Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ошкорсозӣ* 7 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАФТУМ Пеш аз бардоштани мӯҳри ҳафтум — мӯҳр бар пешонии бандагони Худо.

1 Ва баъд аз ин чор фариштаи дар чор гӯшаи замин истодаро дидам, ки чор боди заминро нигоҳ медоштанд, то ки ба замин, ба баҳр ва ба ҳеҷ дарахте бод навазад.

2 Ва фариштаи дигаре дидам, ки аз ҷониби тулӯи офтоб сууд менамояд ва мӯҳри Худои Ҳайро дорад. Ва бо овози баланд ба чор фариштае ки вазифаашон ба замину баҳр зарар расондан буд, нидо карда, мегӯяд:

3 «Ба замин, ба баҳр, ба дараҳтон зараре нарасонед, то даме ки бар пешонии бандагони Худои мо мӯҳр занем».


Наҷотьёфтагон аз дувоздаҳ сибти Исроил.

4 Ва шумораи мӯҳр зада шудагонро шунидам: саду чилу чор ҳазор мӯҳр зада шудагон аз ҳамаи сибтҳои банӣ‐Исроил:

5 Аз сибти Яҳудо дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Реубен дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Ҷод дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон;

6 Аз сибти Ошер дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Нафтолӣ дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Менашше дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон;

7 Аз сибти Шимъӯн дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Левӣ дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Иссокор дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон;

8 Аз сибти Забулун дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Юсуф дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Биньёмин дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон.


Имондорон аз миёни ҳамаи қавмҳо аз азоби азим наҷот хоҳанд ёфт.

9 Баъд аз ин ман назар андохтам, ва инак, анбӯҳи бузурги мардум, ки онро ҳеҷ кас наметавонист ба шумор оварад, аз ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо, ва қавмҳо ва забонҳо дар пеши тахт ва дар пеши Барра истодаанд, ки дар тан либосҳои сафед доранд ва шохаҳои нахл ба даст гирифтаанд.

10 Ва онҳо бо овози баланд нидо карда, мегӯянд: «Наҷот аз они Худои мо, ки бар тахт нишастааст, ва аз они Барра аст!»

11 Ва ҳамаи фариштаҳо гирдогирди тахт ва он пирон ва чор ҳайвон меистоданд, ва пеши тахт бар рӯи худ афтода, ба Худо саҷда карданд,

12 Ва гуфтанд: «Омин! Баракат, ва ҷалол, ва ҳикмат, ва сипос, ва шавкат, ва қудрат, ва қувват то абад аз они Худои мо бод! Омин».

13 Ва яке аз он пирон ба сухан оғоз карда, аз ман пурсид: «Ин сафедпӯшон кистанд, ва аз куҷо омадаанд?»

14 Ба ӯ гуфтам: «Эй оғо, ту медонӣ». Ва ӯ ба ман гуфт: «Инҳо касоне ҳастанд, ки аз азоби азим омадаанд; инҳо либосҳои худро шуста, бо хуни Барра сафед кардаанд;

15 Бинобар ин онҳо дар пеши тахти Худо меистанд ва шабу рӯз дар маъбади Ӯ ба Ӯ хизмат мекунанд, ва Нишинандаи тахт дар миёни онҳо сокин хоҳад буд;

16 Онҳо дигар гурусна ва ташна нахоҳанд монд, ва онҳоро офтоб ва ҳеҷ гармо нахоҳад сӯзонд:

17 Зеро Баррае ки дар миёнаи тахт аст, онҳоро чӯпонӣ хоҳад кард, ва онҳоро ба чашмаҳои оби ҳаёт хоҳад бурд, ва Худо ҳар ашкро аз чашмонашон пок хоҳад кард».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan