Наҳемьё 6 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ШАШУМ Душманон найрангбозӣ мекунанд. Устувории Наҳемьё. 1 Ва чун Санбалат ва Тубиё ва Ҷашами арабӣ ва дигар душманони мо шуниданд, ки ман ҳисорро бино кардаам, ва ҳеҷ рахнае дар он боқӣ намондааст, — агарчи то он вақт ҳам ман дарҳои дарвозаҳоро ҳанӯз нашинонда будам, — 2 Санбалат ва Ҷашам назди ман фиристода, гуфтанд: «Биё, то дар Кафирим, ки дар водии Уну мебошад, якҷоя вохӯрем». Ва онҳо қасд доштанд ба ман бадӣ кунанд. 3 Вале ман қосидон назди онҳо фиристода, гуфтам: «Ман ба кори бузурге машғул ҳастам ва наметавонам фурӯд оям. Чаро кор, вақте ки онро хобонда назди шумо фурӯд оям, ба таъхир афтад?» 4 Ва онҳо чор дафъа бо чунин суханон назди ман фиристоданд, ва ман ба онҳо чунин ҷавоб гардондам. 5 Ва Санбалат дафъаи панҷум навкари худро ба ин тарз назди ман фиристод, ва номаи кушодае дар дасташ буд. 6 Дар он навишта шуда буд: «Дар миёни халқҳо овоза шудааст, ва Ҷашам мегӯяд: „Ту ва яҳудиён қасди исьён доред, бинобар ин ту ҳисорро бино мекунӣ, ва ту мехоҳӣ подшоҳи онҳо бишавӣ . . .“ — чунин суханон. 7 Ва низ анбиёро таъин кардаӣ, то дар бораи ту дар Ерусалим эълон намуда, бигӯянд: „Подшоҳи Яҳудия!“ Ва алҳол, ин хабар ба гӯши подшоҳ хоҳад расид . . . — чунин суханон. — Ва алҳол, биё, то якҷоя машварат намоем». 8 Валекин ман назди ӯ фиристода, гуфтам: «Ҷунин суханон, ки ту мегӯӣ, ба вуқӯъ наомадааст, балки ту онҳоро аз майнаи худ бофта баровардаӣ». 9 Зеро ки ҳамаи онҳо моро тарсонда, дар дили худ мегӯянд: «Дасту дили онҳо аз кор хунук шуда, он ба ҷо оварда намешавад». Ва алҳол, дастҳоямро барои кор қавӣ гардон! 10 Ва ман ба хонаи Шамаъё ибни Далоё ибни Маҳитабъил омадам, ва ӯ дарро бар худ баста буд, ва гуфт: «Ба хонаи Худо андаруни маъбад ворид шавем, ва дарҳои маъбадро бибандем, зеро ки барои куштани ту хоҳанд омад». 11 Вале ман гуфтам: «Оё шахсе мисли ман метавонад бигрезад? Ва кист мисли ман, ки вориди маъбад шавад ва зинда монад? Ман нахоҳам рафт!» 12 Ва ман фаҳмидам, ки Худо ӯро нафиристодааст, ва он чи ӯ дар бораи ман гуфт, бар ҳасби нубувват нест, балки Тубиё ва Санбалат ӯро киро кардаанд. 13 Ӯ барои он киро карда шудааст, ки ман ба ҳарос афтам, ва ин тавр амал намоям, ва гуноҳ кунам, ва барои онҳо бадном шавам, то маро беобрӯ созанд. 14 Эй Худои ман, Тубиё ва Санбалатро мувофиқи ин аъмолашон, ва ҳамчунин Нуадьёи набия ва дигар анбиёро, ки маро метарсонданд, ба ёд овар! 15 Ва ҳисор дар рӯзи бисту панҷуми моҳи элул, дар зарфи панҷоҳу ду рӯз ба анҷом расид. Бино кардани ҳисор анҷом ёфт. 16 Ва чун ҳамаи душманони мо инро шуниданд, ва ҳамаи халқҳои гирду атрофи мо инро диданд, — дар назари худ бағоят залил гардиданд, ва донистанд, ки ин кор аз ҷониби Худои мо ба ҷо оварда шудааст. 17 Дар ҳамон айём калоншавандагони Яхудо мактубҳои зиёде навишта ба Тубиё равона мекарданд, ва мактубҳои Тубиё ба онҳо мерасид, 18 Зеро ки бисьёре аз аҳли Яҳудо иттифоқчиёни ӯ буданд, чунки ӯ домоди Шаканьё ибни Ораҳ буд, ва писараш Еҳӯҳонон духтари Машуллом ибни Баракьёро ба занӣ гирифта буд. 19 Низ ба ҳузури ман аз аъмоли неки ӯ сухан меронданд, ва суханони маро ба ӯ хабар мебурданд. Тубиё мактубҳо мефиристод, то ки маро битарсонад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden