Ошкорсозӣ* 22 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ ДУЮМ Дарьёи покизаи Худо ва дарахти ҳаёт. 1 Ва дарьёи покизаи оби ҳаётро ба ман нишон дод, ки мисли булӯр дураҳшон буда, аз ҷониби тахти Худо ва Барра ҷорӣ мешуд. 2 Дар миёнаи кӯчаи шаҳр, дар ҳар ду канори дарьё, дараҳти ҳаёт аст, ки дувоздаҳ мева меоварад, яъне ҳар моҳ меваи худро медиҳад; ва баргҳои дарахт барои муолиҷаи ҳалқҳост. 3 Ва ҳеҷ лаънатшудае дигар нахоҳад буд; ва тахти Худо ва Барра дар вай хоҳад буд, ва бандагони Ӯ ба Ӯ хизмат хоҳанд кард, 4 Ва рӯи Ӯро хоҳанд дид, ва исми Ӯ бар пешониҳошон хоҳад буд. 5 Ва шаб дигар нахоҳад буд, ва онҳо ба чароғ ва рӯшноии офтоб эҳтиёҷ нахоҳанд дошт, зеро ки Худованд Худо ба онҳо рӯшноӣ мебахшад; ва то абад салтанат хоҳанд ронд. Хотимаи китоб. Инак, ба зудӣ меоям. 6 Ва ба ман гуфт: «Ин суханон ҳақ асту рост»; ва Худованд Худои анбиёи муқаддас фариштаи Худро фиристод, то он чиро, ки бояд ба қарибӣ ба вуқӯъ ояд, ба бандагони Худ нишон диҳад. 7 «Инак, ба зудӣ меоям. Хушо касе ки суханони нубуввати ин китобро риоят мекунад». 8 Ва ман, Юҳанно, инро дидам ва шунидам. Ва ҳангоме ки шунидам ва дидам, бар пойҳои фариштае ки инро ба ман нишон дод, афтодам, то ки ба ӯ таъзим кунам. 9 Лекин ӯ ба ман гуфт: «Зинҳор, чунин накун; зеро ки ман бо ту, ва бо бародаронат — анбиё, ва бо онҳое ки суханони ин китобро риоят мекунанд, ҳамкор ҳастам; ба Худо таъзим намо». 10 Ва ба ман гуфт: «Суханони нубуввати ин китобро мӯҳр накун; зеро ки вақт наздик аст. 11 Бигзор золим боз зулм кунад, ва палид боз худро палид созад, ва одил боз адолат варзад, ва муқаддас боз худро тақдис намояд. 12 Инак, ба зудӣ меоям, ва мукофоти Ман бо Ман аст, то ки ҳар касро мувофиқи аъмолаш сазо диҳам. 13 Ман Алфа ва Омега, ибтидо ва интиҳо, Аввалин ва Охирин ҳастам». 14 Хушо онҳое ки аҳкоми Ӯро риоят мекунанд, то ки ба дарахти ҳаёт хуқуқдор шаванд ва ба дарвозаи шаҳр дароянд. 15 Вале сагон, ва ҷодугарон, ва зинокорон, ва қотилон, ва бутпарастон, ва ҳар касе ки дурӯғро дӯст медорад ва ба амал меоварад, — берун аз он хоҳанд буд. 16 «Ман, Исо, фариштаи Худро фиристодаам, то ки дар калисоҳо ба шумо шаҳодат диҳад. Ман реша ва насли Довуд, ситораи дурахшони субҳ ҳастам». 17 Ва Рӯҳ ва арӯс мегӯянд: «Биё!» Ва ҳар кӣ мешунавад, бигӯяд: «Биё!» Бигзор ташна биёяд, ва ҳар кӣ бихоҳад, оби ҳаётро муфт бигирад. 18 Ман низ ба ҳар касе ки суханони нубуввати ин китобро мешунавад, шаҳодат медиҳам: агар касе ба онҳо чизе илова намояд, Худо ба ӯ балоҳое илова хоҳад кард, ки дар бораи онҳо дар ин китоб навишта шудааст. 19 Ва агар касе аз суханони ин китоби нубувват чизе кам кунад, Худо насиби ӯро аз дарахти ҳаёт ва аз шаҳри муқаддас ва аз ҳар чизе ки дар ин китоб навишта шудааст, кам хоҳад кард. 20 Шаҳодатдиҳандаи ин мегӯяд: «Оре, ба зудӣ меоям!» Омин. Оре, биё, эй Исои Худованд! 21 Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden