Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Навҳаҳои Ирмиё 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЯКУМ Андӯҳ дар бораи Ерусалими валангоршуда.

1 Чӣ гуна он шаҳре ки серодам буд, яккаву танҳо нишастааст, он шаҳре ки дар миёни халқҳо бузург буд, мисли бевазане шудааст, он шаҳре ки бар кишварҳо хукмфармо буд, хироҷгузор гардидааст!

2 Шабонгоҳ вай зор‐зор мегирьяд, ва ашкҳои вай бар рухсораҳои вай аст. Аз байни ҳамаи ошиқонаш барои вай тасаллидиҳандае нест: ҳамаи ёронаш ба вай хиёнат кардаанд, ба вай душман шудаанд.

3 Яҳудо аз боиси мазаллат ва меҳнати сахт ҷалои ватан шудааст; вай дар миёни бутпарастон нишаста, фароғат намеёбад; ҳамаи таъқибкунандагонаш дар миёни тангиҳо ба вай даррасидаанд.

4 Роҳҳои Сион мотам гирифтааст, чунки мардум дар идҳо ба зиёрат намеоянд; ҳамаи дарвозаҳояш хароб шудааст; коҳинонаш оҳу воҳ мекунанд, дӯшизагонаш ғамгинанд, ва худаш талхком аст.

5 Адуёнаш сарбаланд шудаанд, душманонаш комронӣ мекунанд, зеро ки Худованд варо аз боиси гуноҳҳои бисьёраш ғамгин кардааст; кӯдаконаш пешопеши аду ба асирӣ рафтаанд.

6 Ва аз духтари Сион тамоми ҳашамати вай нест шудааст; мирони вай, мисли ғизолоне ки чарогоҳ наёфта бошанд, бемаҷол гардида, пешопеши таъқибкунанда равона шудаанд.

7 Ерусалим дар айёми мусибатҳо ва уқубатҳои худ ҳамаи нозу неъматҳои худро, ки аз қадимулайём дошт, ба ёд меоварад, дар сурате ки қавми вай ба дасти душман афтодааст, ва мададгоре барои вай нест; адуён ба вай нигариста, ба ҳоли харобиҳояш механданд.

8 Ерусалим гуноҳи азиме кардааст, аз ин сабаб кароҳатангез шудааст: ҳамаи онҳое ки варо мӯҳтарам медоштанд, ба вай беэътиноӣ мекунанд, зеро ки урьёнии варо дидаанд; худаш низ оху воҳ мекунад ва рӯ ба қафо мегардонад.

9 Наҷосати вай бар домани вай буд, лекин ояндаи худро ба ёд намеовард; бинобар ин ба таври хайратангез ба залолат афтодааст, ва тасаллидиҳандае барои вай нест. «Худовандо! Мазаллати маро бубин, зеро ки душман мутакаббир шудааст».

10 Аду ба ҳамаи нозу неъматҳои вай дасти тааддӣ дароз кардааст: вай дидааст, ки ба қудси вай ғайрияхудиён даромадаанд, ки дар бораи онҳо Ту амр фармудаӣ, ки ба ҷамоати Ту дохил нашаванд.

11 Тамоми қавми вай оҳу воҳ карда, нон мечӯянд, нозу неъматҳои худро дар бадали хӯрок додаанд, то ки зинда бимонанд. «Худовандо! Назар андоз ва бубин, ки ман чӣ гуна залил шудаам».

12 «Бигзор ин ба шумо, эй ҳамаи роҳгузарон, рӯй надиҳад. Назар андозед ва бубинед, ки оё дарде мисли дарди ман ҳаст, ки он ба сари ман омадааст, ва Худованд дар рӯзи шиддати ғазаби Худ маро ғамгин кардааст?

13 Аз афроз Ӯ оташе ба устухонҳоям фиристода, онҳоро бирьён кардааст; доме барои пойҳоям ниҳода, маро ба қафо баргардонидааст; маро маъюс ва дардманди ҳаррӯза сохтааст.

14 Юғи гуноҳҳоям, ки бо дасти Ӯ ба ҳам барбаста бофта шудааст, бар гарданам баромада, маро бемаҷол кардааст; Худованд маро ба дастҳое таслим кардааст, ки наметавонам пеши онҳо истодагӣ намоям.

15 Ҳамаи баҳодурони маро Худованд андаруни ман вожгун кардааст: ҷамъомадеро бар зидди ман даъват намудааст, то ки ҷавонони маро несту нобуд кунанд; духтари бокираи Яҳудоро Худованд дар чархушт поймол кардааст.

16 Дар ҳаққи инҳо ман гирья мекунам: аз чашмам, аз чашмам об мерезад, зеро тасаллидиҳандае ки ҷонамро қувват медода бошад, аз ман дур шудааст; писаронам хонавайрон шудаанд, зеро ки душман зӯр баромадааст».

17 Сион дастҳои худро дароз мекунад, лекин тасаллидиҳандае барои вай нест: Худованд дар ҳаққи Яъқуб амр фармудааст, ки ӯро адуёнаш иҳота кунанд; Ерусалим дар миёни онҳо кароҳатангез шудааст.

18 «Худованд одил аст, зеро ки аз амри Ӯ саркашӣ кардаам. Бишнавед, эй ҳамаи қавмҳо, ва дарди маро бубинед: дӯшизагонам ва ҷавононам ба асирӣ рафтаанд.

19 Дӯстдорони худро даъват намудам, лекин онҳо дар ҳаққи ман хиёнат карданд; коҳинонам ва пиронам дар шаҳр ҷон доданд, дар ҳолате ки барои худ хӯрок меҷустанд, то ки зинда бимонанд.

20 Худовандо, назар андоз, зеро ки дар тангӣ ҳастам: амъоям ҷӯш мезанад, дилам андарунам чаппа шудааст, зеро ки бағоят саркашӣ кардаам; аз берун шамшер нобуд мекард, чунон ки дар хона мамот ҳукмфармо буд.

21 Мешунаванд, ки ман оҳу воҳ мекунам, аммо тасаллидиҳандае барои ман нест; ҳамаи душманонам мусибати маро шунида шод шудаанд, ки Ту инро дар ҳаққи ман кардаӣ. Кошки он рӯзи эълонкардаи Худро меовардӣ, ва онҳо мисли ман мешуданд!

22 Бигзор тамоми шарорати онҳо пеши назари Ту биёяд, ва ба онҳо ончунон амал кунӣ, чунон ки ба ман барои ҳамаи гуноҳҳоям амал кардаӣ; зеро ки оҳу фиғонам бисьёр аст, ва дилам пурдард аст».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan