Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Навҳаҳои Ирмиё 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СЕЮМ Ирмиё андӯҳгин асм, лекин дар андӯҳи худ тасаллӣ меёбад.

1 Ман одаме ҳастам, ки аз асои ғазаби Ӯ мазаллат дидаам.

2 Ӯ маро бурда, ба торикӣ даровардааст, ва на ба рӯшноӣ;

3 Фақат ба зидди ман тамоми рӯз гашта — баргашта дасти Худро нигаронидааст;

4 Гӯшт ва пӯсти маро реш‐реш карда, устухонҳои маро шикастааст;

5 Бар ман иморат сохта, маро бо заҳр ва мусибат иҳота намудааст;

6 Маро дар зулмот сокин гардондааст, мисли онҳое ки аз қадим мурдаанд;

7 Гирдогирди ман тавора кашидааст, то ки натавонам берун равам; ишкели маро вазнин кардааст;

8 Агарчи фарьёд ва истиғоса менамоям, дуои маро пешгирӣ кардааст;

9 Роҳҳои маро бо харсангҳо бандубаст намудааст, пайроҳаҳои маро каҷ кардааст.

10 Ӯ барои ман хирси каминвар аст, шерест, ки дар ҷои ниҳонӣ бошад;

11 Роҳҳои маро каҷ карда, маро даридааст, маро маъюс намудааст;

12 Камони Худро зеҳ карда, маро ҳадафе барои тир қарор додааст;

13 Тирҳои таркаши Худро ба гурдаҳои ман фурӯ фиристодааст.

14 Барои тамоми қавми худ хандахариш шудаам, калимаи тамасхури ҳаррӯзаи онҳо гардидаам.

15 Ӯ маро аз талхиҳо сер кардааст, маро аз явшон сероб намудааст;

16 Дандонҳоямро бо сангреза шикастааст, маро бо хокистар пӯшонидааст.

17 Ва ҷонам аз осоиштагӣ дур шудааст: некрӯзиро фаромӯш кардаам.

18 Ва гуфтам, ки қувватам ва умеде ки аз Худованд доштам, барбод рафтааст.

19 Мазаллат ва дилшикастагии маро, явшон ва заҳрро ба ёд овар.

20 Нағз ба ёд меоварам, ва ҷонам андаруни ман маъюс шудааст.

21 Ба дили худ чунин ҷавоб хоҳам гардонд ва бинобар ин умедвор хоҳам буд:

22 Эҳсонҳои Худованд поён надорад, ва марҳаматҳои Ӯ беинтиҳост;

23 Онҳо ҳар субҳ аз нав зоҳир мешавад: вафои Ту бузург аст.

24 «Худованд насибаи ман аст, — мегӯяд ҷони ман, — бинобар ин ба Ӯ умедвор хоҳам буд».

25 Худованд барои умедворони худ, барои ҳар ҷоне ки толиби Ӯст, нек аст:

26 Хуб мешавад, ки ба наҷоти Худованд сокитона умедвор бошанд.

27 Барои одамизод хуб аст, ки юғро дар ҷавонии худ бардошта бошад:

28 Вай танҳо нишаста, сукут хоҳад кард, зеро ки Худованд юғро бар вай ниҳодааст;

29 Даҳони худро бар хок хоҳад ниҳод: эҳтимол дорад, ки умеде бошад;

30 Ба касе ки варо мезанад, рухсори худро хоҳад дошт ва аз нанг сер хоҳад шуд.

31 Зеро ки Худованд ба сурати абадӣ тарк нахоҳад кард,

32 Балки, агар ғамгин кунад, аз рӯи эҳсонкории бузурги Худ марҳамат хоҳад намуд,

33 Зеро ки Ӯ банӣ‐одамро на ба дилхоҳи Худ ҷазо дода ғамгин мекунад.

34 Вақте ки ҳамаи бандиёни заминро бо пойҳои худ пахш мекунанд,

35 Вақте ки одамро ба ҳузури Ҳаққи Таоло ноҳақ доварӣ менамоянд,

36 Вақте ки дар муҳокимаи даъвои одам каҷкорӣ мекунанд, — магар инро Худованд намебинад?

37 Кист, ки чизе гуфта бошаду он чиз иҷро шуда бошад, бе он ки Худованд амр фармояд?

38 Оё бадиҳо ва некиҳо аз амри Ҳаққи Таоло ба вуқӯъ намеояд?

39 Одами зинда чӣ ҳақ дорад гила кунад, вақте ки аз гуноҳҳои худаш ҷазо бинад?

40 Пас, роҳҳои худро бояд тафтиш ва таҳқиқ кунем ва сӯи Худованд баргардем,

41 Дилҳои худро сӯи Худое ки дар осмон аст, бо дастҳо боло кунем:

42 «Мо гуноҳ кардаем ва саркашӣ намудаем, Ту наомурзидаӣ;

43 Худро бо ғазаб пӯшонида, моро таъқиб намудаӣ, куштаӣ, раҳме накардаӣ;

44 Худро бо абр пӯшонидаӣ, то ки дуо нагзарад;

45 Моро дар миёни қавмҳо хокрӯба ва ахлот гардондаӣ.

46 Ҳамаи душманони мо даҳони худро бар мо кушодаанд.

47 Даҳшат ва дом, харобӣ ва шикаст насиби мо шудааст.

48 Аз шикасти духтари қавми ман аз чашмам ҷӯйбори об мерезад.

49 Чашмам ашкбор аст ва бас намекунад, бе он ки танаффусе намояд,

50 То даме ки Худованд аз осмон назар андозад ва бубинад.

51 Чашмам аз барои ҳамаи духтарони шаҳри ман ҷони маро ба дард меоварад.

52 Онҳое ки ноҳақ ба ман душманӣ доранд, маро мисли мурғе сайд карданӣ шуданд;

53 Ҳаётамро дар чоҳ нобуд карда, маро сангборон намуданд.

54 Об аз сарам гузашт; гуфтам: „Корам тамом шуд“.

55 Аз даруни чоҳи чуқур исми Туро, эй Худованд, хондам.

56 Овози маро шунидӣ: „Пас, гӯши Худро аз фарьёд ва истиғосаи ман напӯшон“.

57 Дар рӯзе ки Туро хондам, наздик шуда гуфтӣ: „Натарс!“

58 Даъвоҳои ҷони маро Ту, эй Худованд, ҳимоят кардӣ, ҳаёти маро раҳонидӣ.

59 Ноинсофиеро, ки дар ҳаққи ман содир мешавад, Ту, эй Худованд, мебинӣ; пас, доди маро бидеҳ!

60 Тамоми интиқомҷӯии онҳоро, тамоми дасисакории онҳоро дар ҳаққи ман мебинӣ;

61 Таҳқири онҳоро, тамоми дасисакории онҳоро дар ҳаққи ман Ту, эй Худованд, мешунавӣ,

62 Низ суханони мухолифонам ва андешаҳоеро, ки онҳо ҳар рӯз ба муқобили ман доранд.

63 Шинухези онҳоро бубин, ки ман ашӯлаи онҳо гардидаам.

64 Сазояшонро, эй Худованд, мувофиқи аъмоли дастҳошон ба онҳо баргардон;

65 Ба онҳо маҳзунии дил бидеҳ; нафрини Ту бар онҳо бод.

66 Бо ғазаби Худ, эй Худованд, онҳоро таъқиб намо ва аз зери осмон маҳв кун».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan