Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Наҳемьё 9 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ НӮҲУМ Қавм тавба карда, рӯза медоранд.

1 Ва дар рӯзи бисту чоруми ин моҳ банӣ‐Исроил ҷамъ шуданд, дар ҳолате ки рӯзадор, палос дар бар ва хок бар сар буданд.

2 Ва насли Исроил аз ҳамаи зодагони аҷнабӣ ҷудо шуданд ва истода, гуноҳҳои худашон ва маъсиятҳои падаронашонро эътироф карданд.

3 Ва дар ҷойҳои худ истода, чорьяки рӯз китоби Тавроти Худованд Худои худро хонданд, ва чорьяки рӯз гуноҳҳоро эътироф намуда, Худованд Худои худро парастиш карданд.


Изҳори эътиқоди коҳинон ва левизодагон.

4 Ва Ешуа, ва Бонӣ, ва Қадмиил, ва Шабаньё, ва Буннӣ, ва Шарабьё, ва Бонӣ, ва Канонӣ бар минбари левизодагон истода, бо овози баланд ба хузури Худованд Худои худ фарьёд заданд.

5 Ва левизодагон — Ешуа, ва Қадмиил, ва Бонӣ, ва Ҳашабниё, ва Шарабьё, ва Ҳудиё, ва Шабаньё, ва Фатаҳьё — гуфтанд: «Бархезед ва Худованд Худои худро аз азал то абад муборак бихонед! Ва исми ҷалоли Туро, ки аз тамоми баракот ва ҳамду сано болотар аст, муборак хоҳанд хонд!

6 Танҳо Ту Худованд ҳастӣ, Ту осмон, фалакулафлок ва тамоми лашкари онҳоро, замин ва ҳар чиро, ки бар он аст, баҳрҳо ва ҳар чиро, ки дар онҳост, ба вуҷуд овардаӣ, ва Ту ба ҳамаи онҳо ҳаёт мебахшӣ, ва лашкари афлок ба Ту саҷда мекунанд.

7 Ту Он Худованд Худо ҳастӣ, ки Абромро баргузидӣ, ва ӯро аз Ур‐Касдим берун овардӣ, ва ба ӯ исми Иброҳимро додӣ.

8 Ва дили ӯро ба ҳузури Худ амин ёфта, бо ӯ аҳд бастӣ, ки замини канъониён, ҳиттиён, амӯриён, фариззиён, ябусиён ва ҷирҷошиёнро бидиҳӣ, — ба насли ӯ бидиҳӣ; ва қавли Худро ба ҷо овардӣ, зеро ки Ту одил ҳастӣ.

9 Ва мусибати падарони моро дар Миср дидӣ, ва фарьёди онҳоро назди баҳри Қулзум шунидӣ,

10 Ва бар фиръавн, бар ҳамаи ғуломони ӯ ва бар тамоми қавми замини ӯ аломот ва мӯъҷизот зоҳир намудӣ, зеро медонистӣ, ки бар падарони мо ситам мекарданд, ва барои Худ исм пайдо кардӣ, чунон ки имрӯз низ маълум аст.

11 Ва баҳрро пеши онҳо пора кардӣ, ва онҳо андаруни баҳр ба хушкӣ гузаштанд, ва таъқибкунандагони онҳоро дар умқҳои баҳр, мисли санге дар оби чуқур, андохтӣ.

12 Ва онҳоро рӯзона дар сутуни абр ва шабона дар сутуни оташ бурдӣ, то роҳеро, ки дар он бояд бираванд, равшан намоӣ.

13 Ва бар кӯҳи Сино фурӯд омадӣ, ва бо онҳо аз осмон сухан рондӣ, ва қонунҳои барҳақ, дастурҳои рост, фароиз ва аҳкоми некӯ ба онҳо додӣ.

14 Ва шанбеи муқаддаси Худро ба онҳо маълум кардӣ, ва аҳкому фароизу қонунҳо ба воситаи бандаи Худ Мусо ба онҳо амр фармудӣ.

15 Ва нон аз осмон ба онҳо аз баҳри гуруснагиашон додӣ, ва об аз сахра ба онҳо аз баҳри ташнагиашон берун овардӣ, ва ба онҳо гуфтӣ, ки омада заминеро мерос гиранд, ки Ту бо дасти барафроштаи Худ қасам хӯрда будӣ, ки онро ба онҳо бидиҳӣ.

16 Вале онҳо, падарони мо, рафтори шарирона намуда, гарданкашӣ карданд ва ба аҳкоми Ту гӯш надоданд,

17 Ва аз гӯш додан сар тофтанд, ва мӯъҷизоти Туро, ки барои онҳо ба амал овардӣ, ба ёд наоварданд, ва гарданкашӣ карданд, ва исьён бардошта, пешвоеро барои худ баргузиданд, то ки ба ғуломии худ баргарданд; вале Ту Худои ғаффор, карим ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон ҳастӣ, ва онҳоро тарк накардӣ.

18 Гарчанде ки онҳо гӯсолаи рехтае барои худ сохтанд ва гуфтанд: „Ин аст худои ту, ки туро аз Миср берун овард“, ва куфрҳои азиме ба амал оварданд,

19 Вале Ту, бар ҳасби марҳамати бузурги Худ, онҳоро дар биёбон тарк накардӣ: сутуни абре ки рӯзона роҳро ба онҳо нишон медод, аз болои онҳо дур нашуд; ва сутуни оташ низ, ки шабона роҳеро, ки бояд бо он бираванд, барои онҳо равшан мекард.

20 Ва рӯҳи некӯи Худро барои омӯхтани онҳо додӣ, ва манни Худро аз даҳони онҳо кашида нагирифтӣ, ва об ба онҳо барои ташнагиашон додӣ.

21 Ва чил сол дар биёбон ба онҳо ғизо додӣ — ба чизе эҳтиёҷ надоштанд; либоси онҳо кӯҳна нашуд, ва пойҳои онҳо варам накард.

22 Ва мамлакатҳо ва қавмҳоро ба онҳо дода, он қавмҳоро ба ҳар гӯша пароканда намудӣ; ва онҳо замини Сиҳӯн — замини подшоҳи Ҳешбӯн, ва замини Ӯҷ, подшоҳи Бошонро мерос гирифтанд.

23 Ва писарони онҳоро мисли ситораҳои осмон афзун кардӣ, ва онҳоро ба замине овардӣ, ки ба падаронашон гуфта будӣ, ки омада онро мерос хоҳанд гирифт.

24 Ва писаронашон омада, он заминро мерос гирифтанд, ва Ту канъониёнро, ки сокинони он замин буданд, пеши онҳо мағлуб намуда, бо подшоҳонашон ва қавмҳои он замин ба дасти онҳо супурдӣ, то ки ба дилхоҳи худ бо онҳо рафтор кунанд.

25 Ва шаҳрҳои истеҳкомдор ва замини ҳосилхезро мусаххар карданд, ва хонаҳои пур аз ҳар гуна неъмат, обанборҳои дар сахра кандашуда, токзорҳо, боғҳои зайтун ва дарахтони мевадори сершуморро мерос гирифтанд; ва ба туфайли некӯии бузурги Ту хӯрда, сер ва фарбеҳ шуданд ва лаззат бурданд;

26 Ва саркашӣ намуда, ба Ту осӣ шуданд, ва аз Тавроти Ту рӯ гардонданд, ва анбиёи Туро, ба сабаби таъкид карданашон, то сӯи Ту руҷӯъ намоянд, куштанд, ва куфрҳои азиме ба амал оварданд.

27 Ва онҳоро ба дасти душманонашон супурдӣ, ва онҳоро ба танг оварданд, ба онҳо дар замони тангии худ сӯи Ту фарьёд заданд, ва Ту аз осмон иҷобат намудӣ, ва бар ҳасби марҳамати бузурги Худ ба онҳо наҷотдиҳандагонро додӣ, ки онҳоро аз дасти душманонашон раҳо карданд.

28 Вале ҳамин ки онҳо осуда мешуданд, аз нав ба хузури Ту бадкорӣ мекарданд, ва Ту онҳоро ба дасти душманонашон месупурдӣ, ки бар онҳо хукмронӣ мекарданд; ва онҳо боз сӯи Ту фарьёд мезаданд, ва Ту аз осмон иҷобат намуда, бар ҳасби марҳамати Худ онҳоро дафъаи бисьёр наҷот медодӣ.

29 Ва онҳоро таъкид менамудӣ, то ки сӯи Тавроти Ту руҷӯъ намоянд, вале онҳо рафтори шарирона намуда, ба аҳкоми Ту гӯш надоданд, ва бар хилофи қонунҳои Ту, ки кас агар онҳоро ба ҷо оварад, зиндагии некӯ мебинад, гуноҳ карданд, ва аз итоат рӯ тофта ва гарданкашӣ карда, гӯш надоданд.

30 Ва солҳои бисьёр ба онҳо сабурӣ намудӣ, ва бо Рӯҳи Худ ба воситаи анбиёи Худ онҳоро таъкид кардӣ, вале онҳо гӯш надоданд, ва Ту онҳоро ба дасти қавмҳои кишварҳо супурдӣ.

31 Валекин бар ҳасби марҳамати бузурги Худ онҳоро комилан маҳв насохтӣ ва тарк накардӣ, зеро ки Ту Худои карим ва раҳим ҳастӣ.

32 Ва алҳол, эй Худои мо, эй Худои бузург, ҷаббор ва саҳмгин, ки аҳд ва марҳаматро нигоҳ медорӣ! Бигзор тамоми он азобу уқубате ки бар мо: бар подшоҳони мо, бар сарварони мо, ва бар коҳинони мо, ва бар анбиёи мо, ва бар падарони мо, ва бар тамоми қавми Ту аз айёми подшоҳони Ашшур то имрӯз омадааст, ба хузури Ту кам нанамояд.

33 Валекин Ту дар тамоми он чизҳое ки ба сари мо омадааст, одил ҳастӣ, зеро ки барҳақ амал кардаӣ, ва мо гуноҳкор ҳастем.

34 Ва подшоҳони мо, сарварони мо, коҳинони мо ва падарони мо шариати Туро риоя накарданд, ба аҳкоми Ту ва ба таъкидҳои Ту, ки ба онҳо амр фармудӣ, гӯш надоданд.

35 Ва онҳо дар мамлакати худ, бо вуҷуди некии бузурге ки Ту ба онҳо кардӣ, дар замини фароху ҳосилхезе ки Ту ба онҳо бахшидӣ, Туро ибодат накарданд, ва аз кирдорҳои бади худ даст накашиданд.

36 Инак, мо имрӯз ғуломон ҳастем, ва дар замине ки ба падарони мо додӣ, то мева ва неъмати онро бихӯрем, инак, мо дар он ғуломон ҳастем.

37 Ва ҳосилоти фаровони худро он барои подшоҳоне меоварад, ки онҳоро Ту ба сабаби гуноҳҳои мо бар мо гузоштаӣ, ва онҳо бар ҷасадҳои мо ва бар чорпоёни мо ба дилхоҳи худ ҳукмронӣ мекунанд, ва мо ба тангии азиме гирифтор ҳастем.

38 Ва бо ин ҳама мо аҳду паймон бастем ва онро навиштем, ва сарварони мо, левизодагони мо ва коҳинони мо бар он мӯҳр гузоштанд».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan