Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ошкорсозӣ* 19 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ НУЗДАҲУМ Шодмонӣ бар осмон дар бобати фурӯ ғалтидани Бобил.

1 Пас аз ин ман овози баланде мисли овози издиҳоми бузург дар осмон шунидам, ки мегуфт: «Ҳалелуёҳ! Наҷот ва ҷалол ва қувват аз они Худованди мо мебошад,

2 Зеро ки аҳкоми Ӯ ҳақ асту рост! Чунки Ӯ фоҳишаи бузургеро, ки заминро бо зинои худ фосид карда буд, маҳкум намуд, ва хуни бандагони Худро аз дасти вай ситонид».

3 Ва дубора гуфтанд: «Ҳалелуёҳ! Дуди Бобил то абад баланд мешавад».

4 Ва он бисту чор пир ва чор ҳайвон афтода, ба Худое ки бар тахт нишастааст, саҷда карданд ва гуфтанд: «Омин! Ҳалелуёҳ!»

5 Ва овозе аз ҷониби тахт баромад, ки мегуфт: «Эй ҳамаи бандагони Ӯ ва тарсгорони Ӯ, ҳурдон ва бузургон, мадҳ кунед Худои моро!»

6 Ва овозе шунидам мисли овози издиҳоми бузург, мисли шувваси обҳои бисьёр, мисли садои раъдҳои пурзӯр, ки мегуфтанд: «Ҳалелуёҳ! Зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ бар таҳти салтанат нишастааст.


Никоҳи Барра.

7 Ба ваҷд меоем ва шодӣ мекунем ва Ӯро ҷалол медиҳем, зеро ки никоҳи Барра фаро расидааст, ва завҷаи Ӯ худро тайёр кардааст».

8 Ва ба вай ато шуд, ки катони тоза ва дурахшон дар бар кунад; зеро ки он катон адолати муқаддасон аст.

9 Ва ба ман гуфт: «Бинавис: „Хушо онҳое ки ба базми никоҳи Барра даъват шудаанд“». Ва ба ман гуфт: «Инҳо суханони ҳақиқии Худост».

10 Ман бар пойҳояш афтодам, то ки ба ӯ таъзим кунам; лекин ӯ ба ман гуфт: «Зинҳор, чунин накун; ман бо ту ва бо бародарони ту, ки шаҳодати Исоро доранд, ҳамкор ҳастам; ба Худо таъзим намо, зеро ки шаҳодати Исо рӯҳи нубувват аст».


Зоҳир шудани Масеҳ.

11 Ва осмони кушодаро дидам, ва инак, аспи сафед, ва Савори он Амин ва Ҳақ ном дорад, ва Ӯ аз рӯи адолат доварӣ мекунад ва меҷангад.

12 Чашмони Ӯ мисли шӯълаи оташ аст, ва бар сари Ӯ афсарҳои бисьёр; Ӯ исми навиштае дорад, ки онро, ғайр аз Худи Ӯ, ҳеҷ кас намедонад;

13 Ва Ӯ либоси хунолуде дорад, ва исми Ӯ хонда шудааст: Каломи Худо.

14 Ва лашкарҳои осмон бар аспҳои сафед, катони сафеди тоза дар тан, аз паи Ӯ мерафтанд.

15 Ва аз даҳони Ӯ шамшери тез берун меояд, то ки ҳалқҳоро бо он бизанад. Ӯ онҳоро бо асои оҳанин чӯпонӣ мекунад; Ӯ чархушти шароби хашм ва ғазаби Худои Қодири Мутлақро пойкӯб мекунад.

16 Бар либос ва бар рони Ӯ навишта шудааст: «Подшоҳи подшоҳон ва Худованди худовандон».


Шикасти ҳайвони ваҳшӣ ва набии козиб.

17 Ва як фариштаро дидам, ки бар офтоб меистод; ва ӯ бо овози баланд нидо карда, ба ҳамаи мурғоне ки дар миёнаи осмон парвоз мекарданд, гуфт: «Биёед, ба зиёфати бузурги Худо ҷамъ шавед,

18 То ки ҷасадҳои подшоҳонро, зӯроваронро, мириҳазоронро, аспон ва саворонашонро, ҷасадҳои ҳамаи озодон ва ғуломон, ва хурдон ва бузургонро бихӯред».

19 Ва ҳайвони ваҳшӣ ва подшоҳони замин ва лашкарҳошонро дидам, ки ҷамъ шуда буданд, то ки бо Савори асп ва бо лашкари Ӯ ҷанг кунанд.

20 Ва ҳайвони ваҳшӣ ва бо вай он набии козиб дастгир шуд, ки дар пеши вай мӯъҷизот ба амал оварда буд, ки ба воситаи онҳо касонеро, ки тамғаи ҳайвони ваҳширо қабул карда, ба пайкари он саҷда менамоянд, фиреб мекард: ҳар ду зинда дар кӯли оташ андохта шуданд, ки дар он кибрит месӯхт;

21 Ва касони боқӣ бо шамшери Савори асп, ки аз даҳони Ӯ берун омада буд, кушта шуданд; ва ҳамаи мурғон аз ҷасадҳои онҳо сер шуданд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan