Наҳемьё 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРУМ Истеҳзоҳои бадхоҳон. 1 Ва чун Санбалат шунид, ки мо ҳисорро бино мекунем, ӯ ба хашм омад ва бисьёр ғазабнок шуд, ва яҳудиёнро тамасхур кард; 2 Ва дар ҳузури бародаронаш ва қӯшуни Сомария сухан ронд, ва чунин гуфт: «Ин яҳудиёни ҳақир чӣ мекунанд? Оё онҳоро мегузоранд, ки комьёб шаванд? Оё онҳо ба забҳ кардан ноил мегарданд? Оё онҳо ягон рӯз ин корро метавонанд ба анҷом расонанд? Оё онҳо ин сангҳоро аз миёни хоктӯдаҳо метавонанд аз нав зинда кунанд? Инҳо, охир, сӯхтааст!» 3 Ва Тубиёи аммӯнӣ, ки ҳамроҳи ӯ буд, чунин гуфт: «Агарчи онҳо бино мекунанд, агар шағол бар он барояд, ҳисори сангини онҳоро хароб хоҳад кард». Наҳемьё бо дуо ҷавоб мегардонад. 4 «Бишнав, эй Худои мо, зеро ки мо хорузор шудаем, ва таҳқирҳои онҳоро ба сари худашон баргардон, ва онҳоро дар замини асирӣ гирифтори тороҷ намо! 5 Ва маъсияти онҳоро рӯпӯш накун, ва бигзор гуноҳи онҳо ба ҳузури Ту маҳв нашавад, зеро ки онҳо дар пеши бинокорон Туро хорӣ додаанд!» 6 Валекин мо сохтани ҳисорро давом додем, ва тамоми ҳисор то нисфи баландии он ба ҳам пайваст; ва дили қавм ба кор кардан ҷидду ҷаҳд дошт. На танҳо душманон, балки худи бинокорони нобовар низ мамониат мерасонанд. 7 Ва чун Санбалат, ва Тубиё, ва арабиён, ва аммӯниён, ва ашдӯдиён шуниданд, ки таъмири ҳисори Ерусалим пеш рафта, рахнаҳояш баста мешавад, хашмашон бағоят пурзӯр шуд. 8 Ва ҳамаашон ба якҷоягӣ забон як карданд, ки омада бо Ерусалим ҷанг кунанд, ва ба қавми он халал расонанд. 9 Ва мо пеши Худои худ дуо мегуфтем, ва бар зидди онҳо рӯзу шаб посбононро гузоштем, то ки аз онҳо худро муҳофизат намоем. 10 Ва аҳли Яҳудо гуфтанд: «Қуввати ҳаммолон суст шудааст, ва хок ҳанӯз бисьёр аст, ва мо наметавонем ҳисорро бино кунем». 11 Ва душманони мо мегуфтанд: «Онҳо нахоҳанд донист ва нахоҳанд дид, ки мо чӣ гуна ба миёни онҳо даромада, онҳоро мекушему корро мехобонем». 12 Ва яҳудиёне ки дар наздикии онҳо сокин буданд, омада, даҳ бор ба мо гуфтанд: «Ҳатто агар аз ҳамаи маконҳо назди мо баргардед ҳам, онҳо ҳуҷум меоваранд». 13 Ва ман қавмро дар пастхамиҳо дар ақиби ҳисор, дар миёни сахраҳо гузоштам; ва онҳоро, мувофиқи хонаводаҳои онҳо, бо шамшерҳо, найзаҳо ва камонҳои онҳо гузоштам. 14 Ва аз назар гузарондам, ва бархостам ва ба калоншавандагон ва сардорон ва бақияи қавм гуфтам: «Аз онҳо натарсед! Худованди азим ва саҳмгинро ба ёд оваред! Ва барои бародарони худ, писарон ва духтарони худ, занон ва хонаҳои худ ҷанг кунед!» 15 Ва чун душманони мо шуниданд, ки мо хабар ёфтаем, ва Худо қасди онҳоро вайрон кардааст, он гоҳ ҳамаи мо, ҳар яке ба кори худ, ба ҳисор баргаштем. 16 Ва аз ҳамон рӯз нисфи навкарони ман ба кор машғул буданд, ва нисфи дигарашон найзаҳо, сипарҳо, камонҳо ва зиреҳҳоро нигоҳ медоштанд, ва сарварон дар ақиби тамоми хонадони Яҳудо меистоданд. 17 Бинокорони ҳисор ва онҳое ки бор мекашонданд ва бор мекарданд, бо як даст кор мекарданд ва бо дасти дигар яроқ нигоҳ медоштанд. 18 Ва бинокорон ҳар яке шамшери худро бар камари худ баста буданд ва бино мекарданд, ва шохнавоз дар паҳлуи ман меистод. 19 Ва ман ба калоншавандагон ва сардорон ва бақияи қавм гуфтам: «Кор бисьёр аст ва дар сатҳи васеъ ба ҷо оварда мешавад, ва мо дар назди ҳисор пароканда ва аз якдигар дур мебошем. 20 Аз ҳар ҷо, ки садои шохро бишнавед, дар он ҷо назди мо ҷамъ шавед; Худои мо барои мо ҷанг хоҳад кард». 21 Ва мо ба кор машғул будем, ва нисфи онҳо аз шафақи субҳ то баромадани ситораҳо найзаҳоро нигоҳ медоштанд. 22 Дар он вақт ҳам ба қавм гуфтам: «Бигзор ҳар кас бо навкари худ андаруни Ерусалим хоб кунад, то шабона барои мо посбонӣ намояд ва рӯзона ба кор машғул шавад». 23 Ва ман, ва бародаронам, ва навкаронам, ва посбононе ки дар ақиби ман буданд, — ҳеҷ яке аз мо либоси худро накашидем, ва ҳар яке бо яроқи худ ба об мерафт. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden