Омӯс 5 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ПАНҶУМ Андӯҳи Худованд дар бораи Исроил. 1 Ин каломро, ки ман дар ҳаққи шумо, эй хонадони Исроил, ҳамчун марсия ба забон меронам, бишнавед: 2 Дӯшизаи Исроил фурӯ ғалтидааст ва дигар нахоҳад бархост; бар замини худаш партофта шудааст, ва касе нест, ки варо бархезонад. 3 Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: «Аз шаҳре ки бо ҳазор нафар берун меояд, сад нафар барои хонадони Исроил боқӣ хоҳанд монд, ва аз шаҳре ки бо сад нафар берун меояд, даҳ нафар боқӣ хоҳанд монд». 4 Зеро ки Худованд ба хонадони Исроил чунин мегӯяд: «Маро толиб бошед, ва хоҳед зист. 5 Вале Байт‐Илро толиб набошед, ва ба Ҷилҷол наоед, ва ба Беэр‐Шобаъ нагузаред, зеро ки Ҷилҷол ба асирӣ хоҳад рафт, ва Байт‐Ил ба ҳеҷу пуч мубаддал хоҳад шуд». 6 Худовандро толиб бошед, ва хоҳед зист; мабодо ғазаби Ӯ мисли оташ дар хонадони Юсуф даргирифта, варо фурӯ барад, ва касе набошад, ки онро дар Байт‐Ил хомӯш кунад. 7 Эй, ки инсофро ба явшон мубаддал менамоед, ва адолатро бар замин мепартоед! 8 Ӯ, ки Парвин ва Ҷабборро офаридааст, ва зулмотро ба субҳ табдил медиҳад, ва рӯзро шаби торик мегардонад, ва обҳои баҳрро даъват менамояд, ва онҳоро бар рӯи замин мерезад, — Худованд исми Ӯст. 9 Ӯ ҳалокатро бар зидди зӯровар қувват медиҳад, ва ҳалокат ба қалъа дохил мешавад. 10 Аз касе ки дар маҳкама далел меоварад, кароҳат доранд, ва аз шахси ростгӯй нафрат мекунанд. 11 Бинобар ин, азбаски бенаворо поймол кардед, ва аз ғаллаи вай хироҷ гирифтед, — хонаҳо аз санги тарошида хоҳед сохт, вале дар онҳо сокин нахоҳед шуд; токҳои дилпазир хоҳед парварид, вале шароби онҳоро нахоҳед нӯшид, 12 Зеро медонам, ки ҷиноятҳои шумо чӣ қадар бисьёр, ва гуноҳҳои шумо чӣ қадар азим аст: шахси одилро ба танг меоваред, ришва мегиред, ва нисбат ба камбағалон дар маҳкама каҷкорӣ мекунед. 13 Бинобар ин шахси бохирад дар ин замон хомӯш мемонад, зеро ки замони бад аст. 14 Некиро толиб бошед, на бадиро, то ки зист кунед; ва он гоҳ Худованд Худои лашкарҳо бо шумо хоҳад буд, чунон ки мегӯед. 15 Аз бадӣ нафрат кунед ва некиро дӯст доред, ва инсофро дар маҳкама аз нав барқарор намоед; шояд Худованд Худои лашкарҳо бар бақияи Юсуф марҳамат кунад. Рӯзи Худованд. 16 Бинобар ин Худованд Худо, Худои лашкарҳо чунин мегӯяд: «Дар ҳамаи майдонҳо навҳа хоҳад буд, ва дар ҳамаи кӯчаҳо хоҳанд гуфт: „Ҳайҳот! Ҳайҳот!“ Ва зироаткорро барои мотам гирифтан, ва навҳагаронро барои навҳа кардан хоҳанд хонд. 17 Ва дар ҳамаи токзорҳо навҳа хоҳад буд, зеро ки Ман андаруни ту хоҳам гузашт», мегӯяд Худованд. 18 Вой ба ҳоли муштоқони рӯзи Худованд! Ин рӯзи Худованд ба шумо барои чӣ лозим аст? Он торикист ва на рӯшноӣ. 19 Мисли ин ки касе аз шер гурехта, ба хирс дучор шавад, ва ба хона даромада, дасташро ба девор бимонад, ва море ӯро бигазад. 20 Охир, рӯзи Худованд торикист ва на рӯшноӣ, ва тирагист, ва дурахше дар он нест. Қурбониҳо бидуни адолати ҳақиқӣ — қабоҳат аст пеши Худованд. 21 «Ман аз идҳои шумо кароҳат ва нафрат дорам, ва қурбониҳои шуморо дар маҷлисҳои қавматон қабул нахоҳам кард. 22 Ҳатто агар қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордии худро барои Ман биёред, онҳо дилхоҳи Ман нахоҳад буд, ва ба қурбонии шукронаи говони парвории шумо назар нахоҳам андохт. 23 Ғавғои сурудҳои худро аз Ман дур кун, ва навозиши барбатҳои туро Ман гӯш нахоҳам кард. 24 Бигзор инсоф мисли об, ва адолат мисли наҳри бепоён ҷӯш зада ҷорӣ гардад! 25 Оё шумо, эй хонадони Исроил, дар биёбон дар зарфи чил сол қурбониҳо ва ҳадияҳо барои Ман овардед? 26 Балки Сиккути малики худ ва Кийюни бути худ, яъне кавкаби худоёни худро, ки барои худ сохта будед, бардошта гаштед. 27 Ва шуморо Ман ҷалои ватан карда, ба он тарафи Димишқ хоҳам ронд», мегӯяд Худованд, ки Худои лашкарҳо исми Ӯст. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden