Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Наҳум 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СЕЮМ Ҳар он чи кишт кунӣ — онро хоҳӣ даравид.

1 Вой ба ҳоли шаҳри хунхор! Сар то сари он пур аз макр ва ситам аст, ва тороҷ аз он дур намешавад.

2 Садои тозиёнаҳо, ва овози гулдурроси чархҳо, ва аспони даванда, ва аробаҳои чархзананда ба гӯш мерасад.

3 Саворон бо шиддат асп меронанд, ва ялт‐ялти шамшерҳо, ва барқзании найзаҳо, ва анбӯҳи кушташудагон, ва тӯда‐тӯда ҷасадҳои мурда ба назар мерасад, ва ҷасадҳо интиҳое надорад, ва роҳгузарон ба он ҷасадҳо пешпо мехӯранд.

4 Ин ҳама аз боиси зинокории зиёди фоҳишаи зеботалъати соҳиби ҷодуҳо ба амал омадааст, ки вай халқҳоро бо зиноҳои худ, ва қабилаҳоро бо ҷодуҳои худ мефурӯшад.

5 «Инак Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ба ту зид ҳастам, ва доманатро бар рӯят хоҳам бардошт, ва аврати туро ба халқҳо, ва нанги туро ба мамлакатҳо нишон хоҳам дод.

6 Ва наҷосатҳо бар ту хоҳам рехт, ва туро нафратангез хоҳам гардонид, ва туро барои хандахариш ба тамошои мардум хоҳам гузошт».

7 Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар кӣ туро бинад, худро аз ту канор гирифта, хоҳад гуфт: «Нинве валангор шудааст!» Кист, ки дар ҳаққи вай афсӯс хӯрад? Аз куҷо барои ту таъзиякунандагонро пайдо кунам?

8 Оё ту аз Нӯ‐Омун беҳтар ҳастӣ, ки бар наҳрҳо ҷойгир буда, онро об иҳота мекард, баҳр қалъаи он буд, яъне ҳисораш аз баҳр иборат буд?

9 Ҳабаш иқтидори он буд, ва Миср низ, ки кӯшунаш сону шумор надошт; Фут ва Лубим мададгорони ту буданд.

10 Вай низ ҷалои ватан шуда, ба асирӣ рафтааст; кӯдаконаш низ дар сари ҳар кӯча ба сангҳо зада кушта шудаанд; ва бар ашрофи вай қуръа партофтаанд, ва тамоми акобираш бо занҷирҳо баста шудаанд.

11 Ту низ масту мадҳуш гардида, аз назар ғоиб хоҳӣ шуд; ту низ аз дасти душман паноҳгоҳ хоҳӣ ҷуст.

12 Ҳамаи қалъаҳоят ба дарахтони анҷире монандӣ хоҳад дошт, ки навбарҳояш пухта расида бошад: ҳамин ки таконе дода шавад, меваи онҳо ба даҳони хӯранда меафтад.

13 Инак, қавми ту мисли занонанд андаруни ту; дарвозаҳои замини ту барои душманонат васеъ кушода мешавад; оташ ғалақаҳояшро сӯзонидааст.

14 Барои замони муҳосираат об захира намо; қалъаҳоятро мустаҳкам кун; ба лой даро, ва гилро пой бизан, қолиби хиштро ба даст гир.

15 Дар он ҷо оташ туро хоҳад сӯзонид, шамшер туро нобуд хоҳад кард, туро мисли малах хоҳад хӯрд, агарчи ба сони кирми малах биафзоӣ, яъне ба сони малах зиёд шавӣ.

16 Тоҷиронат аз ситорагони осмон зиёдтар шудаанд; мисли малах ҳуҷум карда, парида мераванд.

17 Миронат мисли малах, ва амалдоронат мисли анбӯҳи ҷарод мебошанд, ки дар рӯзи сармо бар деворҳо ҷойгир мешаванд, аммо ҳамин ки офтоб тулӯъ кунад, парида мераванд, ва маълум нест, ки ҷояшон куҷост.

18 Чӯпонони ту, эй подшоҳи Ашшур, пинак рафтаанд, зӯроварони ту хобидаанд; қавми ту бар кӯҳҳо пароканда шудаанд, ва касе нест, ки онҳоро ҷамъ оварад.

19 Барои шикасти ту муолиҷае нест, зарбае ки ту хӯрдаӣ, даво надорад; ҳамаи онҳое ки ин хабарро дар бораи ту шунидаанд, ба ҳоли ту чапак заданд, зеро кист, ки бадии ту ба вай ҳамеша нарасида бошад?

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan