Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Навҳаҳои Ирмиё 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЧОРУМ Мусибат ва шармандагии Яҳудо.

1 Чӣ гуна тилло хира шудааст, зари холис тағьир ёфтааст, сангҳои гаронбаҳо дар сари ҳар кӯча партофта шудааст!

2 Чӣ гуна фарзандони азизи Сион, ки ба зари холис баробар буданд, мисли кӯзаи сафолине ки амали дасти кулол аст, ҳисоб шудаанд!

3 Шағолон низ пистон берун оварда, бачаҳои худро мемаконанд, лекин духтари қавми ман, мисли шутурмурғҳо дар биёбон, бераҳм шудааст.

4 Забони бачаи ширмак аз ташнагӣ ба комаш часпидааст; кӯдакон нон мепурсанд, — касе ба онҳо намедиҳад.

5 Онҳое ки нуқлу наво мехӯрданд, дар кӯчаҳо бемаҷол шудаанд; онҳое ки бар бистари абрешимин парвариш меёфтанд, ахлоттӯдаҳоро ба оғӯш мекашанд.

6 Ва маъсияти духтари қавми ман аз гуноҳи Садӯм бузургтар аст, ки он дар як мижа задан вожгун шуд, бе он ки касе дастҳояшро ба он расонда бошад.

7 Сарварони вай аз барф тозатар ва аз шир сафедтар буданд; баданашон аз марҷон сурхтар, қаду қоматашон мисли ёқути кабуд буд;

8 Ва акнун чеҳраашон аз ангишт сиёҳтар шудааст, ба тавре ки дар кӯчаҳо онҳоро намешиносанд; пӯсташон ба устухонашон часпида, мисли чӯб хушк шудааст.

9 Куштаҳои шамшер назар ба куштаҳои гуруснагӣ хушбахттар буданд, чунки аз теғ хуншор шуда, зуд мурдаанд, назар ба онҳое ки аз камии маҳсулоти киштзор бо азоби бисьёр ҷон додаанд.

10 Дастҳои занони раҳмдил бачаҳои худро пухтаанд, то ки дар вақти шикасти духтари қавми ман барояшон хӯрок шавад.

11 Худованд хашми Худро ба анҷом расондааст, шиддати ғазаби Худро фурӯ рехтааст ва оташе дар Сион афрӯхтааст, ки он асосҳои варо хӯрдааст.

12 Подшоҳони замин ва ҳамаи сокинони дуньё бовар намекарданд, ки аду ва душман ба дарвозаҳои Ерусалим дохил хоҳад шуд,

13 Аз боиси хатоҳои анбиёи он ва гуноҳҳои коҳинони он, ки хуни одилонро андаруни он мерехтанд;

14 Мисли кӯрон дар кӯчаҳо мегаштанд, дар ҳолате ки ба хун олуда буданд, ба тавре ки ба либосҳои онҳо касе наметавонист бирасад.

15 «Дур шавед! Палид аст!» — дод мегуфтанд дар ҳаққи онҳо, — «Дур шавед, дур шавед, нарасед!» Ва онҳо чунин сарсон ва овора шуда мегаштанд, ва дар миёни халқҳо дар бораи онҳо мегуфтанд: «Дигар дар ин ҷо сокин нахоҳанд шуд».

16 Хашми Худованд онҳоро пароканда хоҳад кард, дигар ба онҳо назари нек нахоҳад кард: дар он ҷо коҳинонро рӯихотир намекунанд ва ба пирон раҳм надоранд.

17 Чашмони мо ҳанӯз ба мадад беҳуда чор мешуд: дар чашмдошти худ ба халқе умедвор будем, ки вай наметавонист моро наҷот диҳад.

18 Қадамҳои моро камин мекарданд, ба дараҷае ки мо дар кӯчаҳои худ наметавонистем роҳ равем; охири мо наздик мешуд, рӯзҳои мо анҷом меёфт; ҳақиқатан охири мо фаро расида буд.

19 Таъқибкунандагони мо аз уқобҳои осмон тезравтар буданд: бар кӯҳҳо моро таъқиб мекарданд, дар биёбон барои мо камин месохтанд.

20 Масеҳи Худованд, ки рӯҳи ҳаёти мо буд, дар чоҳи онҳо афтод, ки дар бораи ӯ мегуфтем: «Ба зери сояи ӯ дар миёни халқҳо зиндагӣ хоҳем кард».

21 Шодӣ ва хурсандӣ намо, эй духтари Адӯм, ки дар замини Ус сокин ҳастӣ! Ин коса ба ту низ хоҳад расид: маст гардида, урьён хоҳӣ шуд.

22 Эй духтари Сион! Маъсияти ту акнун тамом шудааст: Ӯ туро дигар ҷалои ватан нахоҳад кард. Аммо маъсияти туро, эй духтари Адӯм, Ӯ ба ҷазо мустаҳиқ намуда, гуноҳҳоятро ошкор хоҳад кард.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan