Ошкорсозӣ* 15 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ПОНЗДАҲУМ Таҳдиди ҳафт балои охирин. Ҷалол додани Барра. 1 Ва дар осмон аломати дигаре дидам, ки бузург ва аҷоиб буд: ҳафт фаришта, ки ҳафт балои оҳирин доранд, чунки хашми Худо бо онҳо анҷом ёфт. 2 Ва гӯё баҳре аз шиша дидам, ки бо оташ омеҳта буд; ва касоне ки бар ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он ва тамғаи он ва шумораи номи он ғолиб омада буданд, бар ин баҳри шиша истодаанд, ва барбатҳои Худо дода дар дасти онҳост, 3 Ва суруди Мусои бандаи Худо ва суруди Барраро хонда, мегӯянд: «Бузург ва аҷоиб аст аъмоли Ту, эй Худованд Худои Қодири Мутлақ! Ҳақ асту рост роҳҳои Ту, эй Подшоҳи муқаддасон! 4 Кист, ки аз Ту, эй Худованд, натарсад ва исми Туро ҷалол надиҳад? Зеро ки танҳо Ту Қуддус ҳастӣ. Ҳамаи халқҳо омада, дар пеши Ту саҷда хоҳанд кард, зеро ки довариҳон одилонаи Ту зоҳир шудааст». Тайёрӣ ба ҳафт бало. 5 Ва баъд аз ин ман назар андохтам, ва инак, маъбади хаймаи шаҳодат дар осмон воз шуд, 6 Ва аз маъбад ҳафт фаришта баромаданд, ки ҳафт бало доштанд, ва катони тоза ва дураҳшон дар бар карда ва то синаашон камарбанди тилло баста буданд. 7 Ва яке аз он чор ҳайвон ба ҳафт фаришта ҳафт косаи тиллои пур аз ғазаби Худоро дод, ки Ӯ то абад Зинда аст. 8 Ва маъбад аз ҷалоли Худо ва аз қуввати Ӯ пур аз дуд шуд, ва то ҳафт балои ҳафт фаришта анҷом наёфт, ҳеҷ кас натавонист ба маъбад дарояд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden