Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Омӯс 8 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАШТУМ Сабади пур аз меваҷот — аломати заволи наздики Исроил.

1 Худованд Худо ба ман чунин рӯъёро намоён кард, ва инак, сабаде пур аз меваҷот.

2 Ва Ӯ гуфт: «Эй Омӯс, ту чӣ мебинӣ?» Гуфтам: «Сабаде пур аз меваҷот». Ва Худованд ба ман гуфт: «Заволи қавми Ман Исроил фаро расидааст; дигар аз гуноҳашон гузароӣ нахоҳам кард.

3 Ва сурудҳои қаср дар он рӯз ба навҳа табдил хоҳад ёфт», мегӯяд Худованд Худо, «лошаҳо бисьёр хоҳад шуд, ва дар ҳар ҷо онҳоро хомӯшона берун хоҳанд партофт».

4 Инро бишнавед, эй муштоқони поймол кардани мискинон ва маҳв сохтани бенавоёни замин,

5 Ки мегӯед: «Навмоҳ кай мегузарад, то ки ғалларо бифрӯшем; ва шанбе кай мегузарад, то ки анборҳои ғалларо бикшоем, вазнро кам ва қиматро зиёд кунем, ва бо тарозуи нодуруст фиреб диҳем,

6 Бенавоёнро ба нуқра, ва мискинонро дар ивази як ҷуфт кафш бихарем, ва пасмондаи ғалларо бифрӯшем».

7 Худованд ба ифтихори Яъқуб қасам хӯрдааст: «Ҳеҷ яке аз аъмоли онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард!

8 Оё ба ин сабаб замин ба ҷунбиш нахоҳад омад, ва ҳар сокини он мотам нахоҳад гирифт? Ва он сар то сараш мисли наҳр баланд хоҳад шуд, ва мисли дарьёи Нили Миср туғьён хоҳад кард ва фурӯ хоҳад нишаст».

9 «Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд», мегӯяд Худованд Худо, «ки ғуруби офтобро дар нисфи рӯз ба амал хоҳам овард, ва заминро дар айни рӯзи равшан торик хоҳам кард.

10 Ва идҳои шуморо ба мотам, ва ҳамаи сурудҳои шуморо ба навҳа табдил хоҳам дод, ва бар ҳар камар палос, ва бар ҳар сар бемӯӣ хоҳам овард, ва инро мисли мотами фарзанди ягона, ва охирашро мисли рӯзи талх хоҳам гардонид.

11 Инак айёме меояд», мегӯяд Худованд Худо, «ки гуруснагӣ бар замин хоҳам фиристод, — аммо на гуруснагӣ аз нон ва на ташнагӣ аз об, балки аз шунидани суханони Худованд.

12 Ва аз баҳр то баҳр, ва аз шимол то шарқ ҳаракат хоҳанд кард: гаштугузор намуда, каломи Худовандро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, вале онро нахоҳанд ёфт.

13 Дар он рӯз дӯшизагони соҳибҷамол ва ҷавонон аз ташнагӣ беҳуш хоҳанд шуд;

14 Онҳое ки ба гуноҳи Сомария қасам хӯрда, мегӯянд: „Ба ҳаёти худои ту, эй Дон!“ ва „Ба ҳаёти худои Беэр‐Шобаъ!“, — фурӯ хоҳанд ғалтид ва дигар нахоҳанд бархост».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan