Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Наҳум 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЯКУМ Худованд қуддус аст.

1 Ваҳй дар бораи Нинве; китоби рӯъёи Наҳуми алкӯшӣ.

2 Худованд Худои ғаюр ва интиқомгир аст; Худованд интиқомгир ва пурхашм аст; Худованд аз адуёнаш интиқом мегирад, ва хашми Худро барои душманонаш нигоҳ медорад.

3 Худованд пурсабр ва бузургқувват аст, ва беҷазо намегузорад; роҳи Худованд дар тундбод ва тӯфон аст, ва абрҳо ғубори пои Ӯст.

4 Бар баҳр итоб менамояд, ва онро хушк мекунад, ва ҳамаи наҳрҳоро хушконидааст; Бошон ва Кармил пажмурда гаштааст, ва гули Лубнон пажмурда гаштааст.

5 Кӯҳҳо аз Ӯ ба ларза омадааст, ва пуштаҳо гудохта шудааст; ва замин аз ҳузури Ӯ ҷунбиш кардааст, ва ҷаҳон ва ҳамаи сокинони он низ.

6 Пеши ғазаби Ӯ кист, ки тавонад истодагӣ кунад? Ва кист, ки ба хашми Ӯ тавонад тоб оварад? Қаҳри Ӯ мисли оташ забона мезанад, ва сахраҳо аз шиддати он пора‐пора мешавад.

7 Худованд некӯст — дар рӯзи мусибат паноҳгоҳи мустаҳкам аст, ва паноҳбарони Худро мешиносад.

8 Ва бо селоби шадиде Ӯ макони онро тамоман ба ҳалокат хоҳад расонид, ва торикӣ душманони Ӯро таъқиб хоҳад кард.

9 Дар бораи Худованд шумо чӣ андеша доред? Ӯ тамоман ба ҳалокат хоҳад расонид, ва мусибат бори дигар ба миён нахоҳад омад.

10 Зеро, азбаски мисли хорҳо ба ҳам печидаанд ва мисли майзадагон масту мадҳуш шудаанд, онҳо мисли коҳи хушк комилан хоҳанд сӯхт.

11 Машваратчии шарире ки дар бораи Худованд андешаи бад дорад, аз ту берун омадааст.

12 Худованд чунин мегӯяд: «Ҳарчанд онҳо пурзӯр ва сершумор бошанд ҳам, вале шикаст хӯрда, аз назар ғоиб хоҳанд шуд; ва туро, эй Яҳудо, ки ба азият дучор намудаам, дигар азият нахоҳам дод.

13 Ва алҳол юғи варо аз гардани ту хоҳам шикаст, ва бандҳои туро хоҳам барканд».

14 Ва дар бораи ту Худованд амр фармудааст: «Насле бо номи ту дигар нахоҳад буд; аз хонаи худоёнат санам ва бутро маҳв хоҳам кард, қабри туро дар он ҷо хоҳам сохт, зеро ки ту разил будӣ».


Башорати оянда.

15 Инак, бар кӯҳҳо пойҳои башоратдиҳандае ки аз сулҳу осоиштагӣ хабар медиҳад: идҳои худро, эй Яҳудо, ид намо, назрҳои худро ба ҷо биёр, зеро ки шарир дигар аз ту қадамгузор нахоҳад шуд: вай саросар маҳв гардидааст.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan