Наҳемьё 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Артаҳшасто Наҳемьёро ба Ерусалим мефиристад. 1 Ва дар моҳи нисон, дар соли бистуми подшоҳ Артаҳшасто, воқеъ шуд, ки пеши ӯ шароб буд, ва ман шаробро гирифта, ба подшоҳ додам, ва пеш аз ин дар ҳузури ӯ ғамгин набудам. 2 Вале подшоҳ ба ман гуфт: «Чаро чеҳраат ғамгин аст, ва ҳол он ки ту бемор нестӣ? Магар ки андешаи баде дар дил дорӣ!» Ва ман хело сахт тарсидам, 3 Ва ба подшоҳ гуфтам: «Бигзор подшоҳ то абад зинда бод! Чаро чеҳраи ман ғамгин набошад, дар сурате ки шаҳри қабристони падаронам харобазор гардидааст, ва дарвозаҳояш ба оташ сӯхтааст». 4 Ва подшоҳ ба ман гуфт: «Пас ту чӣ металабӣ?» Ва ман ба Худои осмон дуо хондам, 5 Ва ба подшоҳ гуфтам: «Агар ба подшоҳ мақбул афтад, ва агар бандаи ту дар ҳузури ту илтифот ёбад, маро ба Яҳудия, ба шаҳри қабрҳои падаронам бифирист, то ки онро бино намоям». 6 Ва подшоҳ ба ман гуфт, дар сурате ки малика дар паҳлуи ӯ нишаста буд: «Сафари ту то кай тӯл хоҳад кашид, ва кай хоҳӣ баргашт?» Ва подшоҳ салоҳ донист, ки маро бифиристад, ҳамин ки мӯҳлатро ба ӯ фаҳмондам. 7 Ва ба подшоҳ гуфтам: «Агар ба подшоҳ мақбул афтад, бигзор ба ман номаҳо барои волиёни Мовароуннаҳр навишта диҳанд, то ки онҳо маро гусел намоянд то даме ки ба Яҳудия бирасам, 8 Ва номае барои Ософ, ки нозири ҷангалҳои подшоҳ аст, то ки вай ба ман барои дарвозаҳои қалъаи назди маъбад, ва барои ҳисори шаҳр, ва барои хонае ки ман дар он маскан хоҳам гирифт, чӯбу тахта бидиҳад». Ва подшоҳ бар тибқи дасти некӯи Худои ман, ки бар ман буд, ин чизҳоро ба ман дод. 9 Ва чун назди волиёни Мовароуннаҳр омадам, номаҳои подшоҳро ба онҳо додам; ва подшоҳ саркардагон ва саворонро ҳамроҳи ман фиристода буд. 10 Ва ҳангоме ки Санбалати ҳӯрӯнӣ ва Тубиёи сардори аммӯнӣ инро шуниданд, ба онҳо бисьёр бад расид, ки шахсе омадааст, то ба некии банӣ‐Исроил ғамхорӣ намояд. Наҳемьё ҳисори харобшударо аз назар мегузаронад ва сокинонро барои бино кардани он илҳом медиҳад. 11 Ва чун ба Ерусалим расидам, дар он ҷо се рӯз истодам. 12 Ва шабона бо якҷоягии якчанд одаме ки бо ман буданд, бархостам, ва ба касе нагуфтам, ки Худои ман дар дили ман чӣ ниҳодааст, то барои Ерусалим бикунам; ва чорпое бо ман набуд, ба ҷуз чорпое ки бар он савор будам. 13 Ва шабона аз дарвозаи Водӣ берун омада, сӯи чашмаи Аждаҳо ва сӯи дарвозаи Хокрӯба равона шудам ва ҳисори Ерусалимро, ки хароб шуда буд, ва дарвозаҳои онро, ки ба оташ сӯхта буд, аз назар гузарондам. 14 Ва аз пеши дарвозаи Чашма ва ҳавзи подшоҳ гузаштам, ва барои гузаштани чорпое ки дар таги ман буд, ҷое набуд. 15 Ва ман шабона ба канори рӯд баромада, ҳисорро аз назар гузарондам, ва боз назди дарвозаи Водӣ омадам, ва баргаштам. 16 Ва сардорон надонистанд, ки ман куҷо рафтаам ва чӣ кор кардаам: ба яҳудиён, ва коҳинон, ва калоншавандагон, ва сардорон, ва дигар коркунон то ҳол чизе нагуфта будам. 17 Ва ба онҳо гуфтам: «Мусибатеро, ки мо дар он мебошем, ки Ерусалим хароб шудааст ва дарвозаҳояш ба оташ сӯхтааст, шумо мебинед. Пас биёед, ҳисори Ерусалимро бино кунем, ва дигар дар залолат набошем!» 18 Ва ба онҳо дар бораи дасти некӯи Худои ман, ки бар ман аст, ва дар бораи суханоне ки подшоҳ ба ман гуфт, ҳикоят кардам. Ва онҳо гуфтанд: «Бархезем ва бино кунем!» Ва дастҳои худро барои кори нек қавӣ карданд. 19 Ва ҳангоме ки Санбалати ҳӯрӯнӣ ва Тубиёи сардори аммӯнӣ ва Ҷашами арабӣ инро шуниданд, моро истеҳзо карданд ва моро таҳқир намуда, гуфтанд: «Ин чӣ кор аст, ки шумо мекунед? Оё шумо бар зидди подшоҳ балво мебардоред?» 20 Ва ман ба онҳо ҷавоб гардонда, гуфтам: «Худои осмон моро комьёб хоҳад кард, ва мо, ки бандагони Ӯ ҳастем, бархоста, бино хоҳем намуд; вале шуморо насибе ва ҳаққе ва зикре дар Ерусалим нест». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden