Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ошкорсозӣ* 10 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДАҲУМ Фаришта бо китоби кушода.

1 Ва фариштаи қавии дигаре дидам, ки аз осмон нузул мекард, ва бо абре фаро гирифта шуда буд, рангинкамоне бар сараш буд ва рухсораш монанди офтоб ва пойҳояш мисли сутунҳои оташин;

2 Дар дасташ китоби кушодае буд. Ва пои росташро бар баҳр гузошт, ва пои чапашро бар замин,

3 Ва бо овози баланд нидо кард, чунон ки шер наъра мекашад; ва ҳангоме ки вай нидо кард, ҳафт раъд бо садоҳои худ сухан гуфтанд.

4 Ва ҳангоме ки ҳафт раъд бо садоҳои худ сухан гуфтанд, мехостам бинависам; лекин овозе аз осмон шунидам, ки ба ман мегӯяд: «Он чи ҳафт раъд гуфтанд, мӯҳр зан ва инро нанавис».

5 Ва он фаришта, ки ӯро дидам бар баҳр ва бар замин истода буд, дасташро сӯи осмон бардошт,

6 Ва ба Ӯ, — ки то абад Зинда аст, ва осмон ва ҳар чиро, ки дар он аст, ва замин ва ҳар чиро, ки дар он аст, ва баҳр ва ҳар чиро, ки дар он аст, офаридааст, — қасам ёд кард, ки дигар вақт нахоҳад буд,

7 Балки дар айёме ки садои фариштаи ҳафтум барояд, яъне вақте ки вай карнай навозад, сирри Худо анҷом ҳоҳад ёфт, чунон ки Ӯ ба бандагони Худ — анбиё башорат додааст.


Овозе аз осмон ба нубувват кардан амр мефармояд.

8 Ва овозе ки аз осмон шунидам, боз ба ман сухан ронда, гуфт: «Бирав ва китоби кушодаро аз дасти фариштае ки бар баҳр ва бар замин истодааст, бигир».

9 Ва назди фаришта рафта, ба вай гуфтам: «Китобро ба ман деҳ». Гуфт: «Онро бигир ва бихӯр; он дар шикамат талҳ ҳоҳад шуд, аммо дар даҳонат мисли асал ширин ҳоҳад буд».

10 Ва китобро аз дасти фаришта гирифта, ҳӯрдам; ва он дар даҳонам мисли асал ширин буд; лекин вақте ки онро ҳӯрдам, шикамам талҳ шуд.

11 Ва ба ман гуфт: «Ту боз дар бораи қавмҳо, ва қабилаҳо, ва забонҳо, ва подшоҳони бисьёр бояд нубувват кунӣ».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan