Мико 7 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАФТУМ Камшумории порсоён. Ваъдаи марҳамати Худо. 1 Вой ба ҳоли ман! Зеро ки мисли анҷоми ғунучини меваҳои тобистон, мисли чидани шингилҳои охирини ангур гардидаам: на шингиле барои хӯрдан ҳаст, на навбари анҷир, ки ҷонам иштиёқманди он аст. 2 Порсо аз замин талаф шудааст, ва росткоре дар миёни одамон нест; ҳама барои хунрезӣ камин мегиранд, якдигарро ба дом медароранд. 3 Ҳар ду дасташонро ба бадӣ кардан нағз одат кунонидаанд: сарвар ришва металабад, ва довар ба бадали музд амал мекунад, ва шахси олиҷоҳ иштиёқи нафси худро баён менамояд, ва ҳама каҷкорӣ мекунанд. 4 Беҳтарини онҳо мисли хор нешдор аст, росткори онҳо аз хорбаст бадтар; рӯзи дидбонони ту, яъне ҷазои ту фаро мерасад; акнун изтироби онҳо пурзӯр хоҳад шуд. 5 Ба ёр имон наоваред, ба дӯст таваккал накунед; дари даҳонатро аз ҳамхобаи худ нигоҳдорӣ намо. 6 Зеро ки писар падарро таҳқир мекунад, духтар ба зидди модари худ, келин ба зидди модаршӯи худ қиём менамояд: душманони шахс аҳли байти ӯ мебошанд. Овози бақияи қавм дар рӯзҳои охир. 7 Вале ман ба Худованд интизорӣ мекашам, ба Худои наҷоти худ таваккал мекунам: Худои ман маро иҷобат хоҳад намуд. 8 Ба аҳволи ман шодӣ накун, эй душмани ман! Зеро, агарчи фурӯ ғалтидаам, хоҳам бархост; зеро, агарчи дар торикӣ нишастаам, Худованд нур аст барои ман. 9 Ғазаби Худовандро хоҳам бардошт, зеро ки пеши Ӯ гуноҳ кардаам; то даме ки Ӯ доди маро бигирад ва доварии маро ба амал оварад, маро ба рӯшноӣ хоҳад баровард, ва ман адолати Ӯро хоҳам дид. 10 Ва душманам инро хоҳад дид, ва ӯро хиҷолат фаро хоҳад гирифт, ки ӯ ба ман мегӯяд: «Худованд Худои ту куҷост?» Чашмони ман ӯро хоҳад дид, вақте ки ӯ мисли лои кӯчаҳо поймол гардад. 11 Рӯзи бино кардани деворҳоят, — он рӯз ҳанӯз бағоят дур аст. 12 Дар он рӯз аз Ашшур ва аз шаҳрҳои Миср, ва аз Миср то наҳри Фурот, ва аз баҳр то баҳр, ва аз кӯҳ то кӯҳ назди ту хоҳанд омад. 13 Ва он замин бо сокинонаш, дар натиҷаи аъмолашон, ба харобазор табдил хоҳад ёфт. 14 Қавми Худро бо асои Худ чӯпонӣ намо, яъне гӯсфандони мероси Худро, ки дар ҷангале андаруни Кармил ба танҳоӣ сокин мебошанд; бигзор онҳо мисли айёми қадим дар Бошон ва Ҷилъод бичаранд. 15 «Мисли айёме ки аз Миср берун омадӣ, корҳои аҷоибе ба вай нишон хоҳам дод». 16 Халқҳо инро дида, аз тамоми тавоноии худ хиҷил хоҳанд шуд; даст бар даҳон хоҳанд гузошт, ва гӯшҳошон кар хоҳад шуд; 17 Мисли мор хокро хоҳанд лесид, мисли хазандагони замин аз истеҳкомоти худ бо ларза берун хоҳанд омад; сӯи Худованд Худои мо бо ҳарос хоҳанд омад, ва аз Ту хоҳанд тарсид. 18 Кист Худое мисли Ту, ки гуноҳро омурзад ва аз ҷинояти бақияи мероси Худ гузароӣ кунад? Ӯ ғазаби Худро то абад нигоҳ намедорад, зеро ки марҳаматро дӯст медорад. 19 Ӯ боз ба мо раҳм хоҳад кард, маъсиятҳои моро поймол хоҳад намуд. Ва Ту ҳамаи гуноҳҳои моро дар қаъри баҳр хоҳӣ андохт; 20 Садоқатро ба Яъқуб, ва марҳаматро ба Иброҳим зоҳир хоҳӣ намуд, чунон ки аз айёми қадим ба падарони мо қасам хӯрдаӣ. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden