Наҳемьё 11 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЁЗДАҲУМ Дар бораи сокинони Ерусалим. 1 Ва сарварони қавм дар Ерусалим сокин буданд; ва бақияи қавм қуръа партофтанд, то ки аз даҳ як қисмро барои сукунат ба шаҳри муқаддаси Ерусалим биёранд, ва нӯҳ қисми боқӣ дар шаҳрҳои дигар сокин шаванд. 2 Ва қавм ҳамаи касонеро, ки бо ихтиёри худ ба маскан гирифтан дар Ерусалим розӣ шуданд, муборак хонданд. 3 Ва инҳоянд сардорони мамлакат, ки дар Ерусалим сокин шуданд, — дар сурате ки дар шаҳрҳои Яҳудо ҳар яке дар мулки худ, дар шаҳрҳои худ: исроилиён, коҳинон ва левизодагон ва тобеон ва зодагони ғуломони Сулаймон сокин буданд; — 4 Ва дар Ерусалим аз зодагони Яҳудо ва аз зодагони Биньёмин сокин шуданд. Аз зодагони Яҳудо: Аноё ибни Узиё, ибни Закарьё, ибни Амарьё, ибни Шафатьё, ибни Маҳалалъил, аз зодагони Форас. 5 Ва Маасиё ибни Борук, ибни Колҳуза, ибни Ҳазоё, ибни Адоё, ибни Юёриб, ибни Закарьё, ибни Шилӯнӣ. 6 Ҳамаи зодагони Форас, ки дар Ерусалим сукунат доштанд, чорсаду шасту ҳашт нафар мардони ҷангӣ буданд. 7 Ва инҳоянд зодагони Биньёмин: Саллу ибни Машуллом, ибни Юид, ибни Фадоё, ибни Кулоё, ибни Маасиё, ибни Итиил, ибни Ишаъё, 8 Ва баъд аз вай Ҷаббай ва Саллой — нӯҳсаду бисту ҳашт нафар. 9 Ва Юил ибни Зикрӣ сардори онҳо буд, ва Яҳудо ибни Сануоҳ муовини раиси шаҳр буд. 10 Аз коҳинон: Едаъё ибни Юёриб ва Ёкин, 11 Сароё ибни Ҳилқиё, ибни Машуллом, ибни Содӯқ, ибни Мароют, ибни Аҳитуб, ки мудири хонаи Худо буд, 12 Ва бародарони онҳо, ки хизмати хонаро ба ҷо меоварданд, — ҳаштсаду бисту ду нафар; ва Адоё ибни Еруҳом, ибни Фалальё, ибни Амсӣ, ибни Закарьё, ибни Фашхур, ибни Малкиё, 13 Ва бародарони ӯ, ки сардорони хонаводаҳо буданд, — дусаду чилу ду нафар; ва Амашсай ибни Азаръил, ибни Аҳзай, ибни Машиллимут, ибни Иммир, 14 Ва бародарони онҳо, ки мардони ҷангӣ буданд, саду бисту ҳашт нафар; ва Забдиил ибни Бузургзодагон сардори онҳо буд. 15 Ва аз левизодагон: Шамаъё ибни Ҳашшуб, ибни Азриқом, ибни Ҳашабьё, ибни Буннӣ, 16 Ва Шабтай ва Юзобод аз сардорони левизодагон — бар корҳои беруни хонаи Худо, 17 Ва Маттаньё ибни Мико, ибни Забдӣ, ибни Ософ — сардори маросими ҳамду сано ва дуо; ва Бақбуқьё, ки сардори дуюм аз бародарони ӯ буд; ва Абдо ибни Шаммуа ибни Ҷолол, ибни Едутун. 18 Ҷамъи левизодагон дар шаҳри муқаддас — дусаду ҳаштоду чор нафар. 19 Ва дарбонон: Аққуб, Талмун ва бародарони онҳо, ки ба дарвозаҳо нигаҳбонӣ мекарданд, — саду ҳафтоду ду нафар. Сокинони шаҳрҳои дигар. 20 Ва бақияи исроилиён, коҳинон ва левизодагон — дар ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо, ҳар яке дар мулки худ. 21 Ва тобеон дар Ӯфал сокин шуданд, ва Сиҳо ва Ҷишфо ба тобеон сардорӣ мекарданд. 22 Ва сардори левизодагон дар Ерусалим Уззӣ ибни Бонӣ, ибни Ҳашабьё, ибни Маттаньё, ибни Мико, аз зодагони Ософ буд, ки ин муғанниён дар баробари корҳои хонаи Худо тарона месуруданд, 23 Зеро ки хукми подшоҳ дар бораи онҳо буд, ва барои муғанниён ротибаи ҳаррӯза муқаррар карда шуда буд. 24 Ва Фатаҳьё ибни Машизабъил, аз зодагони Зораҳ ибни Яҳудо, ба хузури подшоҳ муваккали ҳар кори оид ба қавм буд. 25 Ва баъзе аз зодагони Яхудо дар қасабаҳо, дар худуди саҳроҳои худ сокин шуданд, чунончи: дар Қирьят‐Арбаъ ва деҳоташ, дар Дибӯн ва деҳоташ, дар Еқабсиил ва қасабаҳояш, 26 Дар Ешуа, Мулодо ва Байт‐Фолат, 27 Дар Ҳасар‐Шуол, Беэр‐Шобаъ ва деҳоташ, 28 Дар Сиқлоҷ, Макуна ва деҳоташ, 29 Дар Айн‐Риммӯн, Соръоҳ, Ярмут, 30 Зонуҳа, Адуллом ва қасабаҳои онҳо, дар Локиш ва саҳроҳои он, дар Азиқо ва деҳоташ; ва аз Беэр‐Шобаъ то водии Ҳиннум дар бошишгоҳҳо ҷойгир шуданд. 31 Ва зодагони Биньёмин: аз Ҷобаъ сар карда, то Микмос, Айё, Байт‐Ил ва деҳоташ, 32 Анотӯт, Нуб, Ананьё, 33 Ҳосӯр, Ромо, Ҷиттоим, 34 Ҳодид, Сабӯим, Набаллот, 35 Луд, Уну ва Дараи косибон. 36 Ва баъзе аз левизодагон аз мулки Яхудо ба мулки Биньёмин гузашта, сокин шуданд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden