Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ошкорсозӣ* 6 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ШАШУМ Мӯҳри якум — саворе бар аспи сафед.

1 Ва дидам, ки Барра яке аз ҳафт мӯҳрро бардошт, ва шунидам, ки яке аз он чор ҳайвон бо овози монанди раъд мегӯяд: «Биё ва бубин».

2 Ва назар андохтам, ва инак, аспи сафед, ва бар он — саворе ки камон дорад, ва ба ӯ тоҷ дода шудааст: ва ӯ ғалабакунон берун омад, то ғалаба кунад.


Мӯҳри дуюм — аспи куранд (осоиштагӣ аз замин гирифта шуд).

3 Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри дуюмро бардошт, ҳайвони дуюмро шунидам, ки мегӯяд: «Биё ва бубин».

4 Ва аспи дигари куранд берун омад, ва ба савори он ихтиёр дода шудааст, ки осоиштагиро аз замин бигирад, то ки якдигарро ба қатл расонанд; ва ба вай шамшери бузурге дода шудааст.


Мӯҳри сеюм — саворе бар аспи сиёҳмушкин (қаҳтӣ).

5 Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри сеюмро бардошт, ҳайвони сеюмро шунидам, ки мегӯяд: «Биё ва бубин». Ва назар андохтам, ва инак, аспи сиёҳмушкин, ва савори он дар дасташ тарозуе дорад.

6 Ва овозе аз миёни он чор ҳайвон шунидам, ки мегӯяд: «Як андозаи гандум ба як динор, ва се андозаи ҷав ба як динор; вале ба равғани зайтун ва шароб зарар нарасон».


Мӯҳри чорум — саворе бар аспи саманд (мамот).

7 Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри чорумро бардошт, овози ҳайвони чорумро шунидам, ки мегӯяд: «Биё ва бубин».

8 Ва назар андохтам, ва инак, аспи саманд, ва бар он — саворе ки номаш мамот аст; ва дӯзах аз қафояш меомад, ва ба вай ихтиёри чорьяки замин дода шудааст, то ки бо шамшер ва қаҳтӣ, ва бо вабо ва ҳайвоноти ваҳшии замин одамонро бикушад.


Мӯҳри панҷум — риёзаткашон дар таги қурбонгоҳ.

9 Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри панҷумро бардошт, дар таги қурбонгоҳ ҷонҳои онҳоеро, ки барои каломи Худо ва барои шаҳодате ки доштанд, кушта шуда буданд, дидам.

10 Ва онҳо бо овози баланд фиғон кашида гуфтанд: «То ба кай, эй Парвардигори Қуддус ва Ҳақ, доварӣ намекунӣ ва интиқоми хуни моро аз сокинони замин намегирӣ?»

11 Ва ба ҳар яке аз онҳо либоси сафед дода шуд, ва ба онҳо гуфта шуд, ки боз муддати каме ором бошанд, то даме ки шумораи онҳо ва ҳамкорони онҳо ва бародарони онҳо, ки мисли онҳо кушта хоҳанд шуд, пурра шавад.


Мӯҳри шашум — ғазаби Барра (ҳодисаҳои пурдаҳшати табиат).

12 Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри шашумро бардошт, назар андохтам, ва инак, заминҷунбии азиме ба вуқӯъ омад, ва офтоб мисли палоси пашмин сиёҳ шуд, ва моҳтоб мисли хун гашт;

13 Ва ситораҳои осмон ба замин афтоданд, мисли дарахти анҷире ки аз шамоли сахт ҷунбиш карда, анҷирҳои хоми худро мепартояд;

14 Ва осмон мисли тӯморе печида, нопадид шуд; ва ҳар кӯҳ ва ҷазира аз ҷои худ ҷунбид;

15 Ва подшоҳони замин, ва олиҷоҳон, ва сарватдорон, ва мириҳазорон, ва зӯроварон, ва ҳар ғулом ва озод дар мағораҳо ва дараҳои кӯҳҳо пинҳон шуданд,

16 Ва ба кӯҳҳо ва сангҳо мегӯянд: «Бар мо биафтед ва моро аз ҳузури Нишинандаи тахт ва аз ғазаби Барра пинҳон кунед;

17 Зеро ки рӯзи бузурги ғазаби Ӯ омадааст, ва кист, ки битавонад истодагӣ намояд?»

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan