Наҳум 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Хароб шудани Нинве; ҳарбу зарб дар кӯчаҳояш. 1 Харобкунанда ба муқобили ту баромадааст: ҳисорро муҳофизат намо, роҳро посбонӣ бикун, камарро маҳкам бибанд, қуввати зиёде фароҳам овар. 2 Зеро ки Худованд шавкати Яъқубро мисли шавкати Исроил аз нав барқарор месозад, чунки тороҷгарон онҳоро тороҷ намуда, навдаҳошонро несту нобуд кардаанд. 3 Сипари паҳлавонони вай суп‐сурх аст, ҷанговарони вай либоси арғувонӣ пӯшидаанд; пӯлоди аробаҳояш дар рӯзи тайёрии вай мисли оташ барқ мезанад, ва найзаҳои вай дар ҷавлон аст. 4 Аробаҳо дар кӯчаҳо девонавор медавад, дар майдонҳо гулдур‐гулдур мекунад; намуди онҳо мисли машъалҳост, мисли барқҳо ялт‐ялт мекунад. 5 Вай зӯроваронашро ҷеғ мезанад, лекин онҳо дар вақти роҳ рафтан пешпо мехӯранд; онҳо сӯи ҳисор мешитобанд, вале сақфи муҳофизат аллакай тайёр шудааст. 6 Дарвозаҳои наҳрҳо кушода шуд, ва қаср ба ҳарос афтод. 7 Ва малика бараҳна карда, ба асирӣ бурда шуд, ва канизонаш синазанон, мисли садои кабӯтарон оҳу воҳ мекунанд. 8 Ва Нинве аз аввали мавҷудияташ мисли ҳавзи пур аз об буд, ва ҳоло онҳо рӯ ба гурез овардаанд. «Биистед, биистед!» Валекин ҳеҷ кас ба ақибаш нигоҳ намекунад. 9 Нуқраро тороҷ кунед, тиллоро тороҷ кунед! Захираҳои ҳар навъ колои гаронбаҳо интиҳое надорад. 10 Вай тороҷ, валангор ва хароб гардидааст, ва дилаш ҳаросон ва зонуҳояш ларзон шудааст, ва ҳамаи камарҳоро ларза гирифтааст, ва ранги рӯи ҳама паридааст. 11 Куҷост он макони шерон, ва он чарогоҳи шерони ҷавон, ки шери нар ва шери мода бо шербача дар он ҷо гаштугузор мекарданд, ва касе набуд, ки онҳоро безобита кунад? 12 Шери нар басо барои шербачаҳои худ медарид, ва барои шерҳои модаи худ буғӣ менамуд, ва мағораҳои худро аз сайд, ва лонаҳои худро аз нахҷир пур мекард. 13 «Инак Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ба ту зид ҳастам, ва аробаҳои туро дар дуд хоҳам сӯзонид, ва шамшер шерҳои ҷавони туро талаф хоҳад кард, ва шикори туро аз замин маҳв хоҳам сохт, ва овози элчиёнат дигар шунида нахоҳад шуд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden