Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ошкорсозӣ* 8 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАШТУМ Мӯҳри ҳафтум — хомӯшӣ.

1 Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри ҳафтумро бардошт, дар осмон тақрибан ним соат хомӯшӣ барқарор шуд.


Шаш карнаи аввалин. Фаришта бо маҷмари тилло дуоҳои ҳамаи муқаддасонро ба забон меронад.

2 Ва ҳафт фариштаро дидам, ки дар пеши Худо истодаанд, ва ба онҳо ҳафт карнай дода шудааст.

3 Ва фариштаи дигаре омада, назди қурбонгоҳ истод, дар ҳолате ки маҷмари тилло дар дасташ буд; ва ба вай бухури бисьёре дода шудааст, то ки онро бо дуоҳои ҳамаи муқаддасон бар қурбонгоҳи пеши тахт тақдим кунад.

4 Ва дуди бухур бо дуоҳои муқаддасон аз дасти фаришта ба ҳузури Худо сууд намуд.

5 Ва фаришта маҷмарро гирифта, аз оташи қурбонгоҳ пур кард, ва бар замин партофт; ва садоҳо, ва раъдҳо ва барқҳо, ва заминҷубӣ ба вуқӯъ омад.

6 Ва он ҳафт фариштае ки ҳафт карнай доштанд, ба навохтан тайёр шуданд.


Карнаи якум — жола ва оташ омехта бо хун.

7 Фариштаи якум карнай навоҳт, ва жола ва оташ омехта бо хун ба вуҷуд омад, ва ба замин борид; ва сеяки дарахтон сӯхт, ва тамоми алафи сабз сӯхт.


Карнаи дуюм — кӯҳи азими оташ дар баҳр сарнагун шуд.

8 Фариштаи дуюм карнай навохт, ва чизе монанди кӯҳи азими оташ дар баҳр сарнагун шуд; ва сеяки баҳр ба хун мубаддал гашт,

9 Ва сеяки махлуқоти ҷондори баҳр мурданд, ва сеяки киштиҳо нобуд шуданд.


Карнаи сеюм — ситораи «Явшон».

10 Фариштаи сеюм карнай навохт, ва аз осмон ситораи бузурге афтод, ки монанди машъал фурӯзон буд, ва он бар сеяки дарьёҳо ва бар чашмаҳои обҳо афтод.

11 Ва номи ин ситора Явшон буд; ва сеяки обҳо ба явшон мубаддал гашт, ва бисьёре аз одамон аз обҳо мурданд, чунки обҳо талх шуда буд.


Карнаи чорум ва сеяки офтоб, моҳтоб ва ситораҳо зарар мерасонад.

12 Фариштаи чорум карнай навохт, ва сеяки офтоб ва сеяки моҳтоб ва сеяки ситораҳо зарар дид, ба тавре ки сеяки онҳо торик шуд, ва сеяки рӯз, — ва ҳамчунин шаб, — равшан набуд.

13 Ва як фариштаро дидам ва шунидам, ки дар миёнаи осмон парвоз карда, бо овози баланд мегӯяд: «Вой, вой, вой бар ҳоли сокинони замин аз садоҳои дигари карнайҳои се фаришта, ки хоҳанд навоҳт!»

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan