Омӯс 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРУМ Қурбониҳои дар Байт‐Ил овардашуда сабаби ғазаби Худованд гардидааст. 1 «Ин каломро бишнавед, эй модаговони Бошон, ки бар кӯҳи Сомария буда, бенавоёнро зулм мекунед, камбағалонро ба танг меоваред ва ба оғоёни худ мегӯед: „Биёред, то ки бинӯшем!“ 2 Худованд Худо бо қудсияти Худ қасам хӯрдааст, ки инак, айёме бар шумо меояд, ки шуморо бо чангчаҳо хоҳанд кашид, ва бақияи шуморо — бо қалмоқҳои моҳигирӣ. 3 Ва ҳар яке аз шумо аз рахнаи рӯ ба рӯяш берун хоҳад рафт, ва ҳарамсарои худро тарк хоҳад кард», мегӯяд Худованд. 4 «Ба Байт‐Ил биёед ва ҷиноят кунед, ба Ҷилҷол омада, ҷиноятро афзун намоед, ва бомдодон қурбониҳои худро биёред, ва дар ҳар се рӯз — ушрҳои худро. 5 Ва аз хамири туруш ҳадияи шукрона биёред, ва ҳадияҳои ихтиёриро нидокунон эълон намоед, зеро ки инро шумо, эй банӣ‐Исроил, дӯст медоред», мегӯяд Худованд Худо. 6 «Ва Ман низ тозагии дандонҳоро дар ҳамаи шаҳрҳотон, ва камии нонро дар ҳамаи маконҳотон ба шумо додам, валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд. 7 «Ва Ман низ, вақте ки то дарав се моҳ монда буд, боронро аз шумо боздоштам, ва бар як шаҳр боронидам, ва бар шаҳри дигар наборонидам; як қитъаи саҳро шодоб гардид, ва қитъаи дигар, ки борон бар он наборид, хушк шуд. 8 Ва аҳли ду‐се шаҳр сӯи як шаҳр барои нӯшидани об равона шуданд, вале сер нашуданд; валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд. 9 «Шуморо бо боди самум ва хушкоӣ зарба задам; аксари боғҳо ва токҳо ва дарахтони анҷир ва зайтуни шуморо малах хӯрд; валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд. 10 «Ваборо аз қабили он ки дар Миср воқеъ шудааст, бар шумо фиристодам; ҷавонони шуморо ба дами шамшер куштам, дар сурате ки аспҳотон ба асирӣ афтод; ва тааффуни ӯрдуҳои шумо баромада, ба димоғатон зад; валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд. 11 «Андаруни шумо харобӣ ба амал овардам, монанди харобие ки Худо дар Садӯм ва Амӯро ба амал овардааст, ва шумо мисли кундаи нимсӯхтае будед, ки аз миёни оташ бароварда шуда бошад; валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд, 12 «Бинобар ин бо ту, эй Исроил, чунин амал хоҳам кард; ва азбаски бо ту чунин амал хоҳам кард, ту, эй Исроил, худро омода намо, ки бо Худои худ рӯ ба рӯ шавӣ». 13 Зеро, инак Ӯ, ки кӯҳҳоро ба вуҷуд овардааст ва бодро офаридааст, ва ба одамизод фикрҳои Худро хабар медиҳад, рӯшноӣ ва зулмотро ба амал меоварад, ва бар баландиҳои замин қадамгузор мешавад, — Худованд Худои лашкарҳо исми Ӯст. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden