Наҳемьё 13 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЗДАҲУМ Наҳемьё бо ҷидду ҷаҳд ба муқобили бетартибиҳо мубориза мебарад. 1 Дар он рӯз китоби Мусоро ба самъи қавм хонданд, ва дар он чунин навиштае ёфт шуд, ки «аммӯнӣ ва мӯобӣ ҳаргиз ба ҷамоати Худо дохил нахоҳанд шуд, 2 Зеро ки онҳо банӣ‐Исроилро бо нон ва об пешвоз нагирифтанд, балки Билъомро бар зидди онҳо киро карданд, то ки онҳоро лаънат намояд, валекин Худо лаънатро ба баракат табдил дод». 3 Ва чун Тавротро шуниданд, ҳамаи омезишьёфтагонро аз Исроил ҷудо карданд. 4 Ва пеш аз ин Эльёшиби коҳин, ки дар як ҳуҷраи хонаи Худои мо, дар наздикии Тубиё сукунат дошт, 5 Барои ӯ ҳуҷраи калоне муҳайё карда буд, ки пештар ҳадияҳои ордӣ, бухур ва зарфҳо, ва ушри ғалла, шираи ангур ва равғани зайтунро, ки ҳиссаи левизодагон, муғанниён ва дарбонон буд, ва ионати коҳинонро дар он ҷо мегузоштанд. 6 Ва дар он вақт ман дар Ерусалим набудам, зеро ки дар соли сиву дуюми Артаҳшасто, подшоҳи Бобил, назди подшоҳ рафтам, ва пас аз айёме аз подшоҳ барои худ иҷозат гирифтам. Наҳемьё бори дуюм ба Ерусалим меояд. 7 Ва чун ба Ерусалим расидам, аз кирдори баде ки Эльёшиб ба хотири Тубиё карда буд, яъне барои ӯ дар саҳни хонаи Худо хуҷрае муҳайё намуда буд, хабар ёфтам, 8 Ва ин дар назари ман бағоят зишт намуд, ва ман тамоми бисоти хонаи Тубиёро аз ҳуҷра берун партофтам, 9 Ва амр фармудам, ва ҳуҷраро татҳир карданд, ва зарфҳои хонаи Худо, ҳадияҳои ордӣ ва бухурро ба он ҷо баргардонидам. 10 Ва фаҳмидам, ки ҳиссаҳои левизодагон ба онҳо дода нашудааст, ва левизодагону муғанниёне ки ба хизматгузорӣ машғул буданд, ҳар яке ба киштзори худ гурехта рафтаанд. 11 Ва ман сардоронро мазаммат намуда, гуфтам: «Чаро хонаи Худо тарк карда шудааст?» Ва онҳоро ҷамъ карда, дар ҷойҳошон гузоштам. 12 Ва тамоми аҳли Яҳудо ушри ғалла, шираи ангур ва равғани зайтунро ба махзанҳо овардан гирифтанд. 13 Ва Шаламьёи коҳин ва Содӯқи китобдон ва Фадоёро, ки аз левизодагон буд, ва дар паҳлуяшон Ҳонон ибни Заккур, ибни Маттаньёро бар махзанҳо таъин намудам, зеро ки онҳо шахсони амин ҳисоб меёфтанд, ва вазифаи онҳо ин буд, ки ҳиссаҳоро ба бародарони худ тақсим кунанд. 14 Маро, эй Худои ман, барои ин ба ёд овар, ва аъмоли неки маро, ки барои хонаи Худои худ ва барои хизматгузорони он кардаам, маҳв насоз! Хор доштани оромии рӯзи шанбе. 15 Дар он айём дар Яҳудо дидам, ки дар рӯзи шанбе чархуштҳоро пахш мекарданд, ва хирманҳоро кашонда меоварданд, ва шароб, ангур ва анҷир ва ҳар бори дигарро ба харҳо бор карда, дар рӯзи шанбе ба Ерусалим медароварданд; ва мушоҳида намудам, ки дар он рӯз ба фурӯхтани хӯрокворӣ машғул мешуданд. 16 Ва сӯриёне ки дар Яҳудо иқомат доштанд, моҳӣ ва ҳар навъ мол оварда, ба сокинони Яҳудо ва Ерусалим мефурӯхтанд. 17 Ва ман калоншавандагони Яҳудоро мазаммат намуда, ба онҳо гуфтам: «Ин чӣ кори бад аст, ки шумо мекунед ва рӯзи шанберо хор медоред? 18 Падарони шумо, охир, чунин амал карданд, ва Худои мо тамоми ин мусибатро бар мо ва бар ин шаҳр овард; ва шумо рӯзи шанберо хор дошта, ғазабро бар Исроил афзун мекунед?» 19 Ва чун дарвозаҳои Ерусалим пеш аз шанбе сояандоз шуд, амр фармудам, ва дарҳоро бастанд; ва амр фармудам, ки то анҷоми шанбе онҳоро накушоянд; ва аз навкарони худ назди дарвозаҳо гузоштам, то ки дар рӯзи шанбе ҳеҷ боре оварда нашавад. 20 Ва савдогарон ва фурӯшандагони ҳар навъ мол як‐ду бор берун аз Ерусалим шабро гузаронданд. 21 Ва ман онҳоро таъкид намуда, гуфтам: «Чаро шумо назди ҳисор шабро мегузаронед? Агар бори дигар чунин кунед, даст бар шумо хоҳам андохт!» Аз ҳамон вақт дигар дар рӯзи шанбе наомаданд. 22 Ва ба левизодагон амр фармудам, ки таҳорат карда, барои нигаҳбонии дарвозаҳо биёянд, то ки рӯзи шанберо тақдис намоянд. Инро низ, эй Худои ман, барои ман ба ёд овар ва бар ҳасби марҳамати бузурги Худ бар ман шафқат намо! Манъ кардани никоҳ бо занони аҷнабӣ. 23 Дар он айём низ яҳудиёнро дидам, ки занони ашдӯдӣ, аммӯнӣ ва мӯобӣ гирифтаанд; 24 Ва писарони онҳо қисман ба забони ашдӯдӣ гап мезаданд, ва ба забони яҳудӣ наметавонистанд сухан ронанд, балки ба забони ин ё он қавм. 25 Ва ман онҳоро мазаммат намудам, ва ба онҳо лаънат хондам, ва баъзе касонро аз байни онҳо кӯфтам, ва мӯйҳошонро кандам, ва онҳоро ба Худо қасам дода, гуфтам: «Духтарони худро ба писарони онҳо надиҳед, ва духтарони онҳоро барои писарони худ ва барои худ нагиред. 26 Сулаймон, подшоҳи Исроил, охир, ба туфайли ҳаминҳо гуноҳ карда буд, ва ҳол он ки дар миёни халқҳои бисьёр подшоҳе мисли ӯ набуд! Ва ӯ барои Худои худ маҳбуб буд, ва Худо ӯро бар тамоми Исроил подшоҳ карда буд, — аммо ӯро низ занони аҷнабӣ дар роҳи гуноҳ андохтанд! 27 Пас, оё мо метавонем ба суханони шумо гӯш дода, ин шарорати азимро ба амал оварем, яъне ба Худои худ хиёнат карда, занони аҷнабӣ бигирем?» 28 Ва аз зодагони Юёдоъ ибни Эльёшиби саркоҳин ман якеро, ки домоди Санбалати хӯрӯнӣ буд, аз пеши худ рондам. 29 Онҳоро, эй Худои ман, барои он ба ёд овар, ки каҳонатро, ва аҳди коҳинон ва левизодагонро палид кардаанд! 30 Ва ман онҳоро аз ҳар чизи аҷнабӣ татҳир намудам, ва хизматгузории коҳинон ва левизодагонро аз нав барқарор кардам, то ҳар яке ба кори худ машғул шавад; 31 Ва овардани ҳадияи ҳезумро дар вақтҳои муайян, ва навбарҳоро низ. Маро, эй Худои ман, ба некӯӣ ба ёд овар! |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden