Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Ошкорсозӣ* 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЯКУМ Хушо касе ки суханони ин нубувватро мехонад ва мешунавад.

1 Ваҳйи Исои Масеҳ, ки Худо ба Ӯ ато намуд, то ба бандагони Худ нишон диҳад, ки ба қарибӣ чиҳо бояд ба вуқӯъ ояд. Ва Ӯ онро ба воситаи фариштаи Худ ба бандаи Худ Юҳанно фиристода, зоҳир сохт,

2 Ки вай ба каломи Худо, ва ба шаҳодати Исои Масеҳ, ва ба ҳар чизе ки дида буд, гувоҳӣ дод.

3 Хушо касе ки мехонад ва касоне ки мешунаванд суханони ин нубувватро, ва он чи дар он навишта шудааст, риоят мекунанд, зеро ки вақт наздик аст.


Исо бо абрҳо меояд, ва Ӯро ҳар чашм хоҳад дид.

4 Юҳанно ба ҳафт калисое ки дар вилояти Осиё мебошанд: файз ва осоиштагӣ бар шумо бод аз ҷониби Ӯ, ки ҳаст ва буд ва хоҳад омад, ва аз ҷониби ҳафт рӯҳе ки дар пеши тахти Ӯ ҳастанд,

5 Ва аз ҷониби Исои Масеҳ, ки шоҳиди амин, Нахустзода аз мурдагон ва Фармонфармои подшоҳони замин аст. Ӯро, ки моро дӯст медорад, ва моро аз гуноҳҳоямон бо Хуни Худ халосӣ дод,

6 Ва моро подшоҳон ва коҳинони Худо ва Падари Худ гардонд, то абад ҷалол ва салтанат бод! Омин.

7 Инак, Ӯ бо абрҳо меояд, ва Ӯро ҳар чашм хоҳад дид, ва онҳое низ, ки Ӯро найза заданд; ва ҳамаи қабилаҳои рӯи замин дар ҳаққи Ӯ навҳа хоҳанд кард. Оре, омин.

8 «Ман Алфа ва Омега, ибтидо ва интиҳо ҳастам», мегӯяд Худованд, Он ки ҳаст ва буд ва хоҳад омад, Худованди Қодири Мутлақ.


Рӯъё дар Патмӯс.

9 Ман, Юҳанно, ки бародари шумо ва шарики андӯҳ ва малакут ва сабри Исои Масеҳ ҳастам, аз барои каломи Худо ва шаҳодати Исои Масеҳ дар ҷазираи Патмӯс будам.

10 Ва дар рӯзи Худованд дар Рӯҳ будам ва аз қафои худ овози баланде монанди садои карнай шунидам, ки мегуфт: «Ман Алфа ва Омега, Аввалин ва Охирин ҳастам;

11 Он чи мебинӣ, дар китобе бинавис ва ба ҳафт калисое ки дар вилояти Осиё мебошанд, бифирист: ба Эфсӯс, ва Исмирно, ва Парғомус, ва Тиётиро, ва Сардис, ва Филоделфия, ва Лудкия».

12 Ман руҷӯъ намудам, то овозеро, ки ба ман сухан мегуфт, бубинам; ва чун руҷӯъ намудам, ҳафт чароғдони тилло дидам,

13 Ва дар миёни ҳафт чароғдон касеро монанди Писари Одам, ки камзӯли дарозе дар бар дошт ва бар синааш камарбанди тилло баста буд;

14 Сари Ӯ ва мӯи Ӯ мисли пашм ё барф сафед буд; ва чашмони Ӯ мисли шӯълаи оташ;

15 Ва пойҳои Ӯ монанди мисе ки дар кӯра сурх шуда бошад; ва овози Ӯ мисли шувваси обҳои бисьёр;

16 Ва Ӯ дар дасти рости Худ ҳафт ситора дошт, ва аз даҳони Ӯ шамшери дудама берун меомад; ва рӯи Ӯ мисли офтобе буд, ки дар қувваташ медурахшад.

17 Ва ҳангоме ки Ӯро дидам, бар пойҳояш мисли мурда афтодам, ва Ӯ дасти рости Худро бар ман гузошта, гуфт: «Натарс; Манам Аввалин ва Охирин

18 Ва Зинда; ва Ман мурда будам, ва инак то абад зинда ҳастам, омин; ва калидҳои дӯзах ва мамот дар дасти Ман аст.


Сирри рӯъё.

19 Пас бинавис он чи ту дидаӣ, ва он чи ҳаст, ва он чи баъд аз ин бояд ба вуқӯъ ояд.

20 Сирри ҳафт ситорае ки дар дасти рости Ман дидӣ, ва ҳафт чароғдони тилло чунин аст: ҳафт ситора фариштагони ҳафт калисо ҳастанд, ва ҳафт чароғдон ҳафт калисо мебошанд».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan