Наҳемьё 8 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАШТУМ Хондан ва шарҳ додани Таврот. 1 Ва тамоми қавм, мисли як тан, дар майдони пеши дарвозаи Об ҷамъ шуданд, ва ба Эзрои китобдон гуфтанд, ки китоби Тавроти Мусоро, ки Худо ба Исроил амр фармудааст, биёрад. 2 Ва Эзрои коҳин Тавротро дар рӯзи якуми моҳи ҳафтум ба ҳузури ҷамоати иборат аз мардон ва занон ва ҳамаи онҳое ки метавонистанд бишнаванд ва бифаҳманд, овард. 3 Ва дар майдони пеши дарвозаи Об аз субҳидам то нисфи рӯз дар ҳузури мардон, занон ва онҳое ки метавонистанд бифаҳманд, онро хонд, ва гӯши тамоми қавм ба китоби Таврот буд. 4 Ва Эзрои китобдон бар минбари чӯбине ки барои ин мақсад сохта буданд, истод, ва дар паҳлуи ӯ, аз тарафи росташ, Матитьё ва Шемаъ ва Аноё ва Уриё ва Ҳилқиё ва Маасиё истоданд, ва аз тарафи чапаш — Фадоё ва Мишоил ва Малкиё ва Ҳошум ва Ҳашбадоно ва Закарьё ва Машуллом. 5 Ва Эзро китобро дар пеши назари тамоми қавм кушод, зеро ки аз тамоми қавм болотар истода буд, ва чун онро кушод, тамоми қавм бархостанд. 6 Ва Эзро Худованд Худои бузургро муборак хонд, ва тамоми қавм дастҳои худро боло бардошта, дар ҷавоб «омин, омин!» гуфтанд ва сархам намуда ва рӯ ба замин ниҳода, пеши Худованд саҷда бурданд. 7 Ва Ешуа, Бонӣ, Шарабьё, Ёмин, Аққуб, Шабтай, Ҳудиё, Маасиё, Қалито, Азарьё, Юзобод, Ҳонон, Фалоё ва левизодагон Тавротро ба қавм фаҳмонда медоданд, ва қавм дар ҷои худ истода буданд. 8 Ва китоби Тавроти Худоро батафсил хонданд ва шарҳ доданд, то он чиро, ки хонданд, бифаҳманд. 9 Ва Наҳемьё, ки волӣ бошад, ва Эзрои коҳини китобдон, ва левизодагоне ки ба қавм фаҳмонда медоданд, ба тамоми қавм гуфтанд: «Имрӯз барои Худованд Худои шумо рӯзи муқаддас аст; андӯҳгин нашавед ва гирья накунед», — чунки тамоми қавм ба шунидани суханони Таврот мегиристанд. 10 Ва ба онҳо гуфт: «Биравед, хӯрокҳои равғанин бихӯред ва шарбатҳо бинӯшед, ва ба онҳое ки чизе муҳайё накардаанд, ҳиссаҳо бифиристед, зеро ки имрӯз барои Худованди мо рӯзи муқаддас аст; ва ғамгин нашавед, чунки шод будан ба ҳузури Худованд қуввати шумост». 11 Ва левизодагон тамоми қавмро ором карда, мегуфтанд: «Сокит бошед, чунки имрӯз рӯзи муқаддас аст, ва ғамгин нашавед». 12 Ва тамоми қавм рафтанд, то ки бихӯранд ва бинӯшанд ва ҳиссаҳо бифиристанд ва хурсандии азиме бикунанд, зеро суханонеро, ки ба онҳо гуфта буданд, фаҳмиданд. 13 Ва дар рӯзи дуюм сардорони хонаводаҳои тамоми қавм, коҳинон ва левизодагон, назди Эзрои китобдон ҷамъ шуданд, то ки ба суханони Таврот гӯш диҳанд. Аз нав барқарор кардани иди хаймаҳо. 14 Ва дар Таврот чунин навиштае ёфтанд, ки Худованд ба воситаи Мусо амр фармудааст, ки банӣ‐Исроил дар иди моҳи ҳафтум дар хаймаҳо сокин шаванд. 15 Ва аз ин рӯ дар ҳамаи шаҳрҳо ва дар Ерусалим эълон карданд ва ҷор зада, гуфтанд: «Ба кӯҳ бароед ва шохаҳои зайтуни боғӣ, ва шохаҳои зайтуни даштӣ, ва шохаҳои ос, ва шохаҳои хурмо, ва шохаҳои дарахти мурд биёред, то мувофиқи он чи навишта шудааст, хаймаҳо бисозед». 16 Ва қавм берун омаданд, ва ҳар яке бар боми худ, ва дар саҳни ҳавлии худ, ва дар саҳни хонаи Худо, ва дар майдони дарвозаи Об, ва дар майдони дарвозаи Эфроим хаймаҳо барои худ сохтанд. 17 Ва тамоми ҷамоате ки аз асирӣ баргашта буданд, хаймаҳо сохтанд, ва дар хаймаҳо сокин шуданд, зеро ки банӣ‐Исроил аз айёми Еҳушаъ ибни Нун то он рӯз чунин накарда буданд; ва шодмонии бағоят бузурге ба амал омад. 18 Ва ӯ ҳар рӯз, аз рӯзи якум то рӯзи охирин, китоби Тавроти Худоро хонд; ва ҳафт рӯз ид карданд, ва дар рӯзи ҳаштум ҷамъомади идонае бар тибқи шариат барпо гардид. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden