Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ошкорсозӣ* 13 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СЕЗДАҲУМ Ду ҳайвони ваҳшии шайтон: зиддимасеҳ ва набии вай. 1. Ҳайвони ваҳшии ҳафтсар, ки аз баҳр берун меояд.

1 Ва бар реги баҳр истода, ҳайвони ваҳшиеро дидам, ки аз баҳр берун меояд, ва ҳафт калла ва даҳ шох дорад, ва бар шохҳояш даҳ афсар, ва бар каллаҳояш номҳои куфр.

2 Ҳайвони ваҳшие ки ман дидам, монанди паланг буд, пойҳояш мисли пойҳои хирс, ва даҳонаш мисли даҳони шер; ва аждаҳо қуввати худ ва тахти худ ва қудрати бузурге ба вай дода буд.

3 Ва дидам, ки яке аз каллаҳои вай гӯё ба дараҷаи марговар ярадор шудааст, валекин он яраи марговар шифо ёфтааст. Ва тамоми аҳли замин дар ҳайрат афтода, аз паи ҳайвони ваҳшӣ рафтанд; ва аждаҳоро, ки ба ҳайвони ваҳшӣ қудрат дода буд, ибодат карданд;

4 Ва ба ҳайвони ваҳшӣ саҷда карда, гуфтанд: «Кист, ки мисли ин ҳайвони ваҳшӣ бошад, ва кист, ки битавонад бо вай ҷанг кунад?»

5 Ва ба вай даҳоне дода шуд, ки суханони пурғурур ва куфр гӯяд, ва ба вай қудрат дода шуд, ки чилу ду моҳ амал кунад.

6 Ва даҳонашро барои куфри Худо воз кард, то ки бар исми Ӯ ва маскани Ӯ ва сокинони осмон куфр гӯяд.

7 Ва ба вай ато шуд, ки бо муқаддасон ҷангида, бар онҳо ғолиб ояд; ва ба вай салтанат бар ҳар сибт, ва қавм, ва забон, ва қабила дода шуд.

8 Ва ҳамаи сокинони замин вайро ибодат хоҳанд кард, ҷуз онҳое ки номҳошон дар дафтари ҳаёти Барра, ки аз офариниши олам забҳ шуда буд, навишта шудааст.

9 Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад.

10 Ҳар кӣ ба асирӣ мебарад, худаш ба асирӣ хоҳад рафт; ҳар кӣ бо шамшер мекушад, худаш бояд бо шамшер кушта шавад. Дар ин ҷост сабр ва имони муқаддасон.


2. Ҳайвони ваҳшии дорои ду шох, ки аз замин берун меояд.

11 Ва ҳайвони ваҳшии дигаре дидам, ки аз замин берун меояд; вай ду шох дошт монанди шохҳои барра, ва мисли аждаҳо сухан мегуфт.

12 Вай дар пеши ҳайвони ваҳшии якум бо тамоми қудраташ амал мекунад, ба тавре ки тамоми замин ва сокинони онро маҷбур менамояд, ки ба ҳайвони ваҳшии якум, ки яраи марговараш шифо ёфтааст, саҷда кунанд;

13 Ва аломати бузурге ба амал меоварад, ба тавре ки оташро низ дар пеши одамон аз осмон ба замин фурӯ меоварад.

14 Ва бо мӯъҷизоте ки дар пеши ҳайвони ваҳшӣ метавонист нишон диҳад, сокинони заминро фиреб дода, ба сокинони замин мегӯяд, ки пайкари он ҳайвони ваҳширо, ки аз шамшер ярадор шуда, зинда мондааст, бисозанд.

15 Ва ба вай ато шудааст, ки ба он пайкари ҳайвони ваҳшӣ ҳаёт бахшад, то пайкари ҳайвони ваҳшӣ тавре сухан гӯяд ва амал кунад, ки ҳамаи онҳое ки ба пайкари ҳайвони ваҳшӣ саҷда намекунанд, кушта шаванд.

16 Ва тавре рафтор мекунад, ки ҳама — хурдон ва бузургон, сарватдорон ва мискинон, озодон ва ғуломон — бояд бар дасти росташон ё бар пешониашон тамға зананд,

17 Ва ҳеҷ кас харидан ва фурӯхтан нахоҳад тавонист, ҷуз касе ки чунин тамға: ё номи ҳайвони ваҳшӣ ё шумораи номи онро дорад.

18 Дар ин ҷо ҳикмат аст. Ҳар кӣ ақл дорад, шумораи ҳайвони ваҳширо ҳисоб кунад, зеро ки он шумораи одамизод аст; шумораи он шашсаду шасту шаш мебошад.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan