Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ошкорсозӣ* 12 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДУВОЗДАҲУМ Зан ва кӯдаки вай. Зане ки либосаш офтоб аст.

1 Ва аломати бузурге дар осмон зоҳир шуд: зан, ки либосаш офтоб аст, моҳтоб дар зери пойҳояш, ва тоҷе иборат аз дувоздаҳ ситора бар сараш.

2 Вай ҳомиладор буд, ва аз дард ва азоби зоиш фарьёд мезад.


Аждаҳои ҳафтсар занро бо кӯдаки вай таъқиб мекунад.

3 Ва аломати дигаре дар осмон зоҳир шуд: инак, аждаҳои бузурги сурх, ки ҳафт калла ва даҳ шоҳ дорад, ва бар каллаҳояш ҳафт афсар;

4 Думи он сеяки ситораҳоро аз осмон кашида, бар замин афканд. Ин аждаҳо пеши зане ки бояд мезоид, истод, то ки ҳангоми зоидани вай кӯдаки вайро фурӯ барад.

5 Вай писаре зоид, ки ӯ бояд ҳамаи халқҳоро бо асои оҳанин чӯпонӣ кунад: ва писари вай сӯи Худо ва тахти Ӯ бурда шуд.

6 Ва он зан ба биёбон гурехт, ки дар он ҷо барои вай аз ҷониби Худо маконе муҳайё гардидааст, то ки ба вай ҳазору дусаду шаст рӯз ғизо дода шавад.


Фариштаи муқарраб Микоил аждаҳоро бар замин сарнагун мекунад.

7 Ва дар осмон ҷанг шуд: Микоил ва фариштаҳояш ба муқобили аждаҳо меҷангиданд, ва аждаҳо ва фариштаҳояш меҷангиданд,

8 Аммо натавонистанд истодагӣ кунанд, ва дар осмон барои онҳо дигар ҷое ёфт нашуд.

9 Ва аждаҳои бузург сарнагун шуд, яъне он мори қадимӣ, ки иблис ва шайтон ном дорад ва тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад. Вай ва фариштаҳояш бо вай сарнагун шуданд.

10 Ва овози баланде дар осмон шунидам, ки мегӯяд: «Акнун наҷот ва қувват ва Малакути Худои мо ва қудрати Масеҳи Ӯ фаро расид, чунки маломатгари бародарони мо, ки дар ҳаққи онҳо шабу рӯз дар пеши Худои мо маломат мекард, сарнагун шуд;

11 Онҳо бар вай ба василаи хуни Барра ва каломи шаҳодати худ ғолиб омаданд ва ҷони худро то ба ҳадди мамот гиромӣ надоштанд.

12 Пас, шодӣ кунед, эй афлок ва сокинони он! Вой бар ҳоли сокинони замин ва баҳр, чунки назди шумо иблис бо хашми зӯре нузул кардааст, чун медонад, ки вақташ кам мондааст!»


Аждаҳои иблис боз занро бо кӯдаки вай ва боқии насли вай таъқиб мекунад.

13 Ва чун аждаҳо дид, ки бар замин сарнагун шуд, занеро, ки писар зоида буд, таъқиб намуд.

14 Ва ба он зан ду боли уқоби бузурге дода шуд, то ки вай аз пеши мор ба биёбон ба макони худ парвоз кунад, ва дар он ҷо дар давоми замон ва замонҳо ва нисфи замон ғизо гирад.

15 Ва мор аз даҳонаш аз ақиби зан обе мисли дарьё сар дод, то ки дарьё вайро барад.

16 Лекин замин ба зан мадад кард, ва замин даҳонашро кушода, он дарьёро, ки аждаҳо аз даҳонаш сар дода буд, фурӯ бурд.

17 Ва аждаҳо ба зан дарғазаб шуда, рафт, то бо боқии насли вай, ки аҳкоми Худоро риоят мекунанд ва шаҳодати Исои Масеҳро доранд, ҷанг кунад.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan