Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Омӯс 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СЕЮМ Каломи Худованд дар ҳаққи тамоми хонадони Яъқуб.

1 Ин каломро бишнавед, ки Худованд дар ҳаққи шумо, эй банӣ Исроил, дар ҳаққи ҳар қабилае ки аз замини Миср берун овардаам, ба забон ронда, гуфтааст:

2 «Фақат шуморо Ман аз ҳамаи қабилаҳои замин шинохтам, бинобар ин шуморо барои ҳамаи гуноҳҳотон ба ҷазо мустаҳиқ хоҳам кард.

3 Оё ду кас якҷоя роҳ мераванд, бе он ки маслиҳатро ба як ҷо монда бошанд?

4 Оё шер дар ҷангал наъра мезанад, агар нахҷире пеши вай набошад? Оё шербача садояшро аз лонаи худ мебарорад, агар сайде ба даст наоварда бошад?

5 Оё мурғ ба доми рӯи замин меафтад, агар тузоқе барои вай набошад? Оё дом аз рӯи замин бардошта мешавад, агар чизе дар он наафтода бошад?

6 Агар дар шаҳр шох навохта шавад, оё қавм ба изтироб намеоянд? Агар бар шаҳр мусибате ояд, оё онро Худованд ба амал наовардааст?

7 Оре, Худованд Худо коре намекунад, бе он ки сирри Худро ба бандагонаш анбиё ошкор созад.

8 Шер наъра задааст, — кист, ки ҳаросон нашавад? Худованд Худо сухан рондааст, — кист, ки нубувват накунад?»

9 Бар қасрҳои Ашдӯд ва бар қасрҳои замини Миср эълон намоед ва бигӯед: «Бар кӯҳҳои Сомария ҷамъ шавед, ва бетартибиҳои зиёдеро, ки андаруни он аст, ва ситамҳоеро, ки дар миёни он аст, бубинед».

10 «Ва онҳо росткориро намедонанд», мегӯяд Худованд, «самараи зулм ва тороҷро дар қасрҳои худ захира мекунанд».

11 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: «Душман омада, дар гирдогирди замин ҷойгир хоҳад шуд; ва шукӯҳи туро аз ту фурӯд хоҳад овард, ва қасрҳои ту гирифтори тороҷ хоҳад шуд».

12 Худованд чунин мегӯяд: «Чунон ки чӯпон ду соқи по ё нармаи гӯшро аз даҳони шер раҳо мекунад, ончунон банӣ‐Исроил, ки дар Сомария бар гӯшаи бистар ва бар ҷогаҳи димишқӣ нишастаанд, раҳо хоҳанд шуд».

13 «Бишнавед ва ба хонадони Яъқуб шаҳодат диҳед», мегӯяд Худованд Худо, Худои лашкарҳо,

14 «Зеро дар рӯзе ки Ман Исроилро барои ҷиноятҳояш ба ҷазо мустаҳиқ намоям, барои қурбонгоҳҳои Байт‐Ил низ ба ҷазо мустаҳиқ хоҳам намуд, ва шохҳои қурбонгоҳ шикаста, бар замин хоҳад афтод.

15 Ва хонаи зимистониро бо якҷоягии хонаи тобистонӣ хароб хоҳам кард, ва хонаҳои оҷ талаф хоҳад шуд, ва хонаҳои бисьёр нест хоҳад гардид», мегӯяд Худованд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan