Мико 6 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ШАШУМ Мубоҳиса дар миёни Худо ва қавм: пештар ва алҳол. 1 Он чи Худованд мегӯяд, бишнавед: «Бархез, назди кӯҳҳо мубоҳиса намо, ва бигзор пуштаҳо овози туро бишнаванд». 2 Худовандро бишнавед, эй кӯҳҳо, ва шумо, эй асосҳои матини замин, зеро ки Худованд бо қавми Худ талош дорад, ва бо Исроил мубоҳиса хоҳад кард. 3 «Эй қавми Ман! Ба ту чӣ кардаам ва бар ту чӣ гароние овардаам? Ба зидди Ман шаҳодат бидеҳ. 4 Ман туро, охир, аз замини Миср баровардам, ва туро аз хонаи бандагӣ фидия дода гирифтам, ва пешопеши ту Мусо, Ҳорун ва Марьямро фиристодам. 5 Эй қавми Ман, ба ёд овар, ки Болоқ подшоҳи Мӯоб чӣ машварате дод, ва Билъом ибни Баӯр ба вай чӣ ҷавобе дод, ва аз Шиттим то Ҷилҷол чиҳо ба вуқӯъ омад, то ки марҳаматҳои Худовандро бидонӣ». 6 «Бо чӣ чиз ба ҳузури Худованд биёям ва пеши Худои Таоло таъзим намоям? Оё бо қурбониҳои сӯхтанӣ, бо гӯсолаҳои яксола ба ҳузури Ӯ биёям? 7 Оё Худованд аз ҳазорҳо қӯчқор ва аз беварҳо наҳри равған розӣ хоҳад шуд? Оё писари нахустзодаи худро барои ҷиноятам, ва самари батни худро барои гуноҳи ҷонам бидиҳам?» 8 Ба ту, эй одамизод, гуфта шудааст, ки чӣ чиз некӯст, ва Худованд аз ту чӣ чизро талаб мекунад, яъне фақат инро, ки аз рӯи инсоф амал намоӣ, ва марҳаматро дӯст дорӣ, ва дар ҳузури Худои худ бо фурӯтанӣ роҳ равӣ. 9 Овози Худованд ба шаҳр нидо медиҳад, ва соҳибҳикмат исми Туро мӯҳтарам медорад: «Бишнавед, ки чӣ гуна асои мазаммат муҳайёст, ва кӣ онро таъин намудааст. 10 Оё ҳанӯз дар хонаи шарир ганҷҳои шарорат ва эфаи ноқиси нафратангез мавҷуд нест? 11 Оё бо тарозуи нодуруст ва бо халтаи сангҳои фиребгарона сафед шудани кас мумкин аст? 12 Азбаски сарватдоронаш пур аз ситам мебошанд, ва сокинонаш дурӯғгӯӣ мекунанд, ва забонашон дар даҳонашон аз фиреб иборат аст, 13 Ман низ туро зарбаи ҳалокатовар зада, барои гуноҳҳоят валангор хоҳам кард. 14 Ту хоҳӣ хӯрд, вале сер нахоҳӣ шуд, ва гуруснагии ту андаруни ту хоҳад монд; ва пинҳон хоҳӣ сохт, вале халос нахоҳӣ кард, ва он чиро, ки халос кунӣ, Ман ба шамшер хоҳам супурд. 15 Ту кишт хоҳӣ кард, вале нахоҳӣ даравид; ту зайтунро пахш хоҳӣ кард, вале ба баданат равған нахоҳӣ молид, ва шираи ангур ҳосил хоҳӣ кард, вале шароб нахоҳӣ нӯшид. 16 Ва фароизи Омрӣ ва тамоми аъмоли хонадони Аҳъоб нигоҳ дошта мешавад, ва шумо бар тибқи машваратҳои онҳо рафтор мекунед, то ки туро ба харобӣ, ва сокинонашро ба истеҳзо гирифтор намоям, ва нанги қавми Маро шумо хоҳед бардошт». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden