Навҳаҳои Ирмиё 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Набӣ барои валангор шудани Яҳудо навҳа мекунад. 1 Чӣ гуна Худованд дар вақти ғазаби Худ духтари Сионро бо абрҳои тира пӯшонидааст, шукӯҳи Исроилро аз осмон ба замин афкандааст ва пойандози Худро дар рӯзи ғазаби Худ ба ёд наовардааст! 2 Худованд ҳамаи масканҳои Яъқубро талаф намуда, раҳме накардааст, қалъаҳои духтари Яҳудоро дар вақти хашми Худ хароб намуда, ба замин яксон кардааст, давлат ва мирони онро поймол гардондааст; 3 Дар шиддати ғазаби Худ тамоми шохи Исроилро шикастааст, ямини Худро аз омадани душман баргардонидааст ва Яъқубро мисли забонаҳои оташе ки ҳамаи чизҳои давру пешро фурӯ мебарад, сӯзонидааст; 4 Камони Худро мисли душман зеҳ кардааст, бо ямини Худ мисли аду ба қиём бархостааст ва ҳамаи назаррабоёнро куштааст; бар хаймаи духтари Сион хашми Худро мисли оташ рехтааст. 5 Худованд мисли душман шуда, Исроилро талаф намудааст: ҳамаи қасрҳои онро талаф намуда, калъаҳои онро хароб кардааст ва барои духтари Яҳудо нолаву фиғонро афзудааст; 6 Ва хаймаи Худро мисли боғ аз миён бардошта, ҷамъомадгоҳи Худро хароб кардааст. Худованд дар Сион рӯзҳои ид ва шанберо фаромӯш кунонидааст ва дар шиддати ғазаби Худ подшоҳ ва коҳинро хорузор намудааст. 7 Худованд қурбонгоҳи Худро тарк карда, қудси Худро хор дидааст; ҳисорҳои қасрҳои онро ба дасти душманон таслим намудааст: онҳо дар хонаи Худованд, ба монанди рӯзи ид, овоз бардоштаанд. 8 Худованд қарор додааст, ки ҳисори духтари Сионро хароб кунад; шоқул кашида, дасти Худро аз талаф кардан бознадоштааст; ва истеҳком ва ҳисорро, ки якҷоя ба хок яксон шудаанд, кисвати сӯгворӣ пӯшонидааст. 9 Дарвозаҳои он ба замин фурӯ рафтааст; ғалақаҳои онро вайрон карда шикастааст; подшоҳи он ва мирони он дар миёни ғайрияҳудиён мебошанд; шариате нест; анбиёи он низ рӯъёе аз ҷониби Худованд намеёбанд. 10 Пирони духтари Сион бар замин хомӯш нишастаанд, бар сари худ хокистар пошида, палос пӯшидаанд; дӯшизагони Ерусалим сари худро сӯи замин хам кардаанд. 11 Чашмонам аз ашк оҷиз шудааст, амъоям ҷӯш мезанад, ҷигарам аз шикасти духтари қавми ман бар замин мерезад, вақте ки кӯдакон ва ширмакон дар кӯчаҳои шаҳр беҳуш шуда меғалтанд. 12 Ба модарони худ мегӯянд: «Нон ва шароб куҷост?» — дар ҳолате ки мисли маҷрӯҳон дар кӯчаҳои шаҳр аз ҳуш рафта, дар оғӯши модарони худ ҷон медиҳанд. 13 Чӣ шаҳодате барои ту бидиҳам, чӣ қиёсе барои ту биёварам, эй духтари Ерусалим? Чиро ба ту ташбеҳ намоям, то ки туро тасаллӣ диҳам, эй духтари бокираи Сион? Зеро ки шикасти ту мисли баҳр бузург аст, ва кист, ки туро тавонад шифо диҳад? 14 Анбиёи ту чизҳои ботил ва беаслро барои ту пешгӯӣ намудаанд ва гуноҳатро ошкор накардаанд, то ки хавфи асирии туро пешгирӣ намоянд, балки нубувватҳои ботил ва хаёлҳои хомро барои ту изҳор кардаанд. 15 Ҳамаи роҳгузарон дар ҳаққи ту даст бар ҳам месоянд, ҳуштак кашида, ба ҳоли духтари Ерусалим сар меҷунбонанд: «Оё ҳамин аст шаҳре ки онро камоли зебоӣ, шодии тамоми замин мегуфтанд?» 16 Ҳамаи душманонат даҳони худро бар ту кушодаанд, ҳуштак кашида ва дандон ғиҷиррос занонда, мегӯянд: «Онро талаф кардем! Ҳай‐ҳай, ин ҳамон рӯз аст, ки дар интизораш будем ва ҳоло ба он ноил шудаем, онро ба чашми худ дидаем!» 17 Худованд он чи қарор дода буд, иҷро кардааст; амреро, ки аз қадимулайём фармуда буд, ба амал овардааст: хароб намуда, раҳме накардааст ва душманро бар ту шод гардонда, шохи адуёнатро баланд бардоштааст. 18 Дили онҳо сӯи Худованд фарьёд мекунад: эй ҳисори духтари Сион! Рӯзу шаб мисли ҷӯйбор ашк рез, ба худат оромӣ надеҳ, гавҳараки чашмат қарор наёбад. 19 Шабонгоҳ, дар аввали посҳо, бархоста фиғон бардор; ба ҳузури Худованд дили худро мисли об рехта холӣ кун; дастҳои худро дар бораи ҷони кӯдаконат, ки дар сари ҳар кӯча аз гуруснагӣ беҳуш мешаванд, сӯи Ӯ боло бардор: 20 «Худовандо! Назар андоз ва бубин, ки чунин амалро ба кӣ кардаӣ? Оё равост, ки занон меваи батни худро, — кӯдаконеро, ки ба сад ноз парварда буданд, — бихӯранд? Оё равост, ки коҳин ва набӣ дар қудси Худованд кушта шаванд? 21 Наврасон ва пирон бар хоки кӯчаҳо хобидаанд; дӯшизагонам ва ҷавононам аз дами шамшер афтодаанд; Ту онҳоро дар рӯзи ғазаби худ куштаӣ, ба қатл расондаӣ ва раҳме накардаӣ; 22 Даҳшатҳои маро аз гирду атроф, ба монанди рӯзи ид, даъват намудаӣ; ва касе набуд, ки дар рӯзи ғазаби Худованд гурехта ва зинда монда бошад: онҳоеро, ки ба сад ноз парварда ва калон карда будам, душмани ман талаф намудааст». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden