Ошкорсозӣ* 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРУМ Худое ки бар тахт нишастааст. 1 Баъд аз ин ман назар андохтам, ва инак, даре бар осмон кушода шуд, ва он овози пештара, ки ҳамчун садои карнай шунида будам, ки бо ман сухан меронд, гуфт: «Ба ин ҷо сууд намо, то он чиро, ки баъд аз ин бояд ба вуқӯъ ояд, ба ту нишон диҳам». 2 Ва дарҳол ман дар Рӯҳ шудам; ва инак, тахте дар осмон меистод, ва бар тахт Нишинандае буд; 3 Ва намуди Он Нишинанда монанди санги яшм ва ақиқ буд, ва рангинкамоне гирдогирди тахт, ва намуди он монанди зумуррад. Пироне ки бар тахтҳо нишастаанд. 4 Ва гирдогирди тахт бисту чор тахт; ва бар тахтҳо бисту чор пирро нишаста дидам, ки либосҳои сафед дар бар карда буданд ва бар сарҳошон тоҷҳои тилло доштанд. 5 Ва аз тахт барқҳо ва раъдҳо ва овозҳо мебаромаданд, ва ҳафт машъали оташин дар пеши тахт фурӯзон буданд, ки онҳо ҳафт рӯҳи Худо мебошанд. Чор ҳайвоне ки Қодири Мутлақро ҷалол медиҳанд. 6 Ва дар пеши тахт баҳре аз шиша, монанди булӯр; ва дар миёнаи тахт ва гирдогирди тахт чор ҳайвон, ки аз пеш ва аз пас пур аз чашмон буданд. 7 Ва ҳайвони якум монанди шер, ва ҳайвони дуюм монанди гӯсола, ва ҳайвони сеюм қиёфае мисли одам дошт, ва ҳайвони чорум монанди уқобе ки дар парвоз бошад. 8 Ва ҳар яке аз он чор ҳайвон гирдогирд шаш бол дошт, ва онҳо аз дарун пур аз чашмонанд, ва шабу рӯз ором нагирифта, мегӯянд: «Қуддус аст, куддус аст, куддус аст Худованд Худои Қодири Мутлақ, ки Ӯ буд, ҳаст ва ҳоҳад омад». Ҳайвонҳо ва пирон ба Худои ҷовидонӣ саҷда мекунанд. 9 Ва ҳангоме ки он ҳайвонҳо ба Нишинандаи тахт, ки то абад Зинда аст, ҷалол ва шавкат ва сипос медиҳанд, — 10 Он бисту чор пир пеши Нишинандаи тахт афтода, ба Ӯ, ки то абад Зинда аст, саҷда мекунанд, ва тоҷҳои ҳудро пеши таҳт гузошта, мегӯянд: 11 «Эй Худованд, Ту сазовори он ҳастӣ, ки ҷалол, шавкат ва қудрат биёбӣ, зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ, ва ҳама чиз бар тибқи иродаи Ту вуҷуд дорад ва офарида шудааст». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden