Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ошкорсозӣ* 21 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ БИСТУ ЯКУМ Ерусалими нав: арӯси Барра.

1 Ва осмони нав ва замини навро дидам; зеро ки осмони пештара ва замини пештара гузашт, ва баҳр дигар набуд.

2 Ва ман, Юҳанно, шаҳри муқаддас — Ерусалими навро дидам, ки аз ҷониби Худо аз осмон нузул мекард, ва муҳайё шуда буд мисли арӯсе ки барои шавҳараш зинат ёфтааст.

3 Ва овози баланде аз осмон шунидам, ки мегӯяд: «Инак, хаймаи Худо бо одамон, ва Ӯ бо онҳо сокин хоҳад шуд; онҳо қавми Ӯ хоҳанд буд, ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳад буд;

4 Ва Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гирья ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт».

5 Ва Нишинандаи тахт гуфт: «Инак, ҳама чизро нав месозам». Ва ба ман гуфт: «Бинавис, зеро ки ин суханон ҳақ асту рост».

6 Ва ба ман гуфт: «Ба амал омад! Ман Алфа ва Омега, ибтидо ва интиҳо ҳастам; ба ташна аз чашмаи оби ҳаёт муфт хоҳам дод;

7 Касе ки ғолиб ояд, вориси ҳама чиз хоҳад шуд, ва Ман барои ӯ Худо хоҳам буд, ва ӯ барои Ман писар хоҳад буд;

8 Валекин тарсончакон, ва беимонон, ва палидон, ва қотилон, ва зинокорон, ва ҷодугарон, ва бутпарастон, ва ҳамаи дурӯғгӯёнро — насибашон дар кӯлест, ки бо оташ ва кибрит месӯзад; ин мамоти дуюм аст».

9 Ва яке аз он ҳафт фаришта, ки ҳафт косаи пур аз ҳафт балои охирин доштанд, назди ман омада, гуфт: «Биё, то ба ту арӯсро, завҷаи Барраро нишон диҳам».

10 Ва маро дар Рӯҳ ба кӯҳи бузург ва баланде бурд ва шаҳри бузург — Ерусалими муқаддасро ба ман нишон дод, ки аз осмон аз ҷониби Худо нузул мекард,

11 Ки вай ҷалоли Худоро дорад; найири вай ба санги бағоят гаронбаҳо монанд аст, мисли санги яшме ки чун булӯр шаффоф бошад;

12 Вай девори бузург ва баланде дорад, ва дувоздаҳ дарвоза дорад, ва бар онҳо — дувоздаҳ фаришта; бар дарвозаҳо номҳои дувоздаҳ сибти банӣ‐Исроил навишта шудааст:

13 Аз шарқ се дарвоза, аз шимол се дарвоза, аз ҷануб се дарвоза, аз ғарб се дарвоза.

14 Девори шаҳр дувоздаҳ таҳкурсӣ дорад, ва бар онҳо — номҳои дувоздаҳ ҳаввориёни Барра.

15 Ва он ки бо ман сухан меронд, ба сифати андоза наи тиллое дошт, то ки шаҳр ва дарвозаҳояш ва деворашро андоза кунад.

16 Шаҳр ба шакли мураббаъ воқеъ аст, ва дарозии он баробари фароҳии он аст. Ва ӯ шаҳрро бо най андоза карда, дувоздаҳ ҳазор стадия ёфт; дарозӣ ва фароҳӣ ва баландии он баробар аст.

17 Ва девори онро андоза карда, саду чилу чор зироъ ба андозаи одамизод ёфт, ки андозаи фаришта низ чунин аст.

18 Девори он аз яшм соҳта шудааст, ва шаҳр зари холис буда, ба шишаи покиза монандӣ дорад.

19 Таҳкурсиҳои девори шаҳр бо ҳар гуна ҷавоҳирот мурассаъ аст: таҳкурсии якум — яшм, дуюм — ёқути кабуд, сеюм — ақиқи сӯхта, чорум — зумуррад,

20 Панҷум — ақиқи гулобӣ, шашум — ақиқ, ҳафтум — забарҷад, ҳаштум — берил, нӯҳум — ёқути зард, даҳум — ақиқи сабз, ёздаҳум — гиацинт, дувоздаҳум — нилум.

21 Ва дувоздаҳ дарвоза — дувоздаҳ марворид: ҳар дарвоза аз як марворид буд. Ва кӯчаи шаҳр — зари ҳолис, монанди шишаи шаффоф.

22 Ва дар шаҳр маъбаде надидам; зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ маъбади вай аст, ҳамчунин Барра.

23 Ва шаҳр эҳтиёҷ надорад, ки офтоб ва моҳтоб онро равшан кунанд, зеро ки ҷалоли Худо онро равшан кардааст, ва чароғи он Барра аст.

24 Ва ҳалқҳои ҷаҳон дар рӯшноии вай роҳ ҳоҳанд рафт, ва подшоҳони замин ҷалол ва шавкати худро ба вай ҳоҳанд овард.

25 Ва дарвозаҳои шаҳр рӯзона баста нахоҳад шуд, зеро ки дар он ҷо шаб нахоҳад буд;

26 Ва ҷалол ва шавкати ҳалқҳоро ба вай ҳоҳанд овард;

27 Ва ҳеҷ палиде, ва ҳеҷ каси зишткор ва дурӯғгӯй вориди он нахоҳад шуд, балки фақат онҳое ки дар дафтари ҳаёти Барра навишта шудаанд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan