Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ошкорсозӣ* 11 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЁЗДАҲУМ Андоза кардани маъбад.

1 Ва ба ман нае дода шуд, ки монанди асо буд, ва гуфта шуд: «Бархез ва маъбади Худо ва қурбонгоҳро андоза намо ва касонеро, ки дар он ибодат мекунанд, бишумор;

2 Вале рӯи ҳавлии маъбадро истисно бикун ва андоза накун, зеро ки он ба ҳалқҳо дода шудааст: онҳо шаҳри муқаддасро чилу ду моҳ поймол ҳоҳанд кард.


Ду шоҳиди Худо бар замин нубувват мекунанд.

3 Ва ба ду шоҳиди Худ қудрате ато ҳоҳам кард, ва онҳо ҳазору дусаду шаст рӯз нубувват ҳоҳанд намуд, дар ҳолате ки палос дар бар карда бошанд».

4 Инҳо ду дараҳти зайтун ва ду чароғдоне ҳастанд, ки дар пеши Худованди замин истодаанд.

5 Ва агар касе бихоҳад онҳоро озор диҳад, аз даҳонашон оташ баромада, душманони онҳоро меҳӯрад; ба ин тариқ, ҳар кӣ бихоҳад онҳоро озор диҳад, кушта мешавад.

6 Онҳо қудрат доранд осмонро бандубаст кунанд, то ки дар рӯзҳои нубувваташон ба замин борон наборад; ва бар обҳо қудрат доранд, ки онҳоро ба хун табдил диҳанд, ва заминро, ҳар вақте ки бихоҳанд, ба ҳар гуна бало гирифтор кунанд.

7 Ва ҳангоме ки онҳо шаҳодати худро анҷом диҳанд, ҳайвони ваҳшие ки аз варта мебарояд, бо онҳо ҷангида, бар онҳо ғолиб хоҳад омад, ва онҳоро хоҳад кушт.

8 Ва ҷасадҳои онҳо дар кӯчаи шаҳри бузург, ки ба киноя Садӯм ва Миср ном дорад, ва дар он ҷо Худованди мо низ маслуб шудааст, воқеъ хоҳад буд.

9 Ва мардуми зиёде аз қавмҳо, ва сибтҳо, ва забонҳо, ва қабилаҳо се ва ним рӯз ба ҷасадҳои онҳо назар хоҳанд кард ва нахоҳанд гузошт, ки ҷасадҳои онҳоро ба гӯр супоранд.

10 Ва сокинони ҷаҳон аз ин шод ва хурсанд шуда, ба якдигар инъомҳо хоҳанд фиристод, чунки ин ду набӣ сокинони ҷаҳонро азият додаанд.

11 Валекин баъд аз се ва ним рӯз рӯҳи ҳаёт аз ҷониби Худо андаруни онҳо дохил шуд, ва ҳар дуяшон ба по бархостанд; ва касонеро, ки ба онҳо назар мекарданд, тарси азиме фаро гирифт.

12 Ва онҳо овози баланде аз осмон шуниданд, ки ба онҳо мегуфт: «Ба ин ҷо сууд кунед». Ва онҳо бар абр ба осмон сууд карданд; ва душманонашон ба онҳо назар мекарданд.


Заминҷунбии азим.

13 Ва дар ҳамон соат заминҷунбии азиме рӯй дод, ва даҳьяки шаҳр фурӯ ғалтид, ва дар заминҷунбӣ ҳафт ҳазор одам нобуд шуд; ва боқимондагон ба ҳарос афтоданд ва Худои Осмонро ҳамду сано хонданд.

14 Мусибати дуюм гузашт; инак, мусибати сеюм ба зудӣ меояд.

15 Ва фариштаи ҳафтум карнай навоҳт, ва дар осмон овозҳои баланд баромаданд, ки мегуфтанд: «Салтанати ҷаҳон салтанати Худованди мо ва Масеҳи Ӯ гардидааст, ва Ӯ то абад салтанат хоҳад ронд».

16 Ва он бисту чор пир, ки дар пеши Худо бар тахтҳои худ нишастаанд, бар рӯи худ афтода, Худоро ибодат карданд.

17 Ва гуфтанд: «Туро шукр мегӯем, эй Худованд Худои Қодири Мутлақ, ки Ту ҳастӣ ва будӣ ва хоҳӣ омад, ва Ту бар тибқи қуввати бузурги Худ амал карда, бар тахти салтанат нишастӣ.

18 Ва халқҳо дар қаҳр шуданд; ва ғазаби Ту омад, ва вақти он расид, ки мурдагонро доварӣ намоӣ ва ба бандагони Худ, яъне ба анбиё ва муқаддасон ва касоне ки аз исми Ту метарсанд, ҳам ба хурдон ва ҳам ба бузургон подош диҳӣ ва нобудкунандагони заминро нобуд кунӣ».

19 Ва маъбади Худо дар осмон воз шуд, ва сандуқи аҳди Ӯ дар маъбади Ӯ зоҳир гардид; ва барқҳо ва садоҳо, ва раъдҳо ва заминҷунбӣ ва жолаи бузурге ба вуқӯъ омад.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan