун. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden