Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Навҳаҳои Ирмиё 5 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ПАНҶУМ Тазаррӯи қавми мазлум дар бораи марҳамат ва мадад.

1 Худовандо! Он чи ба мо рӯй додааст, ба ёд овар; назар андоз ва нанги моро бубин.

2 Мероси мо аз они аҷнабиён, хонаҳои мо аз они бегонагон шудааст.

3 Ятим шудаем ва падар надорем; модарони мо мисли бевазанон шудаанд.

4 Оби худро ба нуқра харида менӯшем, ҳезуми мо дар бадали пул ба даст медарояд.

5 Моро бунигарданӣ зада пеш мекунанд, хаста мешавем, — фароғат кардан намемонанд.

6 Ба Миср ва Ашшур даст кафча кардем, то ки аз нон сер шавем.

7 Падарони мо гуноҳ кардаанд; онҳо аз дуньё чашм пӯшидаанд, валекин мо аз барои маъсияташон гирифтори ҷазо шудаем.

8 Ғуломон бар мо ҳукмфармо шудаанд; касе нест, ки моро аз дасташон халосӣ диҳад.

9 Ҷони худро ба каф гирифта, ба зери хавфи шамшери аҳли биёбон нони худро пайдо мекунем.

10 Пӯсти мо аз тафси гуруснагӣ мисли танӯр сӯхтааст.

11 Занонро дар Сион беисмат мекунанд, дӯшизагонро — дар шаҳрҳои Яҳудо.

12 Мирон бо дасти онҳо ба дор кашида мешаванд, пирон эҳтиром надоранд.

13 Ҷавонон сангҳои осиёро мебардоранд, ва наврасон зери бори ҳезум беҳуш шуда меғалтанд.

14 Пирон дигар назди дарвоза наменишинанд; ҷавонон сурудгӯӣ намекунанд.

15 Дилхушии мо хотима ёфтааст; рақси мо ба мотам мубаддал шудааст.

16 Тоҷи сари мо фурӯ ғалтидааст; вой бар ҳоли мо, ки гуноҳ кардаем!

17 Барои ин доим дили мо дард мекунад, барои инҳо чашмони мо хира шудааст:

18 Барои кӯҳи Сион, ки хароб шудааст, ва шағолон бар он гаштугузор мекунанд.

19 Лекин Ту, эй Худованд, то абад қоим ҳастӣ, ва тахти Ту то абадуддаҳр аст.

20 Чаро моро ба сурати абадӣ фаромӯш кардаӣ, ба муддати дуру дароз тарк намудаӣ?

21 Худовандо! Моро сӯи Худ баргардон, ва мо хоҳем баргашт; рӯзҳои моро мисли пештара таҷдид намо.

22 Наход ки моро тамоман рад карда, бениҳоят бар мо хашмгин шуда бошӣ?

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan