Омӯс 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Давоми он. 1 Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Мӯоб, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки устухонҳои подшоҳи Адӯмро сӯзонида оҳак гардонид. 2 Ва оташе ба Мӯоб хоҳам фиристод, ки қасрҳои Қариютро фурӯ хоҳад бурд, ва Мӯоб дар миёни ғавғо ва нидоҳо ва садои шох хоҳад мурд. 3 Ва доварро аз даруни он маҳв хоҳам кард, ва ҳамаи миронашро ҳамроҳи вай хоҳам кушт», мегӯяд Худованд. Доварӣ бар Яҳудо ва Исроил. 4 Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Яҳудо, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки шариати Худовандро тарк карданд, ва фароизи Ӯро риоя нанамуданд, ва бутҳои онҳо, ки падаронашон пайравӣ мекарданд, онҳоро дар иштибоҳ андохт. 5 Ва оташе ба Яҳудо хоҳам фиристод, ки қасрҳои Ерусалимро фурӯ хоҳад бурд». 6 Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Исроил, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки одилро ба нуқра, ва камбағалро дар ивази як ҷуфт кафш мефурӯшанд; 7 Муштоқи онанд, ки ғубори замин бар сари мискинон бошад, ва бенавоёнро аз роҳ мезананд; ва мард ва падараш назди як зан мераванд, то ки исми қуддуси Маро беҳурмат кунанд; 8 Ва бар либосҳои гаравӣ назди ҳар қурбонгоҳ меёзанд, ва шароби ҷазоёфтагонро дар хонаи Худои худ менӯшанд. 9 Ва ҳол он ки Ман амӯриёнро, ки мисли арзҳо баландқомат ва мисли булутҳо бақувват буданд, пеши онҳо маҳв намудам; ва меваи онҳоро аз боло ва решаҳои онҳоро аз поён нест кардам. 10 Ва Ман шуморо аз замини Миср берун овардам, ва шуморо дар биёбон чил сол бурдам, то ки замини амӯриёнро тасарруф намоед. 11 Ва аз писарони шумо анбиёро, ва аз ҷавонони шумо назиронро ба миён овардам. Оё ҳамин тавр нест, эй банӣ‐Исроил?» — мегӯяд Худованд. 12 «Валекин шумо назиронро шароб нӯшонидед, ва ба анбиё фармон дода, гуфтед, ки „нубувват накунед“. 13 Инак, Ман шуморо дар ҷое ки мебошед, фишор хоҳам дод, чунон ки аробаи пур аз бандҳои гандум фишор медиҳад. 14 Ва барои тезрав ҷои гурез нахоҳад буд, ва зӯровар бо қуввати худ ғолиб нахоҳад шуд, ва паҳлавон ҷонашро ба саломат нахоҳад бурд. 15 Ва камондор истодагӣ нахоҳад кард, ва тезпо раҳо нахоҳад ёфт, ва аспсавор ҷонашро ба саломат нахоҳад бурд. 16 Ва касе ки ҷасуртарини паҳлавонон бошад, дар он рӯз бараҳна хоҳад гурехт», мегӯяд Худованд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden