Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Омӯс 6 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ШАШУМ Вой ба ҳоли онҳое ки дар Сион бепарво мебошанд.

1 Вой ба ҳоли онҳое ки дар Сион бепарво ва дар кӯҳи Сомария дилпур мебошанд, — ин нақибони халқи хуҷиста, ки хонадони Исроил назди онҳо меоянд!

2 Ба Кална убур намоед ва бубинед, ва аз он ҷо ба Ҳамоти бузург биравед, ва ба Ҷати фалиштиён фурӯд оед: оё онҳо аз ин мамлакатҳо беҳтаранд? Оё ҳудуди инҳо аз ҳудуди шумо зиёдтар аст?

3 Онҳое ки рӯзи бадро дур меандозанд, ва ҳокимияти ситамро наздик меоваранд;

4 Онҳое ки бар ҷогаҳои оҷ мехобанд, ва бар бистарҳои худ меёзанд, ва барраҳои фарбеҳро аз миёни рама ва гӯсолаҳоро аз пеши охур гирифта мехӯранд;

5 Онҳое ки бо навозиши барбат месароянд, ба гумони он ки мисли Довуд барои худ асбоби мусикӣ ихтироъ мекунанд;

6 Онҳое ки аз косаҳо шароб менӯшанд, ва худро бо равғанҳои беҳтарин тадҳин менамоянд, ва дар бораи шикасти Юсуф афсӯс намехӯранд, —

7 Бинобар ин онҳо акнун дар сари асирон ба асирӣ хоҳанд рафт, ва шавқуни айёшон хотима хоҳад ёфт.

8 Худованд Худо ба Зоти Худ қасам мехӯрад, ва Худованд Худои лашкарҳо мегӯяд: «Ман аз ифтихори Яъқуб кароҳат дорам, ва аз қасрҳои ӯ нафрат менамоям, ва шаҳрро бо ҳар чи дар он аст, таслим хоҳам кард».

9 Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки агар даҳ одам дар як хона боқӣ монда бошанд, онҳо низ хоҳанд мурд.

10 Ва ҳангоме ки варо хешованди вай ва сӯзонандаи вай бардорад, то ки устухонҳоро аз хона берун оварад, ва ба касе ки дар як гӯшаи хона бошад, бигӯяд: «Оё боз касе бо ту ҳаст?», вай ҷавоб хоҳад дод: «Ҳеҷ кас нест»; ва ӯ хоҳад гуфт: «Хомӯш бош! — то ки исми Худованд зикр карда нашавад».

11 Зеро инак, Худованд амр мефармояд, ва хонаи калон гард‐гард мешавад, ва хонаи хурд — пора‐пора.

12 Оё аспон бар сахра метозанд? Оё онро бо говҳо шудгор кардан мумкин аст? Зеро ки шумо инсофро ба гиёҳи заҳрдор табдил додаед, ва самари адолатро — ба явшон.

13 Шумо, ки аз ночизе шод мешавед ва мегӯед: «Оё бо қуввати худ шохҳо барои худ ба даст наовардем?» —

14 «Инак Ман», мегӯяд Худованд Худои лашкарҳо, «халқеро бар зидди шумо, эй хонадони Исроил, бармеангезам, ва шуморо аз даромадгоҳи Ҳамот то наҳри Аробо ба танг хоҳанд овард».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan