Ошкорсозӣ* 14 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРДАҲУМ Барра бар кӯҳи Сион ва 144 000 кафоратшудагон. 1 Ва назар андохтам, ва инак, Барра бар кӯҳи Сион истодааст, ва бо Ӯ саду чилу чор ҳазор нафар, ки бар пешониҳошон исми Падари Ӯ навишта шудааст. 2 Ва овозе аз осмон шунидам, мисли шувваси обҳои бисьёр ва монанди садои раъди пурзӯр; ва овозе ки шунидам, монанди овози барбатнавозоне буд, ки барбатҳои худро менавозанд: 3 Онҳо дар пеши тахт ва дар пеши он чор ҳайвон ва пирон суруди наве месароянд; ва ҳеҷ кас натавонист он сурудро ёд гирад, ҷуз он саду чилу чор ҳазор нафар, ки аз замин харида шуда буданд. 4 Инҳо касоне ҳастанд, ки бо занон палид нашудаанд, зеро ки онҳо боисматанд; инҳо касоне ҳастанд, ки ҳар куҷо Барра равад, аз ақибаш мераванд. Онҳо аз миёни одамон, ҳамчун навбарони Худо ва Барра, харида шудаанд, 5 Ва дар даҳонашон макре нест; онҳо дар пеши тахти Худо беайбанд. Эълон кардани он ки соати доварии Худо фаро расидааст. Фариштае бо Инҷили абадӣ. 6 Ва фариштаи дигаре дидам, ки дар миёнаи осмон парвоз мекунад ва Инҷили абадӣ дорад, то ки ба сокинони замин ва ба ҳар қабила ва сибт, ва забон ва қавм башорат диҳад; 7 Ва ӯ бо овози баланд мегуфт: «Аз Худо тарсед ва Ӯро ҷалол диҳед, зеро ки соати доварии Ӯ фаро расидааст; ва ба Офаридагори осмон ва замин, ва баҳр ва чашмаҳои об саҷда кунед». Фариштаи дигар фурӯ ғалтидани Бобилро эълон мекунад. 8 Ва фариштаи дигар аз ақиби ӯ омада, мегуфт: «Бобил, шаҳри бузург, фурӯ ғалтид, фурӯ ғалтид, чунки ҳамаи халқҳоро аз шароби пурғазаби зинокории худ нӯшонид». Фариштаи сеюм қисмати парастишкунандагони ҳайвони ваҳширо эълон мекунад. 9 Ва фариштаи сеюм аз ақиби онҳо омада, бо овози баланд мегуфт: «Ҳар кӣ ба ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он саҷда кунад ва бар пешонии худ ё бар дасти худ тамға занад, — 10 Вай аз шароби хашми Худо, аз шароби холисе ки дар косаи ғазаби Ӯ муҳайё шудааст, хоҳад нӯшид, ва дар пеши фариштагони муқаддас ва дар пеши Барра дар оташ ва кибрит азоб хоҳад кашид; 11 Ва дуди азобҳои онҳо то абад баланд хоҳад шуд, ва касоне ки ба ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он саҷда менамоянд ва тамғаи номи онро қабул мекунанд, на рӯз ором хоҳанд гирифт, на шаб». 12 Дар ин ҷост сабри муқаддасон, ки аҳкоми Худо ва имони Исоро риоят мекунанд. Хушбахтии онҳое ки дар Худованд мемиранд. 13 Ва овозе аз осмон шунидам, ки мегӯяд: «Бинавис: хушо мурдагоне ки минбаъд дар Худованд мемиранд; оре, мегӯяд Рӯҳ, инҳо аз меҳнатҳои худ ором мегиранд, ва аъмолашон аз қафояшон меравад». Ибтидои доварии Худо. Доси Худо барои дарав бар замин андохта шудааст. 14 Ва назар андохтам, ва инак, абри сафед, ва бар абр касе монанди Писари Одам нишастааст, ки бар сараш тоҷи тилло, ва дар дасташ доси тез дорад. 15 Ва фариштаи дигар аз маъбад баромад ва бо овози баланд ба Нишинандаи абр нидо кард: «Доси Худро ба кор андоз ва дарав кун, чунки вақти дарав расидааст; зеро ки ҳосили замин пухтааст». 16 Ва Нишинандаи абр доси Худро бар замин андохт, ва замин даравида шуд. 17 Ва фариштаи дигар аз маъбаде ки дар осмон аст, берун омад, ки ӯ низ доси тез дошт. 18 Ва фариштаи дигар, ки бар оташ қудрат дорад, аз қурбонгоҳ берун омад ва бо овози баланд ба он ки доси тез дошт, нидо карда, гуфт: «Доси тези худро ба кор андоз ва сарҳои ангури заминро бибур, чунки ангураш пухтааст». 19 Ва он фаришта доси худро бар замин андохт, ва сарҳои ангури заминро бурид, ва онро дар чархушти бузурги ғазаби Худо афканд, 20 Ва чархушт дар беруни шаҳр пойкӯб карда шуд, ва хун аз чархушт то ба ҷилави аспон, ба масофаи ҳазору шашсад стадия ҷорӣ шуд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden