Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Омӯс 7 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАФТУМ Се рӯъё дар бораи доварии оянда бар Исроил.

1 Худованд Худо ба ман чунин рӯъёро намоён кард, ва инак, дар ибтидои рӯидани алафи бевақтӣ Ӯ малахро ба вуҷуд овард, ва ин алафе буд баъд аз даравидани алафи подшоҳ.

2 Ва ҳангоме ки вай алафи заминро хӯрда тамом кард, ман гуфтам: «Худоё Худовандо! Лутфан, марҳамат намо! Чӣ гуна Яъқуб қомат рост кунад? Вай бағоят хурд аст».

3 Худованд аз ин пушаймон гардид. «Ин тавр нахоҳад шуд!» — гуфт Худованд.

4 Худованд Худо ба ман чунин рӯъёро намоён кард, ва инак Худованд Худо оташро хонд, ки доварӣ намояд, ва вартаи азимро фурӯ бурд, ва қитъаи саҳроро сӯзонид.

5 Ва ман гуфтам: «Худоё Худовандо! Лутфан, боздор! Чӣ гуна Яъқуб қомат рост кунад? Вай бағоят хурд аст».

6 Худованд аз ин пушаймон гардид. «Ин тавр низ нахоҳад шуд!» — гуфт Худованд Худо.

7 Ба ман чунин рӯъёро намоён кард, ва инак Худованд бар девори амӯдӣ истода буд, ва шоқуле дар дасташ буд.

8 Ва Худованд ба ман гуфт: «Эй Омӯс, чӣ мебинӣ?» Гуфтам: «Шоқуле». Ва Худованд гуфт: «Инак, шоқуле дар миёни қавми Худ Исроил мегузорам, ва дигар аз гуноҳашон гузароӣ нахоҳам кард.

9 Ва баландиҳои Исҳоқ валангор, ва қудсҳои Исроил хароб хоҳад шуд, ва бар хонадони Ёробъом бо шамшер қиём хоҳам кард».


Коҳини Байт‐Ил Омӯсро пеши подшоҳ айбдор мекунад.

10 Ва Амасьё, коҳини Байт‐Ил, назди Ёробъом, подшоҳи Исроил, кас фиристод, то бигӯяд: «Омӯс дар миёни хонадони Исроил бар зидди ту ошӯб меандозад; замин наметавонад ҳамаи суханони ӯро гунҷоиш диҳад;

11 Зеро ки Омӯс чунин мегӯяд: „Ёробъом ба дами шамшер хоҳад мурд, ва Исроил аз замини худ ба асирӣ бурда хоҳад шуд“».

12 Ва Амасьё ба Омӯс гуфт: «Эй валӣ! Рафта ба замини Яхудо бигрез, ва дар он ҷо нон бихӯр, ва дар он ҷо нубувват намо;

13 Валекин дар Байт‐Ил дигар нубувват накун, зеро ки қудси подшоҳ аст он, ва хонаи салтанат аст он».

14 Ва Омӯс ҷавоб гардонда, ба Амасьё гуфт: «Ман на набӣ ҳастам ва на писари набӣ, балки рамабон будам ва дарахтони ҷумизро меҷустам.

15 Ва Худованд маро аз хизмати гӯсфандон гирифт, ва Худованд ба ман гуфт: „Рафта, ба қавми Ман Исроил нубувват намо“.

16 Ва акнун каломи Худовандро бишнав: ту мегӯӣ: „Дар ҳаққи Исроил нубувват накун ва дар ҳаққи хонадони Исҳоқ сухан нарон“.

17 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: „Зани ту дар шаҳр гирифтори зино хоҳад шуд, ва писарону духтарони ту ба дами шамшер хоҳанд афтод, ва замини ту бо риштаи андоза тақсим карда хоҳад шуд, ва ту бар замини нопок хоҳӣ мурд, ва Исроил аз замини худ ба асирӣ бурда хоҳанд шуд“».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan