Наҳемьё 5 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ПАНҶУМ Ғавғо дар миёни қавм пурзӯр мешавад. 1 Ва қавм ва занони онҳо аз дасти бародарони яҳудии худ ғавғои азиме бардоштанд. 2 Ва баъзе буданд, ки мегуфтанд: «Мо ва писарону духтарони мо бисьёрем, ва мо орзумандем, ки гандум бигирем, то бихӯрем ва зинда монем». 3 Ва баъзе буданд, ки мегуфтанд: «Мо киштзорҳо, токзорҳо ва хонаҳои худро ба гарав гузоштаем, то ки аз боиси қаҳтӣ гандум бигирем». 4 Ва баъзе буданд, ки мегуфтанд: «Мо барои хироҷи подшоҳ дар ивази киштзорҳо ва токзорҳои худ пул қарз гирифтаем. 5 Ва алҳол, ҷисми мо мисли ҷисми бародарони мост, ва писарони мо мисли писарони онҳоянд, ва инак, мо маҷбурем писарону духтарони худро ба ғуломӣ бисупорем, ва баъзе аз духтарони мо каниз шудаанд, ва дар дасти мо имконияте нест, ки онҳоро раҳо кунем; ва киштзорҳо ва токзорҳои мо аз они дигарон шудааст». 6 Ва чун доду фарьёди онҳо ва ин суханонро шунидам, бисьёр ба хашм омадам. 7 Ва бо дили худ машварат карда, калоншавандагон ва сардоронро мазаммат намудам ва ба онҳо гуфтам: «Шумо аз бародарони худ суд мехӯред!» Ва ҷамоати бузургеро ба муқобили онҳо ҷамъ кардам, 8 Ва ба онҳо гуфтам: «Мо бародарони яҳудии худро, ки ба халқҳо фурӯхта шуда буданд, алоқадри қуввати худ фидия дода харидем, ва оё шумо бародарони худро мефурӯшед, ва оё онҳо ба мо фурӯхта мешаванд?» Ва онҳо хомӯш монда, сухане барои ҷавоб наёфтанд. 9 Ва ман гуфтам: «Коре ки шумо мекунед, нағз нест. Шумо, охир, барои пешгирӣ кардани маломати халқҳо, ки душмани мо мебошанд, бояд дар тарси Худо рафтор намоед. 10 Ва низ ман ва бародарону навкаронам ба онҳо пул ва ғалла қарз додаем; пас биёед, аз ин қарз даст кашем! 11 Худи имрӯз киштзорҳо, токзорҳо, боғҳои зайтун ва хонаҳои онҳоро, ва даъвои пул ва ғалла ва шароб ва равғанеро, ки шумо ба онҳо қарз додаед, ба онҳо баргардонед!» 12 Ва онҳо гуфтанд: «Мо ин ҷизҳоро хоҳем баргардонид ва аз онҳо чизе талаб нахоҳем кард; онҷунон ки ту мегӯӣ, амал хоҳем кард». Ва ман коҳинонро хонда, онҳоро водор намудам, ки қасам ёд кунанд, ки ҳамин тавр амал хоҳанд кард. 13 Низ домани худро афшондам ва гуфтам: «Худо ҳар касро, ки ин қавлро ба ҷо наоварад, аз хонаю ҷой ва молу мулки вай ҳамин тавр хоҳад афшонд, ва ҳамин тавр вай афшонда ва тиҳӣ хоҳад шуд!» Ва тамоми ҷамоат гуфтанд: «Омин!» Ва Худоро ҳамду сано хонданд; ва қавм ин қавлро ба ҷо оварданд. Наҳемьё дар бобати беғаразӣ намунаи ибрат зоҳир менамояд. 14 Низ аз рӯзе ки маро амр шуд, ки волии замии Яҳудо бошам, яъне аз соли бистум то соли сиву дуюми подшоҳ Артаҳшасто, — дувоздаҳ сол, — ман ва бародаронам нони волигиро нахӯрдаем. 15 Ва ҳол он ки волиёни собиқ, ки пеш аз ман буданд, бар қавм гаронӣ мекарданд, ва аз онҳо, ба замми чил сиқл нуқра, нон ва шароб мегирифтанд; навкаронашон низ бар қавм ҳукмронӣ мекарданд. Валекин ман, аз тарси Худо, ин тавр накардам. 16 Ва низ дар кори ҳисор ман кӯмак мерасондам, дар сурате ки ҳеҷ киштзоре нахарида будам; ва ҳамаи навкаронам дар он ҷо барои кор ҷамъ мешуданд. 17 Ва яҳудиён ва сардорон, ки саду панҷоҳ нафар буданд, ва онҳое ки аз халқҳои гирду атроф назди мо меомаданд, дар сари суфраи ман буданд. 18 Ва инак он чи барои як рӯз сарф карда мешуд: як гов, шаш гӯсфанди бӯрдоқӣ; ва мурғҳо барои ман пухта мешуд; ва ҳар даҳ рӯз — ҳар навъ шароб барои касони бисьёр. Бо вуҷуди ин ман нони волигиро талаб накардам, зеро ки меҳнати гароне бар гардани ин қавм буд. 19 Эй Худои ман, ҳар он чи ман барои ин қавм ба амал овардаам, ба некӯии ман ба ёд овар! |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden